Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар Ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ

№ 31.10.2022

ЧАЛАСА28-уми октябри соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар доираи чорабиниҳои Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Самарқанд дар кори Ҷаласаи пленарии 54-уми Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуд.

Нахуст Раиси Ассамблеяи байнипарлумонӣ Валентина Матвиенко дар маросими тантанавӣ ба як қатор вакилон ва намояндагони парлумонҳои кишварҳои аъзои Ассамблеяи байнипарлумонӣ ифтихорнома ва медалҳои рамзии ин мақоми олиро тақдим намуд. Сипас, ҷаласаи пленарии 54-уми АБ ИДМ, бо фарогирии 31 ­масъала, оғоз гардид.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад иброз дошт, ки мо ҳуҷҷатҳои муҳимро қабул кардем, ки бо истифода гардидани онҳо заминаи қонунгузории санадҳои меъёрии ҳуқуқиамонро боз ҳам мустаҳкамтар ва ба ҳам наздик мегардонанд.

- Дар робита ба ин, чанде пеш дар пойтахти кишвари мо Конфронси байналмилалии «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ оид ба амният ва мудирияти сарҳад ҷиҳати муқовимат ба терроризм ва пешгирӣ аз таҳарруки террористон» баргузор гардид, — ёдовар шуд Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: «Зимни он масъалаҳои амният, идораи сарҳад ва муқовимати муассир бо ифротгароиву терроризм, бахусус ҷилавгирӣ аз ҳаракати террористон тавассути сарҳад, ҳамаҷониба баррасӣ гардида, аз рӯи натиҷаҳои он қарорҳои мушаххас қабул гардиданд.

Чаро ин масъаларо ба миён гузоштам, ҳамаи мо медонем ва эҳсос мекунем, ки солҳои охир доираи таҳдиду хатарҳои терроризму ифротгаройӣ торафт васеъ шуда, ин падидаҳои номатлуб оқибатҳои ногуворро ба бор оварданд ва фаъолияти ташкилоту гурӯҳҳои террористию экстремистӣ ҳар чӣ бештар хусусияти фаромарзӣ ва фаромиллӣ касб мекунанд. Ҷомеаи байналмилалӣ ба воситаҳое ниёз дорад, ки муҳити имрӯзаи зуд вайроншавандаро ислоҳ кунанд. Механизмҳое, ки даҳсолаҳо пеш роҳандозӣ шуда буданд, ҳоло дар мубориза бо мушкилоти бавуҷудомада душворӣ мекашанд.

Барои рафъи мушкилтарин чолишҳо ҷаҳон ба муносибатҳои қавитари бисёрҷониба ниёз дорад ва асноду тавсияҳои қабулкардаи мо, ки аллакай мавриди баррасии коршиносон қарор гирифтаанд, намунаи ин буда, барои таҳкими муштараки амнияти миллии мо хеле заруранд. Ин на танҳо барои имрӯзи мо, балки барои насли ояндаи мо низ муҳим ва зарур аст».

Маҳмадтоир Зокирзода зикр кард, ки Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баҳри рушди устувори муштарак дар ҳама соҳа мебошад ва умед ҳаст, ки натиҷаҳои ин мулоқот омили дигари самарабахши таҳкими ҳамкориҳои мутақобилан судманд гардад.

Ҳамон рӯз кори ҷаласа ба анҷом расида, аз натиҷаи он барои хабарнигорони дохилию хориҷӣ конфронси матбуотӣ доир гардид.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

Мудири Шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон