Иштироки Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи Шӯрои АБ СААД

№145 (4407) 02.12.2021

DSC_666329 ноябри соли равон Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода дар ҷаласаи якҷояи Шӯро ва ҷаласаи чордаҳуми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳти раёсати Раиси АБ СААД, Раиси Думаи Давлатии Маҷлиси федералии Федератсияи Россия Вячеслав Володин, ки ба тариқи фосилавӣ доир гардид, иштирок намуд.

- Дар шароити мураккаби ҳозира давлатҳои аъзо метавонанд якҷоя амният ва суботро дар минтақаи масъулияти СААД таъмин намоянд, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода зимни баромад дар мавзӯи «Татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2021». — Дар ин замина мехоҳам таъкид намоям, ки давраи раёсати Тоҷикистон дар созмон ба давраи афзоиши чолишҳои фавқулода ва таҳдидҳо ба минтақа рост омад. Баробари таназзули шадиди вазъи низомию сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, марҳалаи хатарноки пандемияи COVID-19, ки ба буҳрони тӯлонии иҷтимоӣ — иқтисодӣ дар ҷаҳон боис гардид, таъсири манфӣ расонд.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, ки дар доираи созмон, дар маҷмӯъ, муяссар гардид, ки ҳамоҳангсозии фаъолонаи мавқеъҳои сиёсати хориҷии тарафҳоро таъмин гардида, сатҳи баланди ҳарбию сиёсӣ нигоҳ дошта шавад ва ҳамкории мутақобиларо, аз ҷумла тавассути робитаҳои байнипарлумонӣ, мустаҳкамтар намоем.

Ҳамчунин, масъалаҳо «Дар бораи татбиқи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СААД дар соли 2021», «Дар бораи афзалиятҳои Ҷумҳурии Арманистон дар давраи раёсат дар СААД», «Дар бораи ҷамъбасти ҷаласаи моҳи сентябри соли 2021 Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, вазъ дар минтақаи масъулият ва тадбирҳои муқовимат ба чолишҳо ва таҳдидҳо ба амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи меъёрҳои интихоботи демократӣ дар кишварҳои аъзои СААД ва муҳофизати онҳо аз дахолати хориҷӣ», «Дар бораи лоиҳаи санадҳои намунавии қонунгузорӣ ва тавсияҳо, ки бо ташаббуси Кумитаи доимии АБ СААД оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният ворид шудаанд», «Дар бораи лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи амнияти иттилоотӣ», «Дар бораи лоиҳаи қонуни намунавии СААД «Дар бораи фаъолияти сулҳомез ва қувваҳои суҳпарвар», «Дар бораи лоиҳаи тавсияҳо оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузории давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи хизмати давлатӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи фаъолияти АБ СААД оид ба наздикшавӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025» (30 ноябри соли 2020) мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба онҳо қарорҳо қабул шуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ