19-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гашт, ки дар кори он ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат варзиданд.
Дар рафти ҷаласа, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячеслав Володин баргузор гардид, раисони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД доираи масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба масъалаҳое, ки дар рӯзномаи СААД дар марҳилаи муосир матраҳ гаштаанд, мубодилаи афкор намуданд.
Дар ҷаласа Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода иброз намуд, ки баргузории ҷаласаи имрӯза далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД мебошад, ки ғояи асосии он муттаҳидӣ ва якдилии ҳамаи давлатҳои аъзои СААД аст.
Маҳмадтоир Зокирзода Ҷумҳурии Беларусро ба муносибати раёсати бомуваффақияташ дар соли ҷорӣ ва Ҷумҳурии Қазоқистонро бо қабули раёсати Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли оянда (2024) табрик намуда, изҳор дошт, ки Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи парламентии СААД аҳамияти хоса медиҳад.
- Имрӯз мо метавонем сатҳи баланди ҳамкориҳои Тоҷикистонро бо кишварҳои аъзои Ассамблеяи парламентии СААД бо қаноатмандӣ иброз намоем,- изҳор намуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Боиси таъкид аст, ки зимни суханрониашон, дар иҷлосияи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД дар шаҳри Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз қарорҳои қабулшуда ҷиҳати беҳтар намудани вокуниш ба буҳрони СААД тавассути ворид намудани тағйироти саривақтӣ ба ҳуҷҷатҳо оид ба тартиби вокуниш ба буҳронро ҷонибдорӣ намуданд.
- Терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷинояткорӣ ва ҷиноятҳои фаромарзӣ ба кишварҳои мо таҳдидҳои ҷиддӣ доранд. Мамлакати мо ин ҳодисаҳоро бо тамоми шаклу зуҳуроташ қатъиян маҳкум мекунад. Дар ин замина мо, ҳамчунин муҳимияти таҳкими амнияти марзҳои ҷанубии СААД, бахусус бо ҳадафи мубориза бо ҳаракати гурӯҳҳои террористӣ, қочоқи маводи мухаддир, силоҳ ва дигар чолишҳои ҷинояткории муташаккили фаромиллиро иброз медорем. Ин ҳадафҳо баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои ҳарбӣ, ҳарбию иқтисодӣ ва ҳарбию техникиро тақозо мекунанд.
Дар баробари ин мо ба зарурати андешидани чораҳои қатъӣ барои тавсеаи фаъолияти байналмилалии СААД таъкид менамоем. Илова бар ин, ба назари мо, бояд низоми муассири ҳамоҳангсозии фаъолияти мо, ки дар дохили СААД ташаккул ёфтааст, тақвият дода шавад. Боварӣ дорам, ки қарорҳое, ки имрӯз қабул мешаванд, ба баланд шудани самараи фаъолияти умумии мо хизмат мекунанд,- гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон