19-уми феврали соли 2024 даъвати Раиси Миллии меҷлиси Ҷумҳурии Озарбойҷон Саҳиба Гафарова ва Котиби генералии Ассамблеяи парламентии Осиё Муҳаммад Ризо Маҷидро пазируфта Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода барои иштирок дар кори Иҷлосияи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё, ки рӯзҳои 19-26 феврали соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Озарбойҷон баргузор мегардад, ба Боку сафар намуд.
Дар ҷаласаи мазкур масъалаҳои тасдиқи рӯзнома, интихоби бюро, маърӯзаи раиси маҷлиси якуми комиҷроия, суханронии котиби генералии Ассамблеяи парлумонии Осиё, лоиҳаҳои қарорҳои комиссияҳои доимӣ оид ба рушди иқтисодӣ ва устувор, буҷет ва банақшагирӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, сиёсӣ, тасдиқи номзадии ноиби раис барои соли 2024, лоиҳаи рӯзномаи ҷаласаи 14-уми Ассамблеяи парламентии Осиё мавриди баррасӣ қарор мегиранд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон