Рӯзҳои 27-28 апрели соли 2025 дар шаҳри Куала-Лумпури Малайзия иҷлосияи 15-уми Ассамблеяи генералии Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок намуд.
Зимни суханронӣ дар форуми мазкур Мавсума Муинӣ иброз дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2001 инҷониб узви Форуми парламентҳои Осиё оид ба аҳолӣ ва рушд (AFPPD) мебошад.
Номбурда аз тадбирҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар вобаста ба таъмини риояи ҳуқуқҳои конститутсионии занон, фароҳам овардани шароити муносиби кору зиндагӣ, инчунин, таҳкими мақому манзалати онҳо дар ҷомеа ёдовар шуда, қонунҳои миллӣ, консепсияву стратегия ва барномаву нақшаҳои миллии дар ин самт қабулшударо муаррифӣ намуд.
- Мо комилан ҷонибдори татбиқи минбаъдаи «Барномаи амали Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд» буда, даъват менамоем, ки бозёфтҳо ва тавсияҳои дар баррасиҳои минтақавӣ бадастомада ба рӯзномаи саммити оянда дохил карда шаванд, — гуфт Мавсума Муинӣ.
Дар интиҳои форум зимни муайян намудани ҳайати нави кумитаи иҷроия Мавсума Муинӣ бо ҷонибдории якдилонаи иштирокдорон раиси гурӯҳи парламентии Кумитаи доимамалкунанда оид ба масъалаҳои иқлими Форуми парламентҳои Осиё интихоб гардид.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ дар доираи Форуми парламентҳои Осиё бо муовини Раиси Сенати Малайзия Датук Нур Ҷазлан бин Тан Шрӣ Муҳаммад мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки парламенти Тоҷикистон ба ояндаи неки ҳамкориҳои созандаи байни кишварҳо назари нек дошта, омода аст минбаъд низ робитаҳои дӯстона ва шарикии ҳамаҷонибаро бо Малайзия дар ҳамаи бахшҳо таҳким бахшад.
Ҳамчунин, иброз гардид, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия ба густариши ҳамкориҳо байни Тоҷикистон ва Малайзия шароити мусоид фароҳам оварда, гурӯҳи дӯстӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Девон Ракияти (Парламенти) Малайзия ба ин ҳамкориҳо вусъати тоза хоҳанд бахшид.
М. СУЛТОНОВ,
«Садои мардум»