Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ дар ҷаласаи ҳаштуми сайёри намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим, дар доираи Конфронси бисту ҳафтуми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар шаҳри Шарм-уш-Шайхи Ҷумҳурии Арабии Миср иштирок ва дар мавзӯи «Пешрафт дар самти такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда оид ба иқлим» маърӯза кард.
Номбурда, аз ҷумла зикр кард, ки зиёд шудани консентратсияи газҳои гулхонаӣ (CO2) дар атмосфера аз мушкилоти ҷиддии байналмиллалии асри XXI мебошад, ки ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст.
- Иқтидори коҳиш додани хориҷшавии газҳои гулхонаӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки то соли 2030-юм 65 — 75 фоиз аз сатҳи соли 1990 таъмин карда шавад, ки ин 1,2 — 1,7 тонна эквиваленти СО2-ро ба ҳар сари аҳолӣ ташкил медиҳад. Ин саҳми кишвар баҳри коҳиш додани газҳои гулхонаӣ дар доираи уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Созишномаи Париж оиди ба тағйирёбии иқлим мебошад, — ёдовар шуд Муҳаммадраҳим Юсуфӣ.