19-уми апрели соли равон дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷаласаи 9-уми намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумони давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба тағйирёбии иқлим ба кор шурӯъ кард, ки дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳуснигул Одиназода ва Файзулло Наҷмиддиниён ширкат варзиданд.
Вакили Маҷлиси намояндагон Ҳуснигул Одиназода дар назди иштирокчиёни ҷаласа дар мавзӯи «Такмили қонунгузорӣ, заминаи институтсионалӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар давлатҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт ва иҷрои уҳдадориҳои ба зиммагирифта оид ба иқлим» маърӯза намуда, гуфт, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ мавҷудияти мушкилоти тағйирёбии иқлим ва зарурати амалкарди ҳамоҳангшуда ва глобалиро эътироф кардааст. Қариб ҳамаи бахшҳои иқтисодиёт, экосистемаҳои табиӣ ва саломатии инсон ба ҳодисаҳои номусоидии обу ҳаво ва тамоюлҳои устувори дарозмуддати тағйирёбии иқлим бештар осебпазир мешавад.
Зикр гардид, ки сиёсати Тоҷикистон оид ба масъалаи тағйирёбии иқлим ба таъмини устувории экологӣ ва мутобиқсозии иқтисодиёти миллӣ ба воқеияти иқлим нигаронида шудааст. Кишвари мо дар асоси дарки дурусти мушкилоти рӯзафзуни об, инчунин аҳамияти захираҳои об барои ноил шудан ба рушди устувор масъалаи обро дар рӯзномаи ҷаҳонӣ фаъолона ва пайваста пеш мебарад. Унсурҳои асосии сиёсати байналмилалии оби Тоҷикистон ташаббусҳои глобалии мамлакат дар соҳаи об мебошанд, ки аз ҷониби СММ ва кишварҳои ҷаҳон пазируфта шудаанд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, муовини раиси Кумитаи ҳамоҳангсозии Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ Илҳом Амонзода ва муовини роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Искандаршо Каримзода иштирок намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон