Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Иштироки Пешвои миллат дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум

№49 - 50 (4155-4156) 18.04.2020

49784456442_f2f958a1e3_o (1)Ҳабдаҳуми апрели соли 2020 Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид, ки дар он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ карданд.

Ба иҷлосия то интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви калонсолтарини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Қосим раисӣ кард.

Раисикунанда:

- Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Боиси шарафмандист, ки ман ҳамчун узви синну солам калонтарини Маҷлиси миллӣ Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро дар ҳузури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мекушоям ва дар асоси моддаи 17 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» то интихоб шудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кори онро пеш мебарам.

Тавре огаҳӣ доред, моҳи марти соли равон дар кишвари маҳбубамон интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ ва аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Он собит намуд, ки шаҳрвандони мамлакат аз сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки баҳри рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар, таҳкими суботи сиёсию ваҳдати миллӣ, ҳифзу густариши Истиқлолияти давлатӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва таъмини шароити зиндагии арзандаю инкишофи озодона равона шудааст, ҳаматарафа ҷонибдорӣ мекунанд.

Итминони комил дорем, ки мо — аъзои даъвати нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри татбиқи сиёсати дохилию хориҷии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо истифода аз неруи созандаи аҳли ҷомеа дастовардҳо ва таҷрибаи парламентаризми муосирро мавриди истифода қарор дода, ҷиҳати боз ҳам баланд бардоштани обрӯю эътибори Ватани азизамон заҳмат хоҳем кашид.

49784456232_7a615a7a53_oМуҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 33 нафар аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  31 нафар интихоб ва таъин гардиданд, ки ман онҳоро ба шумо муаррифӣ менамоям:

Ҳакимзода Қурбон

Одилзода Дилбар Раҳим

Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер

Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович

Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ

Аҳмадзода Раҷаббой

Набизода Мадина Раҳмат

Ҳакимова Карима Муқимовна

Муминова Фирӯза Исроиловна

Шукурзода Мурод Ҷӯра

Ҷабборӣ Бурҳониддини Исҳоқ

Файзов Ёдгор Доёрович

Қонунзода Шодигул Худобахш

Додихудоев Фаррух Муборакшоевич

Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон

Мирзозода Мӯсо Одинамамад

Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо

Рустами Эмомалӣ

Раҳмон Дилшод Сафарбек

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ

Амонзода Илҳом Темур

Одилбекова Лола Қиёбековна

Раҳимӣ Фарҳод

Хоҷазода Фарзона Ҳамдам

Акрамзода Рустам

Ҷумазода Шарифҷон

Вализода Абдуқодир Исуф

Муқимӣ Раҳимҷон Набизода

Дӯстзода Ҳасан Тағдир

Низом Қосим.

Иҷозат фармоед, шуморо ба муносибати аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб ва таъин шуданатон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти ҳар яки шумо баҳри таҳкими минбаъдаи низоми ҳуқуқӣ дар мамлакат комёбиҳо орзу намоям.

49784456012_eab035fe52_oМуҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи маълумоти пешакӣ, аз 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ 31 нафар аз қайд гузаштанд.

Бо вуҷуди ин, аз шумо хоҳиш менамоям бо истифода аз кортҳои овоздиҳӣ ба воситаи системаи электронӣ аз қайд гузаред.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд ва ин ба мо имкон медиҳад, ки кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро оғоз намоем.

Мутобиқи моддаи 19 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок доранд.

Ҳамчунин, дар иҷлосия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лозим аст, ки котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро интихоб намоем.

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Набизода Мадина Раҳмат дода мешавад. Марҳамат.

Набизода Мадина Раҳмат пешниҳод намуд, ки котиботи иҷлосия иборат аз 3 нафар ва дар ҳайати зерин:

Шукурзода Мурод Ҷӯра (раиси котибот), Вализода Абдуқодир Исуф ва Хоҷазода Фарзона Ҳамдам  (аъзои котибот) интихоб карда шавад.

Раисикунанда: — Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба самъи шумо мерасонам:

Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум».

Мутобиқи моддаи 25 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ҳайати зерин интихоб карда шавад:

Раиси котибот:

Шукурзода Мурод Ҷӯра

Аъзои котибот:

Вализода Абдуқодир Исуф

Хоҷазода Фарзона Ҳамдам .

 Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи интихоби котиботи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум»  ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид.

Раисикунанда: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба мо лозим аст, ки рӯзномаи иҷлосияро баррасӣ ва тасдиқ намоем. Доир ба масъалаи зикршуда чӣ гуна пешниҳод доред?

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ дода мешавад. Марҳамат!

Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ рӯзномаи Иҷлосияи якуми   Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пешниҳод намуд.

РАИСИКУНАНДА: - Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Пешниҳод аст, ки рӯзнома ба овоз монда шавад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон  дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум бо фарогирии масъалаҳои зерин ба овоз монда шуда, қарор қабул гардид:

1. Дар бораи интихоби Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум

2. Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

3. Оид ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

4. Дар бораи интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

5. Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

6. Дар бораи интихоби раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

7. Дар бораи ташкил додани Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

8. Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

9. Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

10. Дар бораи Роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

РАИСКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи интихоби Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум» шурӯъ менамоем.

Оид ба шумора ва ҳайати Комиссия чӣ гуна таклифҳо доред?

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Раҳмон Дилшод Сафарбек дода мешавад. Марҳамат.

Раҳмон Дилшод Сафарбек пешниҳод менамояд, ки Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум иборат аз 5 нафар ва дар ҳайати шахсони зерин интихоб карда шавад:

1. Одиназода Бозоралӣ Неъмат

2. Ҷумазода Шарифҷон

3. Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо

4. Одилбекова Лола Қиёбековна

5. Дӯстзода Ҳасан Тағдир.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоби Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии   Ҷумҳурии Тоҷикистон  даъвати шашум»-ро пешниҳод менамоям:

Мутобиқи моддаи 30 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Барои гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ ва муайян наму­дани натиҷаҳои он дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум Комис­сияи баҳисобгирии овозҳо иборат аз 5 нафар ва дар ҳайати шахсони зерин таъсис дода шавад:

Одиназода Бозоралӣ Неъмат

Ҷумазода Шарифҷон

Раҷабзода Ҳусния Ҳукуматшо

Одилбекова Лола Қиёбековна

Дӯстзода Ҳасан Тағдир.

Марҳамат, мавқеатонро муайян кунед.

Қарор қабул шуд.

Ҳозирини гиромӣ, барои баргузории ҷаласаи Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар кори Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум панҷ дақиқа танаффус эълон карда мешавад.

Хоҳишмандам, комиссияи мазкур ба кор шурӯъ намояд.

(Баъд аз тараффус)

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд. Ҳоло сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Одиназода Бозоралӣ Неъмат дода мешавад, марҳамат.

(Номбурда Протоколи №1-и ҷаласаи комиссияро мехонад).

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, Протоколи рақами 1-и Комиссияи баҳисобгирии овозҳоро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.

Қарор қабул шуд.

РАИСИКУНАНДА: — Ҳозирини гиромӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 23 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз байни аъзои Маҷлиси миллӣ аз тариқи овоздиҳии пинҳонӣ, бо истифодаи бюллетенҳои овоздиҳӣ ва бо тарафдории аксарияти шумораи умумии аъзои Маҷлиси миллӣ интихоб мешавад.

Мутобиқи қисми 2 моддаи 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзадҳоро ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешбарӣ менамоянд. Вобаста ба ин масъала мехоҳам андеша баён намоед. Марҳамат, кӣ чӣ гуна пешниҳод дорад?

Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Одилзода Дилбар Раҳим дода мешавад. Марҳамат.

ОДИЛЗОДА Дилбар Раҳим: — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Муҳтарам раисикунанда, ­аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, бо дарки масъулият дар назди ҷомеа ва давлат ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум номзадии узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами ­Эмомалиро пешниҳод менамоям.

Ҳоло мехоҳам бо иҷозати шумо оид ба шарҳи ҳоли номзад ва фаъолияти меҳнатии ӯ маълумоти мухтасар пешниҳод кунам.

Рустами Эмомалӣ 19 декабри соли 1987 дар ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Миллаташ тоҷик ва маълумоташ олӣ мебошад.

Соли 2008 Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон, соли  2011 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россия ва соли 2014 Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз рӯи ихтисосҳои иқтисодиёти ҷаҳон, ҳуқуқшиносӣ, идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ хатм кардааст.

Забонҳои  русӣ, англисӣ ва олмониро медонад.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе буда, рутбаи тахассусияш мушовири ҳақиқии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Фаъолияти меҳнатии ӯ солҳои 2006 — 2009 аз вазифаи сармутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони умумиҷаҳонии савдои Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз шуда, баъдтар дар як қатор мансабҳои масъул идома ёфтааст.

Ӯ солҳои  2009 — 2011 дар вазифаҳои сардори  Раёсати дастгирии соҳибкории Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи  амволи  давлатии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон,    2011-2012 сардори Раёсати ташкили мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумруки Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2012-2013 муовин ва 2013-2015 сардори Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 2015-2017 директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фаъолият  кардааст.

Аз январи соли 2017  раиси шаҳри Душанбе мебошад.

Муҳтарам Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  Эмомалӣ Раҳмон!

Муҳтарам раисикунанда, ­аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Мо дар марҳилаи, воқеан ҳам, таърихии рушди бемайлон ва таҳкими пояҳои давлатдории навину Истиқлолияти давлатии ватани маҳбубамон – Тоҷикистони азиз қарор дорем.

Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахусус, пойтахти он шаҳри Душанбе, бо дастгирӣ ва раҳнамоии бевоситаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дар доираи нақшаҳои созандаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хусусан, талошҳои пайвастаи раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ, симои комилан ҷавобгӯ ба талаботи муосири шаҳрдориву шаҳрнишинӣ касб намуда, чӣ аз ҷиҳати инфрасохтор ва чӣ аз ҷиҳати таъмини шароити мусоид баҳри рушди соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ба натиҷаҳои баланд ноил гардид. Ҳоло бошад, корҳо дар самти бунёдкориву созандагӣ ва дар ин зимн таъмини шароит барои зиндагии шоистаи сокинон бомаром идома доранд.

Таъмиру азнавсозии роҳу пулҳо, бунёди биноҳои истиқоматӣ бо тарҳи нав ва ҷавобгӯ ба стандартҳои  ҷаҳонӣ, боғу гулгашт, майдончаҳои муосири варзишӣ ва ҷойҳои бозии кӯдакон, ба истифода додани иншооту муассисаҳои нав дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва фарҳанг, ба низом даровардани фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ,  марказҳои хизматрасониву маишӣ, таъмини аҳолӣ бо оби ошомиданӣ, сол аз сол васеъ ва фарогир гардонидани шабакаҳои гармидиҳӣ, сохтмони меҳмонхонаҳо ва ба ин васила рушди инфрасохтори сайёҳӣ, баргузории чорабиниҳои сатҳи баланди сиёсиву фарҳангии байналмилалӣ, тақвияти иқтидорҳои истеҳсолӣ, рушди соҳибкорӣ ва ба шаҳри муосиру замонавӣ табдил додани шаҳри Душанбе аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Ҳамаи ин дастоварду татбиқи барномаҳои созанда аз масъулияти баланд, кордонию корбарӣ ва фаъолияти самарабахши роҳбари ҷавон, вале корозмудаи шаҳр  гувоҳӣ медиҳанд.

Воқеан, аз замони ба ҳайси раиси шаҳр ба кор омадани муҳтарам Рустами Эмомалӣ,  пойтахти мамлакат шукӯҳу ҷалоли дигар гирифт. Ҷои шакку шубҳа нест, ки иқдомҳои пешгирифтаи раиси шаҳри Душанбе дар дигар гӯшаву канори мамлакат ҳамовозӣ пайдо карда, насими тоза ва созандаву рӯҳбахши пойтахт тамоми мамлакатро фаро гирифтааст.

Бо арзи гуфтаҳои боло ва зик­ри чанд нукта аз баҳри бекарони ташаббусҳои созандаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз шумо — аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки пешниҳоди маро ҷонибдорӣ намоед.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

 Раҳимӣ Фарҳод: - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Бояд тазаккур дод, ки ба унвони шаҳрдор ва ё раиси шаҳри Душанбе – пойтахти давлати Тоҷикистон таъин гардидани Рустами Эмомалӣ ҳодисаи муҳими сол, манзурам январи соли 2017 аст,  шинохта шуд, зеро дар таърихи давлатдории миллӣ аз қишри ҷавони ҷумҳурӣ намояндае ба сифати шаҳрдори Душанбе муаррифӣ гардид. Дигар ин ки имконияти санҷиши нерую қудрати насли ҷавон дар сатҳи баланди раҳбарӣ пеш омад. Рустами ­Эмомалӣ намояндаи ниҳоди муассири иҷтимоӣ – ҷавонони кишвар аст ва бо рӯи даст гирифтани барномаҳои муҳими иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба саҳнаи мудирияти давлатӣ ворид гардид.

Бо дастури бевоситаи раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ шаҳрдорӣ, бо дарназардошти мушкилоти иҷтимоию маданӣ ва иқтисодию молиявӣ, сомонаи вижаеро таъсис дода, тавассути фаъол гардонидани он фазои муколамаю гуфтугӯро бо ҷомеа барқарор намуд. Ин роҳбурди идорӣ имкон фароҳам овард, ки мардуми шаҳри Душанбе таи бисту чаҳор соат бо масъулини шаҳрдорӣ робитаи мустақим барқарор намоянд ва мушкилоти худро дар миён гузоранд. Ҳамчунин, дар дастгоҳи идории шаҳрдорӣ ворид намудани технологияҳои нави инноватсионӣ, насби пост — терминалҳо барои пардохти хизматрасониҳо, ба монанди маблағи об, газ, нақлиёти ҷамъиятӣ аз навовариҳои раиси шаҳр ҳисоб мешаванд, ки сокинони пойтахт аз онҳо ҳар рӯз истифода мебаранд.

Раиси шаҳр бо такя ба донишу таҷрибаи раҳбарӣ, дастовардҳои шаҳрдории мамолики мутамаддин ва ҷалби мутахассисони варзидаи соҳавӣ барномаи кӯтоҳмуддату миёнамуҳлати азнавсозии инноватсионӣ ва инфрасохтори пойтахтро тарҳрезӣ намуда, марҳалаи аввали сохтусози шаҳрро оғоз кард. Дар доираи барномаи таҷдиду навсозии шаҳр Рустами Эмомалӣ корро дар бахши сохтмони силсилаи иншооти ҳаётан муҳим ҷоннок намуд ва ҳайати раҳбарӣ-коргарӣ, табақаҳои иҷтимоӣ ва соҳибкорони ватанию хориҷиро ба ин самт муташаккилона ҷалб кард. Вақте ки аз боғу гулгаштҳо, биноҳои идорӣ ва истиқоматии осмонбӯс, муассисаҳои замонавии давлатӣ, марказҳои дилхушӣ, хиёбонҳои ҷавобгӯи талаботи ҷаҳонӣ дидан мекунем, ба ҳақиқати гуфтаҳои боло пай мебарем. Зимнан, бо суръати баланд идома ёфтани сохтмони иншооти замонавӣ дар шаҳри Душанбе ва ба кори рӯзмарра табдил ёфтани раванди созандигию ободкорӣ пойтахтро ба макони зиндагии шоиста ва ҷойгоҳи бахту саодати миллию мардумӣ табдил додааст.

Аз тарафи дигар, пойтахти кишвар солҳои охир мизбони чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангӣ гардидааст ва баҳои баланде, ки меҳмонони сатҳи ҷаҳонӣ, махсусан, роҳбарони Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва даҳҳо созмони бонуфузи байналмилалӣ ба шаҳри Душанбе ва шаҳрдори он муҳтарам Рустами Эмомалӣ додаанд, гувоҳи фаъолияти босамар, созанда ва бунёдкоронаи шаҳрдори ҷавони пойтахти кишвар мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ин пешниҳодро ҷонибдорӣ намуда, ба номзади арзанда овоз диҳед. Ташаккур!

РАИСИКУНАНДА: — Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Амонзода Илҳом Темур дода мешавад. Марҳамат.

АМОНЗОДА Илҳом Темур: — Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Таҷрибаи ҷаҳонӣ собит намудааст, ки дар ташаккул ва рушду такомули давлату давлатдорӣ нақшу саҳми шахсиятҳои бузурги сиёсӣ бағоят барҷаста ва муҳиму бориз аст. Таърихи нави давлатдории миллии мо ин нуктаро дар мисоли таҷрибаи роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бори дигар собит менамояд. Воқеан, Ҷаноби Олӣ ҳамчун шахсияти қавии сиёсӣ тавонистанд, ки дар муддати кӯтоҳ давлати пора-порагардидаи дар ҳоли фаноро ба кишвари бобақо ва амну рушдёфта табдил диҳанд.

Аз ибтидои фаъолият дар самти роҳбарӣ, Пешвои миллат ҳамчун маорифпарвари бузурги миллӣ ба парваришу тарбияи кадрҳои миллии ҷавон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда, ҷиҳати дар сатҳи баланд омодасозии онҳо иқдомҳои муҳимеро амалӣ намуданд. Дар ин муддат насли ҷавон дар самти раҳбарӣ тарбия ёфта, ба камол расид. Яке аз ин гуна кадрҳои ҷавон, ки зинаҳои гуногуни раҳбариро пушти сар намудаанд,  муҳтарам Рустами Эмомалӣ мебошанд.

Воқеан, номзади пешниҳодгардида муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзанда мебошад. Ӯ дар давраи роҳбариашон ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе собит намуданд, ки дорои ҷавҳари бузурги роҳбарӣ ва инсони ҳушманду шахсияти корозмуда ва ҳамчунин, фавқулодаанд. Зеро се сол, агарчӣ барои таърих замони чандон тӯлонӣ набошад ҳам, сокинони шаҳри Душанбе ва дар маҷмӯъ, мардуми кишвар, чӣ гуна дар тамоми самт тағйир ёфтани симои пойтахти кишвари азизамонро  шоҳид гардиданд. Дар муддати кӯтоҳ бо кордониву фаросати баланди сиёсӣ номбурда тавонистанд бо такя ба донишу таҷрибаи раҳбарии андӯхта дар соҳаҳои гуногун, шаҳри Душанберо ба муваффақиятҳои иқтисодӣ ва сиёсиву фарҳангӣ ноил созанд. Далели ин гуфтаҳо созандагиву бунёдкориҳоеанд, ки инфрасохтори пойтахтро тақвият бахшида, онро ба шаҳри замонавӣ табдил додаанд. Тайи солҳои роҳбарии муҳтарам Рустами ­Эмомалӣ ба ҳайси раиси шаҳр 132 корхонаи хурду бузурги саноатӣ бунёд гардида, ҳазорон ҷойи нави корӣ таъсис дода шуд. Яъне, дар раванди расидан ба ҳадафи чаҳоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар ӯ дар фурсати кӯтоҳ корҳои муҳимеро дар доираи шаҳри Душанбе анҷом дод.

Муҳтарам Пешвои миллат,  ­аъзои Маҷлиси миллӣ ва ҳозирини гиромӣ!

Амалҳои ободкорӣ ва ҷасорату хастагинопазирии Рустами Эмомалӣ бозгӯкунандаи онанд, ки номбурда дорои қобилияти баланди идоракуниву роҳбарӣ ва парвардаи воқеии мактаби сиёсиву созандаи Пешвои миллат буда, ба мансабе, ки номзадиашон пешниҳод гардидааст, арзандаву шоиста мебошанд. Бо боварии комил метавон гуфт, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин самт низ содиқонаву самимона ҷиҳати ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ва дар амал татбиқ намудани сиёсати созандаи Роҳбари давлат собитқадамона ва муваффақона донишу таҷриба ва  неруяшро равона намуда, дар пешрафти кишвари азизамон саҳми муносиб мегузорад.

Бинобар ин, аз шумо, аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки номзадии муҳтарам Рустами Эмомалиро ба мақоми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ намоед.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

РАИСИКУНАНДА: - Сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Қонунзода Шодигул Худобахш дода мешавад. Марҳамат.

ҚОНУНЗОДА Шодигул Худобахш:  - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон! Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Доир ба ҳаёту фаъолият, таҷрибаи кориву роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар сохторҳои давлатӣ мову шумо маълумоти кофӣ дорем, бо вуҷуди ин, мехоҳам чанд андеша перомуни фаъолияти кории ӯ иброз дошта бошам. Маврид ба қайд аст, ки дар зарфи се соли ба ҳайси раиси шаҳри Душанбе фаъолият кардани Рустами Эмомалӣ шаҳр симои дигар гирифт ва низому тартиботи он ба фарҳанги шаҳрнишинии сокинони пойтахт таъсири мусбат расонид.

Дар муддати на он қадар зиёд корҳое ба иҷро расонида шуданд, ки  кас аз онҳо ҳам ба ҳайрат меояд ва ҳам ифтихор мекунад.

Ба истифода додани 22 муассисаи томактабӣ бо беш аз 3000 ҷойи нишаст, 18 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо 15000 ҷойи нишаст, 247 иншооти варзишӣ, барқарор ва бунёд намудани 71 боғу гулгашт,  бунёди панҷ боғи фарҳангиву фароғатии нав, аз қабили Боғи «Восеъ», Боғи «Алишери Навоӣ», Боғи ба номи Аҳмади Дониш, Боғи «Ҷавонон», Боғи «Куруши Кабир»,  тармиму азнавсозии шаш боғи фаъолиятдошта, ба монанди Боғи ба номи Садриддин Айнӣ, Боғи «Кӯли ҷавонон», Боғи ба номи Абулқосими Фирдавсӣ, Боғи «Хайём», Боғи «Кӯдакон», Боғи «Мироненко», таъмир ва таҷдиди 118,3 км роҳ, дар масофаи 12 км азнавсозӣ шудани  системаи ирригатсионӣ, 160 км шабакаҳои гармидиҳӣ ва 320 км қубурҳои гармигузар, танзими хатсайрҳо ва муназзамии фаъолияти нақлиёти ҷамъиятӣ, ба гардиши мусофирбарӣ ворид намудани 325 нақлиёти мусофиркашонии муосир, сохта ба истифода додани 63 истгоҳи замонавӣ,  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани 104 бинои баландошёна ва ба истифода додани 708 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ, таъмиру тармими муассисаҳои давлатию ғайридавлатӣ, иваз намудани қариб 40 ҳазор фурӯзонаки кӯчаю маҳаллаҳо, равшангардонии 252 биною иншооти гуногунтаъинот, ба вуҷуд овардани фазои муътадили корӣ, вусъат бахшидани раванди ободонӣ, мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншооти замонавӣ  ва амсоли инҳо силсилаи фаъолиятҳои барномавии шаҳрдориро дар се соли охир ташкил медиҳанд.

Аз ҷониби дигар, ҳамкориҳои зичу судманди раиси шаҳр бо соҳибкорон ва бахши хусусӣ имконият доданд, ки дар пойтахт,  дар маҷмӯъ, 130 корхонаи саноатӣ, ба монанди корхонаҳои нассоҷӣ, истеҳсоли автобусҳо, заргарӣ, оби «Сиёма» бо шумораи умумии 1545 ҷои нави кор таъсис дода шавад.

Маҳз, ба туфайли ҳамин тартиб ба роҳ мондани кор дар се соли охир дар пойтахт, дар маҷмӯъ, беш аз 31 ҳазор нафар бо ҷойи нави корӣ таъмин гардиданд, ки ба рушди инфрасохтори молиявию иқтисодии шаҳр бе таъсир нест.

Воқеан, идоракунии шаҳр ва таъмини рушди ҳамаҷонибаи он кори саҳлу осон набуда, масъулияти баланди роҳбариро тақозо мекунад. Ана ҳамин масъулияти ҷиддӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ боис гардид, ки пойтахти мамлакат дар самти баробар шудан ба шаҳрҳои мутамаддини ҷаҳонӣ масири муайянеро тай намояд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳоло, ки номзадии муҳтарам Рус­тами Эмомалӣ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст, бо боварии комил гуфта метавонам, ки дар ин вазифаи пурмасъулият низ бо истифода аз таҷрибаи андӯхта аз мактаби бузурги давлатдорӣ ва созандагиву бунёдкоронаи Пешвои миллат ва донишу малакаву маҳорати фавқулодаи роҳбарӣ дар рушди қонунгузории кишвар, таъмини волоияти қонун ва ба ин васила, дар пешрафти соҳаҳои ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ ва сиёсиву фарҳангии ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқол саҳми арзанда мегузорад.

Бо таъкид ба ин гуфтаҳо, аз шумо — аъзои Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ кардани номзади пешниҳодшударо хоҳиш менамоям.

Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам!

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам ҳозирин, пешниҳод аст, ки ба баромадҳо хотима дода шавад.

Агар таклифи дигар набошад, пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.

Ташаккур, пешниҳод пазируфта шуд.

 Ҳозирини арҷманд!

Тибқи моддаи 3 Дастури Маҷлиси миллӣ номзади пешниҳодгардида бояд ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда шавад. Ҳоло номзадии узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам ­Рустами Эмомалӣ ба мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаматарафа баррасӣ шуд.

Агар шумо муқобил набошед, ман ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил кардани номзадии узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалиро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул гардид.

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳоло барои шарҳи тартиби гузаронидани овоздиҳии пинҳонӣ сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат дода мешавад. Марҳамат.

(Одиназода Бозоралӣ Неъмат: — тартиби овоздиҳиро шарҳ дод).

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои гузаронидан ва муайян намудани натиҷаҳои овоздиҳии  пинҳонӣ дар кори ҷаласа   20 дақиқа танаффус эълон карда мешавад.

(Баъд аз танаффус)

РАИСИКУНАНДА: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям аз қайд гузаред!

Дар толор 31 нафар аъзои Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд.

Ҳоло сухан ба раиси Комиссияи баҳисобгирии овозҳо муҳтарам Одиназода Бозоралӣ Неъмат дода мешавад. Марҳамат.

ОДИНАЗОДА Бозоралӣ Неъмат: — Раиси Комиссия Протоколи №3- ро оид ба натиҷаи овоздиҳӣ эълон менамояд.

РАИСИКУНАНДА: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба раиси Комиссияи баҳисобгирӣ савол доред?  Нест.

Пешниҳод аст, ки Протоколи №3-и Комиссияи мазкур дар бораи натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ оид ба интихоб намудани Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад. Онро ба овоз мемонам.

Қарор қабул шуд.

Ҳамин тариқ, аз рӯи ҷамъбасти натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ узви Маҷлиси миллӣ Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардид.

РАИСИКУНАНДА: - Ҳозирини арҷманд!

Иҷозат диҳед, муҳтарам ­Рустами Эмомалиро, бинобар ба мансаби  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикис­тон интихоб шуданашон, табрику муборакбод намуда, барояшон тансиҳатӣ, сарбаландӣ ва дар фаъолияти масъулиятнокашон баҳри фардои дурахшони кишвар муваффа­қиятҳои беназир орзу намоям.

Ҳоло бо камоли эҳтиром сухан ба Раиси  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дода мешавад. Марҳамат.

(Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  баромад ва дар  охир ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд   мекунад).

РАИСИКУНАНДА: - Марҳамат муҳтарам Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Рустами Эмомалӣ, кори иҷлосияро идома диҳед.

Ба иҷлосия  Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ раисӣ мекунад.

РАИС: — Муҳтарам Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Бо иҷозати Шумо кори иҷлосияро давом медиҳем.

Ба баррасии масъала «Оид ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ менамоем.

Пешниҳод мекунам, ки шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ иборат аз 2 нафар, яъне 1 нафар муовини якум ва 1 нафар муовин муқаррар карда шавад.

Андешаи дигар нест? Нест.

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро ба самъи шумо мерасонам:

Оид ба муқаррар намудани шумораи муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурииӣ Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор   мекунад:

Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 воҳид муовини якум ва 1 воҳид муовини Раиси Маҷлиси миллӣ муқаррар карда шавад.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи интихоби муовинони Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»  мегузарем.

Мутобиқи моддаи 53 Конститусияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», пешниҳод менамоям, ки муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Маҷлиси миллӣ Аҳмадзода Раҷаббой  интихоб карда шавад.

Ба номзади пешниҳодшуда савол доред? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба самъи шумо мерасонам:

 Дар бораи муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аҳмадзода Р.

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    қарор  мекунад:

Аҳмадзода Раҷаббой муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб карда шавад.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

Муҳтарам Аҳмадзода Раҷаббой, шуморо ба муносибати муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрик менамоям.

Аҳмадзода Раҷаббой  ба минбар баромада, барои боварии нисбаташ иброзгардида изҳори миннатдорӣ намуд ва ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд карда, ба ҷои барояш муқарраргардида дар Раёсат нишаст.

    РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», яке аз муовинони Раиси Маҷлиси миллӣ аз ҳисоби намояндагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон интихоб мешавад. Бинобар ин, пешниҳод менамоям, ки узви Маҷлиси миллӣ Файзов Ёдгор Доёрович муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  интихоб карда шавад.

Андешаи дигар нест? Ба номзади пешниҳодшуда савол доред?

Лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба самъи шумо расонида, онро ба овоз мемонам:

 Дар бораи муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Файзов Ё.Д.

Мутобиқи моддаи 53 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаи 26 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 6 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон    қарор  мекунад:

Файзов Ёдгор Доёрович муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд!

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам Файзов Ёдгор Доёрович, шуморо ба муносибати муовини Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб шуданатон табрик менамоям.

Файзов Ёдгор Доёрович ба минбар баромада, изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчун узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд кард.

РАИС: -Ташаккур, хоҳишмандам дар Раёсат ба ҷои худ гузаред.

- Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳоло бо камоли эҳтиром сухан ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дода мешавад.

Марҳамат, Ҷаноби Олӣ!

(Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин шумора ба нашр расидааст).

РАИС: -Ташаккур, Ҷаноби Олӣ!

Боиси ифтихору сарфарозии мо, аъзои Маҷлиси миллӣ, мебошад, ки Шумо дар кори Иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок ва роҷеъ ба самту вазифаҳои муҳими мақоми олии қонунгузор, омилҳои асосии тақвияту густариши фаъолияти қонунгузорӣ суханронӣ намуда, дастуру ҳидоятҳои судманд додед.

Итминони комил дорем, ки ҳайати нави Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ҷиҳати иҷрои вазифаҳо тамоми неруи зеҳнию ҷисмониро ба он сафарбар менамоянд, ки дар татбиқи ибтикороти беназир ва сиёсати дохилию хориҷии Сарвари давлат Пешвои миллат роҷеъ ба ҳалли масъалаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ, иҷтимоӣ, пойдории ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа  саҳм гузоранд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Дар кори иҷлосия 15 дақиқа танаффус эълон карда мешавад.

(Баъд аз танаффус)

Раис:  - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳишмандам аз қайд гузаред.

Дар толор 31 нафар узви Маҷлиси миллӣ ҳузур доранд. Кори иҷлосияро давом медиҳем.

Масъалаи навбатӣ  «Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», пешниҳод менамоям, ки дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии  Тоҷикис­тон панҷ кумита ва як комиссия таъсис дода шавад.

Чӣ гуна фикру мулоҳиза доред?

Тибқи пешниҳоди шумо, лоиҳаи қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баъд аз қироат ба овоз мемонам:

 Дар бораи таъсиси кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Дар Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон кумитаҳо ва комиссияи зерин таъсис дода шаванд:

1. Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

2. Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

3. Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон

4. Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

5. Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия

6. Комиссия оид ба назорати Дастур.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъалаи нав­батӣ мегузарем. Ба мо лозим аст, ки раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллиро интихоб намоем.

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам  Раҳмон Дилшод Сафарбек интихоб карда шавад.

Андешаи дигар ҳаст?

Ба номзад савол доред?

Лоиҳаи қарорро роҷеъ ба ин масъала хонда, баъд ба овоз мемонам:

 Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон,  шаҳрванд ва қонуният интихоб намудани Раҳмон Д. С.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Раҳмон Дилшод Сафарбек раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният интихоб карда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамчунин, бо истифода аз ваколатҳоям ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам  Ҳакимзода Қурбон интихоб карда шавад.

Андеша ва ё таклифу пешниҳоди дигар ҳаст?

Ба номзад савол доред?

Лоиҳаи қарорро оид ба ин масъала ба самъи шумо расонида, сипас онро ба  овоз мемонам:

 Дар  бораи  раиси Кумитаи  Маҷлиси миллии  Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб намудани Ҳакимзода Қ.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

Ҳакимзода Қурбон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология интихоб карда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ интихоб карда шавад.

Таклифу пешниҳоди дигар нест?

Ба номзади пешниҳодгардида савол доред?

Лоиҳаи қарорро роҷеъ ба масъа­лаи мазкур қироат карда, баъд ба  овоз мемо­нам:

 Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои  иҷтимоӣ,  ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон интихоб намудани Гулзода М. Қ.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон интихоб карда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: -Ҳозирини гиромӣ!

Бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба ҳамоҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳо­дияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарла­ментӣ узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам Раҳимӣ Фарҳод интихоб карда шавад.

Ягон андешаи дигар ҳаст?

Ба номзади номбаршуда савол доред?

Лоиҳаи қарорро дар ин хусус хонда, баъд ба овоз мемонам:

 Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  оид  ба  ҳамоҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ  бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ,воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ интихоб намудани Раҳимӣ Ф.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  қарор  мекунад:

Раҳимӣ Фарҳод раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳо­дия­ҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарла­ментӣ интихоб карда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул гардид.

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамчун Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод менамоям, ки раиси Кумитаи Маҷлиси миллӣ оид ба иқтисодиёту коммуникатсия узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам  Ҷумазода Шарифҷон интихоб карда шавад.

Фикру андешаи дигар ҳаст?

Ба номзад савол доред?

Лоиҳаи қарорро хонда, сипас ба  овоз мемонам.

Дар бораи раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси  Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон   оид ба иқтисодиёту коммуникатсия интихоб намудани Ҷумазода Ш.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Ҷумазода Шарифҷон раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷ­лиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникат­сия интихоб карда шавад.

 

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ҳамчунин, бо истифода аз ваколати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур узви Маҷлиси миллӣ муҳтарам  Қонунзода Шодигул Худобахш интихоб карда шавад.

Таклифу пешниҳоди дигар нест?

Ба номзад савол доред?

Лоиҳаи қарорро қироат карда, пасон онро ба овоз мемонам:

 Дар бораи раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид  ба назорати Дастур интихоб намудани Қонунзода Ш. Х.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 14 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Қонунзода Шодигул Худобахш раиси Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон оид ба назорати Дастур интихоб карда шавад.

Марҳамат, мавқеи худро муайян созед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: - Ҳозирини арҷманд!

Аз номи шумо, раисони кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки ба тозагӣ интихоб гардиданд, самимона табрик намуда, дар фаъолияти кориашон  комёбиҳо орзу менамоям.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии шумо масъала «Дар бораи ташкил кардани Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод карда мешавад.

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷи­кис­тон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 7 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод менамоям, ки Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати муқарраргардида таъсис дода шавад.

Доир ба ин масъала лоиҳаи қарорро пешкаши шумо мегардонам:

 Дар бораи  ташкил кардани Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Мутобиқи моддаи 27 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 7 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Маҷлиси миллии  Маҷлиси   Олии  Ҷумҳурии  Тоҷикистон қарор мекунад:

Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар ҳайати Раис, муовини якум, муовин, раисони кумитаҳо ва комиссияи  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шавад.  

Андешаи дигар нест?

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеатонро муайян намоед.

Қарор қабул шуд. 

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба баррасии масъала «Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» мегузарем.

Ба шумо, тибқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва мутобиқи моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, пешниҳод менамоям, ки шумораи ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» иборат аз 5 ё 7 нафар муқаррар карда шавад.

   Ягон андешаи дигар нест?

Лоиҳаи қарорро доир ба ин масъала ба самъи шумо расонида, сипас ба овоз мемонам:

 Дар бораи шумораи ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шумораҳои зерин муайян карда шавад:

1. Кумита оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният - 7 нафар

2.  Кумита оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология – 5 нафар

3. Кумита оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон – 5 нафар  

4. Кумита оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ - 6 нафар

5. Кумита оид ба иқтисодиёту коммуникатсия - 7 нафар

6. Комиссия оид ба назорати Дастур                - 5 нафар.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаи дигар «Дар бораи интихоб намудани ҳайати кумитаҳо ва комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба баррасии шумо пешниҳод мешавад.

Лоиҳаи қарорҳои  Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро алоҳида-алоҳида хонда, ба овоз мемонам:

 Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Ба ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният аъзои зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд:

1. Раҳмон Дилшод Сафарбек

2. Мирзозода Мусо Одинамуҳамад

3. Набизода Мадина Раҳмат

4. Низом Қосим

5. Муъминова Фирӯза Исроиловна

6. Муқимӣ Раҳимҷон Набизода.

Ба овоз мемонам. Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

 Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Ба ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология аъзои зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон интихоб карда шаванд:

1. Ҳакимзода Қурбон

2. Вализода Абдуқодир Исуф

3. Шоҳиён Зарифхӯҷа Фақер

4. Абдураҳмонзода Саидбурҳон Саидраҳмон

5. Одилбекова Лола Қиёбековна.

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

 Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъала­ҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон

 Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Ба ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон аъзои зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд:

1. Гулзода Маҳмадшоҳ Қурбоналӣ

2. Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ

3. Одилзода Дилбар Раҳим

4. Додихудоев Фарух Муборакшоевич

5. Ҳакимова Карима Муқимовна.

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

 Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳанг­со­зии фаъ­олия­ти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намоян­дагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои  ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор  мекунад:

Ба ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳанг­со­зии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ аъзои зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд:

1. Раҳимӣ Фарҳод

2. Амонзода Илҳом Темур

3. Шукурзода Мурод Ҷӯра

4. Раҷабова Ҳусния Ҳукуматшо

5. Хоҷазода Фарзона Ҳамдам

6. Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ.

 

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

Дар бораи интихоб намудани ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Ба ҳайати Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия аъзои зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд:

1. Ҷумазода Шарифҷон

2. Одиназода Бозоралӣ Неъмат

3. Шоиддинов Фазлиддин Тавакалович

4. Акрамзода Рустам

5. Қонунзода Шодигул Худобахш

6. Дӯстзода Ҳасан Тағдир.

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

 Дар бораи интихоб намудани ҳайати  Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур

Мутобиқи моддаи 29 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 9 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Ба ҳайати Комиссияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур аъзои зерини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шаванд:

1. Қонунзода Шодигул Худобахш

2. Низом Қосим

3. Ҷабборӣ Бурҳониддин Исҳоқ

4. Умарализода Мақсудалӣ Умаралӣ

5. Одилбекова Лола Қиёбековна.

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: — Ба баррасии шумо ­масъалаи охирин — «Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» пешниҳод карда мешавад.

Дар асоси моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва моддаи 17 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, лоиҳаи қарорҳои зеринро ба баррасии шумо пешниҳод менамоям:

 Дар бораи аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Шамсзода А. С.

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 17 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Шамсзода Абдуҷаббор Саймумин бо сабаби ба кори дигар гузаштанаш аз вазифаи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шавад.

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

 Дар бораи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Идрисзода И. М.

Мутобиқи моддаи 24 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», моддаи 17 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор  мекунад:

Идрисзода Илёс Мумин роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шавад.

Ба овоз мемонам.

Марҳамат, мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

Ташаккур.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумхурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», узви Маҷлиси миллӣ баъди интихоб ё таъин шудан дар иҷлосияи Маҷлиси миллӣ дар вазъияти ботантана ба халқи Тоҷикистон савганд ёд мекунад.

Мутобиқи банди 3 Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон савгандёдкунӣ бо тартиби алифбоии ному насаб сурат мегирад.

Бо дарназардошти муқаррароти мазкур маросими савгандёдкунӣ амалӣ карда мешавад.

(Раис як-як ному насаби аъзоро мехонад ва онҳо аз минбари толори иҷлосия даст рӯи Конститутсия гузошта, савганд ёд мекунанд). 

РАИС: — Ташаккур!

Умед дорам, ки ҳама дар савганд устувор монда, ба халқу Ватан бо дасту дилу нияти пок содиқона хизмат мекунем. Дар ин роҳ ба шумо барори кор мехоҳам.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум дохил шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Доир ба ҷараёни кори иҷлосия таклифу пешниҳод бошад, марҳамат.

Нест?

Барои иштироки фаъолона дар кори иҷлосия ба шумо миннатдорӣ изҳор намуда, Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон садо медиҳад).

Самариддин АСОЕВ,

Абдумаҷид МУРОДОВ,

«Садои мардум»