Иштироки Рустами Эмомалӣ дар Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ

№31-32 (4771-4772) 11.03.2024

431195642_872248094913115_6370399110087404916_n28-уми марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» баргузор гардид.

Дар маросими кушодашавии мусобиқа Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ иштирок намуданд.

431230752_872248014913123_3809994233610204357_nДар мусобиқа зиёда аз 200 варзишгар аз 40 давлат ширкат варзида, маҳорат ва малакаи варзишиашонро нишон доданд. Маблағи ҷоизаҳои пулии мусобиқа 100 ҳазор доллари амрикоиро ташкил дод.

Тавре таъкид гардид, ҳадафи асосӣ аз гузарондани ин мусобиқаҳои варзишӣ ташвиқу тарғиб ва рушду равнақи варзиш, солимгардонии сокинони пойтахт ва дар сатҳи баланди ташкилӣ таҷлил намудани Ҷашни байналмилалии Наврӯз мебошад.

Дар натиҷаи қувваозмоиҳо ғолибон ва ҷоизадорони Мусобиқаи панҷуми байналмилалӣ оид ба гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» муайян ва қадр гардиданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»