Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум

Иштироки шаҳрвандонро дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ қонуни нав танзим менамояд

№78 - 79 (4661 - 4662) 16.06.2023

ИЧЛОСИЯ копияШонздаҳуми июни соли 2023 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ­Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои бақайдгирӣ тариқи системаи овоздиҳии электронӣ аз қайд гузаред. Марҳамат.

Дар иҷлосия 28 нафар ­аъзои Маҷлиси миллӣ иштирок доранд. Инчунин, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, раисони Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ, раиси Палатаи ҳисоб, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони воситаҳои ахбори омма дар толор ҳозир мебошанд.

Оид ба оғози кори иҷлосия чӣ гуна таклиф ҳаст?

Таклиф шуд, ки иҷлосия корашро оғоз намояд.

Таклифро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро тариқи овоздиҳии электронӣ муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул шуд.

Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад)

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Барои ташкили ҷараёни кори иҷлосия лозим аст, ки мутобиқи банди 102-юми Дастури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби кори Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро муайян ва тасдиқ намоем.

Бо назардошти масъалаҳои дар рӯзнома пешбинишуда пешниҳод менамоям, ки барои маърӯзачиён то 5 дақиқа, музокираҳо то 3 дақиқа ва барои дархосту таклифҳо то 2 дақиқа вақт муайян карда шавад.

Пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.

Пешниҳодро ба овоз мемонам. Марҳамат.

Ташаккур, пешниҳод қабул гардид.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мутобиқи банди 102-юми Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лозим аст, ки Котиботи иҷлосияро интихоб намоем. Оид ба ин масъала сухан ба узви Маҷлиси миллӣ Хоҷазода Фарзона дода мешавад. Марҳамат.

(Хоҷазода Фарзона пешниҳод менамояд, ки ҳайати Котибот иборат аз се нафар интихоб карда шавад).

РАИС: Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Таклиф шуд, ки Котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум иборат аз се нафар интихоб карда шавад.

Таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Шумораи ҳайати Котиботро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян созед. Марҳамат.

Ташаккур, таклиф қабул гардид.

Марҳамат, Хоҷазода Фарзона ҳайати Котиботро пешниҳод намоед.

Фарзона ХОҶАЗОДА: - Ба ҳайати Котиботи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аъзои зерини Маҷлиси миллӣ пешниҳод карда шуданд:

Абдуқодир Вализода – раиси Котибот

Мусо Мирзозода ва Карима Ҳакимова — аъзои Котибот.

РАИС: - Оид ба ҳайати Котибот таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва аз аъзои Маҷлиси миллӣ хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед. Марҳамат.

Ташаккур, қарор қабул гардид.

Аз ҳайати Котибот хоҳиш карда мешавад, ки ба ҷойҳои худ гузашта, ба кор шурӯъ намоянд.

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Лозим аст, ки рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро тасдиқ намоем.

Лоиҳаи рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо қарори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян ва барои баррасӣ ба шумо пешниҳод шудааст.

Оид ба масъалаҳои он таклифҳои дигар ҳаст? Нест.

Лоиҳаи қарорро ба овоз мемонам ва хоҳиш менамоям, ки мавқеатонро муайян намоед.

Қарор дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум қабул гардида, ба он масъалаҳои зерин ворид гардиданд:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»

2. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ»

3. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда»

4. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

5. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

6. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид»

7. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон»

8. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда»

9. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон»

10. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон»

11. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи алоқаи барқӣ»

12. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи таъмини ченаки ягона»

13. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»

14. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»

15. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод»

16. Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он»

17. Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.».

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи якуми рӯзнома — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини асосҳои конститутсионӣ, ҳуқуқу озодиҳои инсон, шаҳрванд ва қонуният Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ», ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 7 — уми июни соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст, муқаррар намудани асос­ҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ буда, он 6 боб ва 47 моддаро дар бар гирифтааст.

Бобҳои 1-2 бо фарогирии (моддаҳои 1-20) меъёрҳо роҷеъ ба муқаррароти умумӣ бо шарҳи 23 мафҳуми асосӣ ва қонунгузории соҳа, доираи амали қонуни мазкур ва дарҷи низоми танзимшаванда, ки иҷозатномаҳо ва ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муайян кардааст, пешбинӣ намуда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ, мақомоти иҷозатдиҳанда ва иҷроияи иҷозатдиҳанда, хусусиятҳои додан, амал ва муҳлати амали ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта ва ситонидани хироҷ барои додани онҳо, принсипҳои низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин тавзеҳи шаффофияти низоми иҷозатдиҳӣ ва ҳифзи манфиатҳои қонунии шахс, ҷомеа ва давлатро дар низоми иҷозатдиҳӣ муайян намудаанд.

Боби 3 муносибатҳои марбути барасмиятдарории маъмурии дастрас намудани иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро танзим намуда, меъёрҳои дар боби 4 муттаҳидшуда ба таври мушаххас номгӯи ҳуҷҷатҳои барои гирифтани онҳо зарур, тартиб ва муҳлати баррасии ариза ва қабули қарор дар бораи додан ё рад кардан аз додани иҷозатнома ва ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, азнавбарасмиятдарорӣ, додани нусхаи дуюм, боздоштан, қатъи амал ё бекор кардани онҳо, ҳамзамон дар ҳолатҳои алоҳида овардани шикоят ё муроҷиат намудан ба судро пешбинӣ кардааст.

Бобҳои 5-6 (моддаҳои 38-47) талаботро вобаста ба ҳуҷҷатҳое, ки барои гузаштани расмиёти тасдиқ ва мувофиқасозӣ заруранд, муқаррар намуда, тартиби баррасии ариза ва гирифтани санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, рад кардан аз тасдиқ ва мувофиқасозӣ, расмиёти фиристодани огоҳинома ва тартиби тасдиқи фиристодани огоҳиномаро ба таври саҳеҳ ифода намудааст. Ҳамзамон, дар доираи бобҳои мазкур масъа­лаҳои марбут ба муқаррароти хотимавӣ, ҳалли баҳсҳо, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот, тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» аз 17 -уми майи соли 2004 ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз 2 — юми августи соли 2011 муқаррар гардидааст.

Феҳристи ягонаи давлатии иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда, ки ба қонуни мазкур замима шудааст, барои аз ҷониби субъекти хоҷагидор (шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ) амалӣ намудани 78 номгӯи фаъолияти иҷозатнома, барои 70 номгӯи амал ё фаъолият ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, дар 56 ҳолати амал санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ ва дар 3 ҳолат огоҳиномаи гирифташавандаро пешбинӣ намудааст. Ҳамчунин, дар феҳристи мазкур андозаи хироҷ барои баррасии ариза, додани ҳуҷҷат ва хироҷи минбаъдаи ҳарсола барои нигоҳ доштани эътибори баъзе намудҳои иҷозатномаҳо, ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, санадҳои тасдиқ ва мувофиқасозӣ, огоҳиномаҳои гирифташуда ба роҳ монда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, бинобар пешбинии расмиёти ягонаи коргузорӣ, аз ҷумла ба таври электронӣ ва дар доираи санади мукаммал танзим намудани низоми иҷозатдиҳӣ, он ба рушди соҳибкориву сармоягузорӣ ва таҳкими иқтидори истеҳсолии кишвар мусоидат менамояд. Аз ин рӯ, бо арзи эҳтиром хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: - Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

 Ба муҳокимаи масъалаи дуюми рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» оғоз мекунем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Мақсади Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» муайян намудани асос­ҳои ҳуқуқии ташкил ва иштироки ихтиёрии инфиродӣ ва дастҷамъонаи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, инчунин, ҷалби ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тавассути таъсис додани шӯрои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти корҳои дохилӣ ва  иштироки васеи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ буда, он фарогири 9 боб ва 32 модда мебошад.

Дар бобҳои 1 — 2 (моддаҳои 1-8) меъёрҳо вобаста ба муқаррароти умумӣ бо шарҳи 5 мафҳуми асосӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, принсипҳо, инчунин, ҳуқуқҳои шаҳрвандон оид ба мусоидат кардан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, иштироки инфиродӣ ва дастҷамъонаи онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ваколатҳои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи марказиву маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва ҳуқуқҳои худидоракунии маҳаллӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, пешбинӣ гардидаанд.

Бобҳои 3 ва 4 (моддаҳои 9-14) муносибатҳои роҷеъ ба фаъолият ва иштироки инфиродии шаҳрвандонро дар шакли кормандони ғайриштатӣ ва шаҳрвандоне, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат менамоянд, инчунин тартиби ташкил ва мақоми дастёрони ихтиёрӣ, шӯроҳои ҷамъиятӣ ва шӯрои собиқадорони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки шаҳрвандон тавассути онҳо дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастҷамъона иштирок менамоянд, муқаррар кардаанд.

Моддаҳои 15-22, ки дар бобҳои 5 ва 6 оварда шудаанд, ба таври мушаххас 7 роҳи амалигардонии фаъолияти дастёрони ихтиёрӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва масъулияти узви он, шароит ва ҳадди истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷониби чунин дастёрон, ҳамчунин, тартиби ташкил, вазифа ва фаъолияти шӯроҳои ҷамъиятӣ дар назди мақомоти корҳои дохилиро аз вазорат то минтақаи хизматии милитсия ( яъне, аз зинаи болоӣ то ибтидоӣ) бо дарҷи хусусиятҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳо ва 7 ҳолати мамнӯият муқаррар намудаанд.

Ҳамзамон, тибқи талаботи моддаи 22 ба зиммаи шӯрои ҷамъиятӣ дар назди шуъбачаҳои шаҳрак, деҳот ва минтақаи хизматии милитсия иҷрои вазифаҳое гузошта шудааст, ки дар 11 банд пешбинӣ гардидааст.

Мавзӯи бобҳои 7-8 муқарраротро доир ба кафолатҳои ҳимояи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва чораҳои ҳавасмандгардонии шаҳрвандони ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ мусоидаткунанда танзим намуда, тибқи он, шартҳои нисбат ба шахсони дар боло зикршуда татбиқ гаштани меъёрҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи давлатии иштирокчиёни мурофиаи судии ҷиноятӣ» пешбинӣ шудааст. Инчунин, ба таври алоҳида ҳавасмандгардонии моддӣ, кафолатҳо ва ҷубронҳои дигар, таъминоти моддию техникии фаъолияти онҳо ва бо ҳамин мақсад ташкил додани фонди ташаббусҳои шаҳрвандӣ оид ба таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими қонуният пешбинӣ шудааст.

Ҳамчунин, дар доираи боби хотимавӣ танзими муносибатҳои марбут ба ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, тартиби мавриди амал қарор гирифтани он ва аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» аз 3 – юми декабри соли 2009 ба роҳ монда шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои иштироки васеи шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани обрӯ ва нуфузи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, тарғиби донишҳои ҳуқуқӣ ва такмили фарҳанги ҳуқуқии шаҳрвандон мусоидат менамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» оғоз менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод:

Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 7 – уми июни соли 2023 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонуни мазкур аз муайян намудани асосҳои ҳуқуқии муқаррар ва амалӣ кардани назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда иборат буда, он фарогири 5 боб ва 14 модда мебошад.

Дар боби 1 (моддаҳои 1-3) меъёрҳо доир ба муқаррароти умумӣ бо шарҳи 4 мафҳуми асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда ва мақсади қонуни мазкур муайян карда шудаанд.

Моддаҳои 4-10, ки дар боби 2 қонуни мазкур оварда шудааст, асосҳо ва тартиби муқаррар, амалӣ, дароз ва қатъ намудани назорати маъмуриро пешбинӣ намуда, тибқи он назорати маъмурӣ нисбат ба шахси болиғ, ки доғи судиро барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, ҷиноятҳо дар ҳолати ретсидиви ҷиноят, ду ё зиёда ҷиноятҳои қасдона ва ҷиноятҳои қасдона ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсӣ нисбати ноболиғон дорад, бо қарори судя дар асоси дархости мақомоти корҳои дохилӣ ва бо розигии прокурори дахлдор ба муҳлати аз 6 моҳ то 3 сол дар доираи муҳлати доғи судӣ муқаррар мешавад. Илова ба ин, дар боби мазкур муносибатҳои доир ба шикоят овардан аз болои қарори судя ва муҳлати баррасии он, тартиби бақайдгирии шахси таҳти назоратбуда ва амалӣ намудани назорати маъмурӣ, дарозу кам кардани муҳлати назорати маъмурӣ, инчунин, 4 ҳолати маҳдудиятҳои маъмурии нисбат ба шахси таҳти назоратбуда татбиқшаванда ва 5 ҳолати қатъ гардидани назорати маъмурӣ танзим гардидааст.

Дар бобҳои 3-4 (моддаҳои 11-12) муқаррарот роҷеъ ба ҳуқуқу уҳдадориҳои шахси таҳти назоратбуда, ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ ҳангоми амалисозии назорати маъмурӣ, аз ҷумла гирифтани маълумот аз ҷойи кор ва ё маҳали будубоши воқеии шахси таҳти назоратбуда дар бораи рафтори ӯ, даъват намудани шахси таҳти назоратбуда ба мақомоти корҳои дохилии маҳали будубоши воқеӣ барои гирифтани баёнот дар шакли шифоҳӣ ва ё хаттӣ оид ба масъалаҳои аз ҷониби ӯ риоя нагардидани маҳдудиятҳои муқаррарнамудаи суд ва иҷро нашудани уҳдадориҳои пешбининамудаи қонуни мазкур, инчунин асосҳои аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ додани иҷозат барои берун баромадан ба муҳлати кӯтоҳ аз маҳали будубоши воқеӣ ё маҳали муқаррарнамудаи суд муқаррар карда шудаанд.

Ҳамзамон, тибқи меъёрҳои дар боби 5 ҷойгирифта, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур ва тартиби мавриди амал қарор гирифтани он пешбинӣ шудааст.

Қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои огоҳсозӣ ва пешгирии такроран содир кардани ҷиноят, коҳиш ёфтани ҳолатҳои ретсидиви ҷиноят ва ҳуқуқвайронкуниҳои дигар, мусоидат менамояд. Бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ин масъала ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод:

Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро 29 – уми марти соли 2023 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Тибқи қонуни мазкур бо мақсади муқаррар намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ ба кодекси амалкунанда моддаи 1101 илова гардидааст.

Тибқи моддаи мазкур аз ҷониби корманди тиббии муассисаҳои табобатию профилактикӣ риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар ин муассисаҳо, ки боиси беасос пардохт кардани маблағҳои буҷетӣ гардидааст, ҳангоми набудани аломати ҷиноят ба андозаи аз даҳ то понздаҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷарима таъин мешавад.

Қисми 2 — юми модда, ки дар давоми як сол баъд аз таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдори зикргардидаро пешбинӣ намудааст, ҷазоро дар намуди ҷарима ба андозаи аз понздаҳ то бист нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар кардааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои баланд бардоштани масъулияти кормандони муассисаҳои табобатию профилактикӣ ва ҳифзи ҳуқуқ ба кумакпулӣ ҳангоми корношоямии муваққатӣ мусоидат менамояд. Аз шумо, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи навбатӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан ба Раҳмон Дилшод дода мешавад. Марҳамат.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­роту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани илова ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, онро 29 – уми марти соли 2023 Маҷлиси намояндагон қабул кардааст.

Мақсади қонуни мазкур бинобар пешбинӣ шудани ҷавобгарии маъмурӣ барои риоя накардани тартиби додани варақаи корношоямии муваққатӣ дар муассисаҳои табобатию профилактикӣ, аз тасҳеҳ ва мушаххас намудани ваколатҳои мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ иборат буда, ба ин васила ба моддаҳои 94, 95 ва 1211 кодекс тағйироту иловаи дахлдор ворид карда шудаанд.

Чунончи, дар қисми 1 моддаи 94 рақамҳои «133-137» ба рақам ва калимаҳои «133,134 (ба истиснои сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) иваз шуда, тибқи мазмуни он минбаъд баррасии парвандаҳо оид ба риоя накардани қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва техникаи бехатарӣ, инчунин сари вақт напардохтани музди меҳнат, нафақа ва идрорпулӣ аз ҷониби мақомоти назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ баррасӣ мешавад.

Ҳамзамон, ба қисми 1 моддаи 95 пас аз рақамҳои «110-123» рақамҳо ва калимаҳои «, 134 (дар қисми сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ) ва 140» илова гардида, тибқи мазмуни он минбаъд парванда оид ба сари вақт напардохтани кумакпулӣ, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ, инчунин, дидаю дониста додани маълумоти нодуруст ҳангоми таъин намудани кумакпулии иҷтимоии давлатӣ, аз номи мақомоти тандурустӣ сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва муовинони ӯ, сардорони сарраё­сатҳо ва раёсатҳои он дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва раёсати Хадамот дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баррасӣ мегардад. Дар робита ба ин муқаррарот, бо тағйироту иловаи зикршуда, аз қисми 2 моддаи 95 сархатҳои дуюму чорум ва аз қисми 1 моддаи 1211 рақами «140,» хориҷ карда шудааст. Тибқи меъёри мазкур, баррасии парвандаҳо оид ба дидаю дониста додани маълумоти нодуруст ҳангоми таъин намудани кумакпулии иҷтимоии давлатӣ аз ваколати мақомоти суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа хориҷ шудааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои аз ҷониби мақомоти марбута татбиқ намудани ваколатҳои дар кодекс муқарраршуда, мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйироту илова ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» шурӯъ мекунем. Сухан аз рӯи ­мас­ъа­­лаи мазкур ба Раҳмон Дилшод дода мешавад.

РАҲМОН Дилшод:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ф. Раҳимӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Ғафорзода, Х. Амонулло, Б. Аҳмадзода ва К. Исмоилиён пешниҳод гардида, онро 15 – уми марти соли 2023 Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул кардааст.

Мақсади қонуни мазкур арҷгузорӣ ба нақш ва аҳамияти ҳокимияти олии қонунгузорӣ ва мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ буда, ба моддаи 2 қонуни амалкунанда сархатҳои 65 -ум ва 82 – юм илова гардида, тибқи онҳо минбаъд 26 – уми сенятбр Рӯзи Маҷлиси Олӣ – парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва якуми декабр – Рӯзи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳамчун ид муайян гардидааст.

Қонун ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистон мутобиқ буда, барои рушди парламентаризми тоҷик ва баланд бардоштани ифтихори касбии кормандони мақомоти марбута мусоидат менамояд. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Одилбекова Лола дода мешавад. Марҳамат.

Лола ОДИЛБЕКОВА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйи­ру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 24 – уми майи соли 2023 қабул намудааст.

Мақсад аз қабули қонуни мазкур мутобиқ намудани Кодекси замин ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар ва такмили он буда, дар қисмҳои дахлдори моддаҳои 17 ва 27 тағйиру иловаҳои зарурӣ ворид шудаанд, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Хоҳиш­­­мандам онро ҷонибдорӣ намоед

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батӣ – Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» мегузарем. Марҳамат Лола Одилбеова.

Лола ОДИЛБЕКОВА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагон 19 – уми апрели соли 2023 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади мутобиқ намудани он ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардидааст.

Бо ин мақсад, дар моддаи 1 қонуни амалкунанда мафҳуми «туризми экологӣ» ба «сайёҳии экологӣ» иваз гардида, дар сархати сенздаҳуми моддаи мазкур мафҳуми нави «ҳифзи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» илова шудааст.

Қисми 1-уми моддаи 17 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд минтақаҳои ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ ва дар мувофиқа бо мақомоти дахлдори ҳокимияти иҷроия дар маҳалҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мешавад.

Мутобиқи таҳрири нави қисми 1-уми моддаи 26, паркҳои табиии давлатӣ дар ҳудуди барои ин мақсад ҷудокардашуда, инчунин қитъа­ҳои замини истифодабарандагони дигар ҷойгир карда мешаванд. Илова бар ин, дар як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда, тағйиру иловаҳои дахлдор ворид гардидааст, ки хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дорад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад.

Хоҳиш­­­ мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Гулзода Маҳмадшоҳ дода мешавад.

Маҳмадшоҳ ГУЛЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Д.Мансурӣ, П.Маликзод ва П.Шодизода пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19-уми апрели соли 2023 қабул намудааст.

Мақсади ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни амалкунанда аз такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқ намудани меъёрҳои он ба талаботи дигар санадҳои қонунгузорӣ мебошад.

Тағйиру иловаҳои пешбининамуда ба моддаҳои 1, 2, 3, 4, 5, 9, 11, 15, 20 қонуни мазкур хусусияти муайянкунанда ва мутобиқкунанда дошта, ба бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳои зикргардида ба талаботи дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ равона шудаанд.

Қонуни пешниҳод­гардида ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷод­кунӣ мувофиқ буда, аз аъзои Маҷлиси миллӣ бо камоли эҳтиром хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти калонсолон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем.

Сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 — юми майи соли 2023 қабул намудааст.

Қонуни мазкур, асосҳои ҳуқуқӣ, принсипҳо, самтҳои фаъолият, ташкил, низом, сохтор, ваколатҳо, ҳуқуқу уҳдадориҳо ва хизмат дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, инчунин тартиби таъминоти молиявӣ, моддӣ ва техникии онро бо мақсади гузаронидани аудити берунаи мустақили давлатӣ муайян менамояд.

Қонуни мазкур аз 10 боб ва 56 модда иборат буда, дар боби 1 — уми он вазъи ҳуқуқии Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоб, доираи амали қонун, принсипҳои фаъолият, вазифаҳо, ваколатҳо ва мустақилияти фаъолияти Палатаи ҳисоб инъикос ёфтаанд.

Дар боби 2 сохтори Палатаи ҳисоб, вазъи ҳуқуқии раис, муовини раис ва сараудиторон, ваколатҳои раис, муовини раис, сараудитор, ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб ва ваколатҳои он, инчунин бархӯрди манфиатҳо ва дастури Палатаи ҳисоб дарҷ гардидааст.

Талаботи тахассусӣ, тартиби таъин, муҳлати ваколат, боздош­тан ва қатъи ваколатҳои раис, муовини раис, сараудитор, роҳбари дастгоҳ, аудитор ва корманди дигари Палатаи ҳисоб дар боби 3 инъикос ёфтаанд. Бобҳои 4 ва 5 аудити молиявӣ, аудити самаранокӣ, хулоса аз натиҷаи аудити берунаи мустақили давлатӣ, мақсади гузарондани чорабиниҳои аудиторӣ, банақшагирии фаъолияти аудиторӣ, марҳилаҳои чорабиниҳои аудиторӣ, даврияти гузарондани аудит, усулҳои амалигардонии чорабиниҳои аудиторӣ, огоҳкунӣ дар бораи аудити гузарондашаванда, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои роҳбари объекти аудити Палатаи ҳисоб, ҷалб кардани коршиносони беруна, методологияи аудит, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои корманди Палатаи ҳисоб ҳангоми гузарондани аудит, дастрасӣ ба ҳуҷҷатҳо ва бартараф намудани камбудиҳои муайянгардида, хулосаи аудиторӣ, инчунин уҳдадорӣ барои иҷрои талаботи қонунии корманди Палатаи ҳисоб ва тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳоро ба танзим медарорад.

 Маблағгузории Палатаи ҳисоб, молу мулки он, ҳамкории Палатаи ҳисоб бо мақомоти давлатӣ, ҳамкории байналмилалӣ, ҳисоботи солона оид ба фаъолияти аудиторӣ, ҳисоботи махсус, ҳисоботи солона ва нашри ҳисоботи аудиторӣ дар бобҳои 6, 7 ва 8 дарҷ гардидааст.

Дар бобҳои 9 ва 10 аудити ҳисоботи солонаи молиявии Палатаи ҳисоб, баҳодиҳии мустақили берунаи сифати аудити гузарондаи Палатаи ҳисоб, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талабот ва тартиби мавриди амал қарор додани қонуни мазкур инъикос ёфтааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» оғоз мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

 Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 -уми апрели соли 2023 қабул намудааст.

Қонун асосҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодии фаъолият дар соҳаи алоқаи барқӣ, инчунин ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои соҳаи мазкурро муқаррар намуда, ба таъмини рушди инфрасохтории соҳаи алоқаи барқӣ равона гардидааст.

Қонун аз 5 боб ва 37 модда иборат буда, боби 1 вазифаҳо, мафҳумҳои асосӣ, принсипҳои фаъолият ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи алоқаи барқиро фаро мегирад.

Дар боби 2-и қонун идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, фаъолияти иҷозатномадиҳӣ ва иҷозатдиҳӣ, танзими истифодабарии радиоба­сомад, комиссияи давлатӣ оид ба радиобасомадҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тартиби сертификатсия, рақамгузорӣ ва хизматрасонии универсалӣ, инчунин дигар масъалаҳои идоракунии давлатӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ пурра инъикос ёфтааст.

Моликияти шабакаҳо, аз ҷумла шабакаҳои хусусиву давлатӣ ва истифодаи онҳо барои эҳтиёҷоти давлатӣ, ҳуҷҷатҳои пешниҳодшаванда ҳангоми пайвастшавӣ, пайвастшавии байнишабакавӣ, таъсису васеъкунии шабакаҳои алоқаи барқӣ, бартарафсозии оқибатҳои садама ва вайроншавии онҳо дар боби 3-и қонун муайян шуда, бобҳои 4 ва 5 ҳуқуқу уҳдадориҳои иҷозатномадор ва ҳуқуқу уҳдадориҳои истифодабарандаро ба танзим дароварда, ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи қонуни мазкур, инчунин тартиби мавриди амал қарор додани онро муқаррар кардааст.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳиш мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи алоқаи барқӣ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батии рӯзномаи иҷлосия — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 7 – уми июни соли 2023 қабул намудааст.

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии фаъолиятро дар соҳаи таъмини ченаки ягона бо мақсади қонеъ намудани талаботи шаҳрвандон ва иқтисодиёти мамлакат ба натиҷаҳои воқеӣ, боэътимод ва муқоисашавандаи ченак, ҳифзи саломатии аҳолӣ, муҳити зист, таъмини иқтидори мудофиавӣ ва амният муайян менамояд.

Қонун мазкур аз 6 боб ва 28 модда иборат буда, боби 1- уми он мафҳумҳои асосӣ, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъмини ченаки ягона ва принсипҳои соҳаи таъмини ченаки ягонаро дар бар гирифта, бобҳои 2 ва 3 – юми қонун масъалаҳои сиёсати давлатӣ, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини ченаки ягона, сохтори хадамоти метрологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои бузургӣ, маҳакҳои давлатии воҳид­ҳои бузургӣ, воситаҳои ченак ва усулҳои иҷрои ченкуниро ба танзим медарорад.

Боби 4 назорати метрологӣ ва назорати давлатии метрологӣ номгузорӣ карда шудааст, ки дар он объектҳо, соҳаҳо ва намудҳои назорати метрологӣ, инчунин тасдиқи навъ ва аттестатсияи метрологии воситаҳои ченак, санҷиши эътимоднокӣ ва андозагирии он, аттестатсияи воситаҳои санҷиш, аккредитатсияи хадамоти мет­рологӣ барои ҳуқуқи ҷои кор ва хизматрасониҳои метрологӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои шахсони мансабдоре, ки назорати метрологиро амалӣ менамоянд ва мусоидатнамоӣ ба шахсони мансабдори хадамоти давлатии метрологӣ пешбинӣ гардидааст.

Дар боби 5 маблағгузории ҳатмии давлатии корҳо оид ба таъмини ченаки ягона инъикос гардида, боби 6 муқаррароти хотимавиро дар бар мегирад.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини ченаки ягона» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» оғоз мекунем. Сухан ба Ҷумъа­зода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби узви Маҷлиси миллӣ ва як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – уми майи соли 2023 қабул намудааст.

Қонун бо мақсади танзими минбаъдаи муносибатҳо байни истеъмолкунандагон ва истеҳсолкунандагон, иҷрокунандагон ва фурӯшандагон қабул гардидааст.

Бо ин мақсад, дар моддаи 1-и қонуни амалкунанда мафҳуми бехатарии мол (кор, хизматрасонӣ) такмил дода шуда, ба моддаи 3 қисми дуюм бо мазмуни зерин илова карда шудааст: «Ҳуқуқҳои истеъмолкунандагонро қонун кафолат медиҳад.».

Дар моддаи 6 қисми 2 илова шудааст, ки мутобиқи он, минбаъд аз ҷониби фурӯшанда дар шартнома пешбинӣ намудани шартҳои иловагӣ нисбат ба хусусиятҳои техникии мол, ки истеҳсолкунанда муқаррар кардааст, манъ аст.

Мутобиқи иловаҳои дар моддаи 12 қисми 5 воридгардида, ҳангоми муайян намудани андозаи зараре, ки дар натиҷаи маълумоти нопурра ва беэътимод дар бораи мол (кор, хизматрасонӣ) расонида шудааст, бояд сифат ва хусусиятҳои мол (кор, хизматрасонӣ) минбаъд ба назар гирифта шавад.

Ҳамзамон, дар моддаи 19 қисми 12 бо мазмуни нав илова гардидааст, ки мутобиқи он талаботи истеъмолкунандагон, ки дар ҷараёни муҳлати кафолат бо шартҳои ба камбудии мол (кор, хизматрасонӣ) алоқаманднабуда пешниҳод шудааст, қонеъ карда намешавад.

Дар доираи қонуни пешниҳодгардида, сархати сеюми қисми якуми моддаи 28 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки мутобиқи он минбаъд истеъмолкунанда ҳангоми ошкор гардидани камбудии иҷрои кор (хизматрасонӣ) ҳуқуқ дорад бо хости худ талаб намояд, ки моли дигар аз ҳамон мавод бемузд ва бо ҳамон сифат тайёр ё кор (хизматрасонӣ) такроран бемузд иҷро карда шавад.

Илова бар ин, дар моддаи 38 қисми 2, сархати чорум илова гардидааст, ки тибқи он, мақоми давлатии зиддиинҳисорӣ минбаъд ташаккул ва пешбурди махзани иттилооти дастрасро дар соҳаи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.

Ҳамзамон, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйиру иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ мебошад. Хоҳиш­­­ мекунам, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» шурӯъ мекунем. Сухан ба Ҷумъазода Шарифҷон дода мешавад.

Шарифҷон ҶУМЪАЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» бо тартиби истифодаи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардида, онро Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 – уми майи соли 2023 қабул намудааст.

Қонуни мазкур бо мақсади танзими муносибатҳои соҳаи нафту газ, инчунин аз байн бурдани ихтилофот таҳия ва пешниҳод гардида, дар доираи он ба моддаи 1 мафҳумҳои нав, аз қабили конденсати газ, гази табиии моеъ, ҳамчунин талафоти технологӣ илова шудааст.

Дар доираи қонуни пешниҳодшуда, сархатҳои дуюм ва нуҳуми моддаи 5 дар таҳрири нав ифода шуда, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи мазкур мушаххас гардонидааст.

Бо назардошти рушди муносибатҳо дар соҳаи нафту газ ва ривоҷ ёфтани механизмҳои амалишавии талабот ба соҳа, моддаи 6 дар таҳрири нав ифода шудааст, ки ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатиро дар соҳаи нафту газ мукаммал намудааст. Илова бар ин, ба як қатор моддаҳои қонуни амалкунанда тағйироту иловаҳои дахлдор ворид шудааст, ки онҳо хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ доранд.

Қонун ба меъёрҳои конститутсионӣ, қонунҳои амалкунанда ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, мутобиқ буда, хоҳишмандам онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» шурӯъ менамоем. Аз рӯи ин масъала сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарламентӣ Раҳимӣ Фарҳод дода мешавад. Марҳамат.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Кумита Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 – уми марти соли 2023 таҳти №131 «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод»-ро мавриди баррасӣ қарор дод.

Бо қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод ҷонибдорӣ шудааст.

Зарурати иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод, пеш аз ҳама, мутобиқатнамоӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» буда, маводи зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Тоҷикобод пешниҳод шудааст.

Хоҳишмандем, ки онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Оид ба иваз намудани номи баъзе маҳалҳои аҳолинишини ноҳияи Тоҷикобод» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батӣ — Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷум­ҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он» мегузарем. Марҳамат Раҳимӣ Фарҳод.

Фарҳод РАҲИМӢ:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ, ҳозирини гиромӣ!

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми апрели соли 2023 таҳти №184 пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант ва номгузорӣ намудани он ба Сарбанд ҷонибдорӣ шудааст.

Зарурати таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Левакант саривақтӣ буда, маводи зарурӣ тибқи номгӯи ҳуҷҷатҳо оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, ки аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Левакант пешниҳод шудаанд, ҷонибдорӣ шудааст.

Хоҳишмандем онро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсис додани шаҳраки нав дар маркази маъмурии шаҳри Леваканти вилояти Хатлон ва Сарбанд номгузорӣ намудани он» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Ба муҳокимаи масъалаи нав­батӣ — Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.» шурӯъ менамоем.

Сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Ализода Зариф дода мешавад. Марҳамат.

Зариф АЛИЗОДА пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қироат мекунад:

- Мутобиқи банди 8 моддаи 69 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.» ирсол мегардад.

Лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷи­кистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Камолзода Р.» ба овоз монда шуда, қабул гардид.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Тибқи талаботи банди 103 Дас­тури Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Котиботи иҷлосия оид ба рафти иҷлосия, муроҷиатҳо ва ҳуҷҷатҳои ба унвони иҷлосияи Маҷлиси миллӣ воридшуда маълумот манзур менамояд. Доир ба ин масъала сухан ба раиси Котибот Вализода Абдуқодир дода мешавад. Марҳамат.

Абдуқодир ВАЛИЗОДА:

- Муҳтарам Раис, муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Унвонии Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум муроҷиат, ариза, дархост ворид нашудааст.

РАИС: — Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ!

Масъалаҳои рӯзномаи Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати шашум баррасӣ шуданд ва нисбат ба онҳо қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.

Доир ба рафти иҷлосия таклифу пешниҳодҳо бошанд, марҳамат иброз намоед. Нест.

Бо ҳамин Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

«Садои мардум».

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ