Иштироки вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласа оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои инсон дар Истанбул

№146 (4566) 23.11.2022

Изображение WhatsApp 2022-11-21 в 14.22.33322 — юми ноябри соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар кори ҷаласаи муштараки Дафтари минтақавии Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ ва Дафтари минтақавии Барномаи рушди СММ дар Истанбул иштирок намуд.

Зикр шуд, ки дафтарҳои Комиссари Олии Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи инсон ва Барномаи рушди СММ арзиши худро ҳамчун мақомоти муассири вокуниш ба пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон бо истифода аз нуфузи муассисаҳои миллии ҳуқуқи инсон барои қабули қарорҳои сиёсати миллӣ ба таври боварибахш ва бо стандартҳои байналмилалӣ исбот кардаанд.

Мавлуда Мирзозода иброз дошт, ки тибқи муқаррароти моддаи 14 — уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд тавассути Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, ҳифз карда мешаванд. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ заминаи устувор гузошта, рушди озоди ҳар шахс ва ҳуқуқу озодиҳои асосии инсон ва шаҳрванд, аз қабили озодии баён, гуногунандешӣ, ошкорбаёниро кафолат медиҳад.

- Ҳоло дар Тоҷикистон тадриҷан инсти­тутҳои гуногуни ҷомеаи шаҳрвандӣ, аз қабили созмонҳои ғайридавлатии ҳифзи ҳуқуқ, ташаккул меёбанд. Онҳо ба ин ё он дараҷа ба раванди сиёсӣ, ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон ва тараққиёти ҷамъият таъсир мерасонанд, — гуфт номбурда ва афзуд: — Мо ният дорем, ки минбаъд низ аз ин майдон барои таҳкими робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва экологии байни кишварҳоямон, ҳам дар заминаи бисёрҷониба ва ҳам дар заминаи дуҷониба, масъалаҳои марбут ба ҳуқуқи инсонро фаъолона ҳал намоем.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон