Иштироки вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи комиссияҳои АП СААД

№135-136 (4555-4556) 04.11.2022

IMG_2153Дуюми ноябри соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавлуда Мирзозода дар кори ҷаласаи нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ, ки дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон, аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд.

Дар он масъалаҳо «Дар бораи самтҳои афзалиятноки раёсати Ҷумҳурии Беларус дар Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар соли 2023», «Дар бораи натиҷаҳои кори ҷаласаи 22-юми зимистонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкории Аврупо (феврали соли 2023, Вена)», «Дар бораи ҳуҷҷатҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД, ки аз ҷониби Ассамблеяи парлумонии СААД ворид шудаанд» ва «Дар бораи рӯз ва ҷои гузаронидани маҷлиси навбатии комиссия ва рӯзномаи муваққатӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид шуд, ки фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷриба барои таъмини амнияту оромӣ дар минтақа омили асосӣ ба ҳисоб меравад.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон