Нуҳуми декабри соли 2022 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раъно Бобоҷониён дар Форуми нуҳуми умумироссиягии сулҳ, ки 6-8-уми декабри соли равон дар шаҳри Перми Федератсияи Россия баргузор гардид, аз тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Раъно Бобоҷониён дар мавзӯи «Дипломатияи мардумӣ ва таҳкими равобити Тоҷикистон ва Россия» баромад карда, аз ҷумла гуфт, ки шароити ҳозираи тезутунд шудани вазъият дар баъзе минтақаҳо ва таъсири манфии онҳо ба инкишофи муносибатҳои байналхалқӣ аз мо талаб мекунад, ки роҳҳои ба даст овардани сулҳу осоиш, таъмини ҳамфикрӣ ва боварӣ миёни давлатҳо ва халқҳоро ҷустуҷӯ кунем.
Дар ин замина, дипломатияи мардумӣ низ метавонад дар таҳияи пешниҳодҳо ва раҳоӣ аз ҳолатҳои буҳронии мавҷуда саҳми арзанда гузорад. Дипломатияи мардумӣ алҳол дар шароити мураккаби байналхалқӣ ҳамчун воситаи самарабахши ҷустуҷӯи роҳҳои якҷояи ҳалли проблемаҳои умумӣ бо роҳи мустаҳкам кардани боварии ҳамдигарӣ ва ҳамфикрии байни одамон баромад мекунад.
- Дар ин росто, ба унвони мисол, мехоҳам фаъолияти дипломатияи халқиро дар равобити Тоҷикистон ва Россия зикр намоям, — иброз дошт Раъно Бобоҷониён ва афзуд: — Дар робита ба дипломатияи мардумӣ Россия таҷрибаи ғанӣ дорад, зеро он кишвари сермиллат аст. Муносибатҳои наздики чандинасра ва табодули арзишҳои динию фарҳангӣ дар равандҳои ҳамгироии халқҳои Россия нақши бузург бозиданд ва имрӯз ин падидаро метавон сарвати бузурги Федератсияи Россия арзёбӣ кард.
Таъкид гардид, ки бояд аз мавқеи дипломатияи мардумӣ дуруст истифода бурда, дӯстиву наздикии анъанавиро таҳким бахшем ва вазъи орому амн дар минтақаро муштаракан ҳифз намоем.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон