Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовини раиси Ҷамъияти байналмилалии парлумони давлатҳои Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Ҷамшед Муртазозода рӯзҳои 20-25- уми сентябри соли 2023 бо даъвати Шабакаи ҷаҳонии «Глобал ТВ Кокус» дар кори Иҷлосияи сатҳи баланди СММ оид ба бемории сил, дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок ва суханронӣ намуд.
Дар ҷаласа таъкид шуд, ки бемории сил — бемории дар ҷаҳон хеле паҳнгардидаи бактериявии инсон ва ҳайвонот буда, барангезандаи он микобактерияи сил (чӯбчамикроби Кох) мебошад. Бемории сил (БС), асосан, ба шуш осеб расонида, баъзан ба узвҳо ва системаҳои дигар низ асар мегузорад.
Соли 1882 дар Олмон Роберт Кох пас аз 17 соли кор дар лаборатория барангезандаи бемории силро кашф намуд, ки онро батсилаи Кох (БК) ва ё чӯбчамикроби Кох номиданд. Ҳангоми зери микроскоп таҳқиқ намудани балғами шахси гирифтори бемории сил, ӯ ин барангезандаро пайдо кард. Ҳоло духтурони силшинос аз истилоҳи МБС (микобактерияи бемории сил) истифода мебаранд.
Бемории сил аз бемор ба шахси солим тавассути ҳаво ва оби даҳон паҳн мегардад. Ҳангоми сулфазанӣ, атсазанӣ ва ё балғампартоӣ бактерияҳои бемории сил аз шахсони гирифтори ин беморӣ ба ҳаво пош мешаванд ва барои сироятшавии инсон танҳо нафас кашидани миқдори камтарини чунин бактерияҳо кифоя аст.
Тақрибан аз се як ҳиссаи аҳолии ҷаҳон дорои бемории сили ниҳонӣ мебошанд. Хавфи гирифтори бемории сил шудани онҳо дар тӯли ҳаёти худ даҳ фоизро ташкил медиҳад, аммо ба шахсоне, ки системаи масунияташон заиф аст, мисли беморони ВНМО, нокифоягии ғизо, диабет ва ё тамокукашӣ, хавфи зиёди дучоршавӣ ба ин беморӣ таҳдид мекунад.
Вакили Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода аз ҷумла гуфт, ки бемории сил аз давраҳои дерин то ба имрӯз ҳамчун мушкилоти хеле муҳими иҷтимоӣ ва тиббӣ арзи вуҷуд дорад. То асри XX бемории сил воқеан табобатнопазир буд. Айни замон барномаи маҷмӯавӣ таҳия карда шудааст, ки барои ошкор намудан ва табобат намудани ин беморӣ дар марҳилаҳои ибтидоии инкишофи он имконият фароҳам меорад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон