Панҷуми апрели соли равон вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвина Маликзод дар конфронси байналмилалӣ зери унвони «Ҳадафҳои рушди устувор ва Конститутсия: таҷрибаи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай», ки дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар реҷаи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок намуд.
Конфронси мазкур бо ташаббуси Комиссияи конститутсионӣ оид ба ташаккули пешниҳодҳо ва татбиқи чораҳои ташкилӣ доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон, дар якҷоягӣ бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандии ин кишвар гузаронида шуд. Дар он намояндагони корпуси дипломатӣ, коршиносон ва таҳлилгарон низ иштирок намуданд.
Мақсади асосии ин ҳамоиш таҳлили муқоисавии инъикоси Ҳадафҳои рушди устувор дар конститутсияҳои кишварҳои аъзои СҲШ, таҳияи пешниҳод ва тавсияҳои дахлдор барои истифода баҳри ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошад.
Баромадкунандагон роҷеъ ба ҳамкориҳои самараноки ташкилотҳои ғайритиҷоратии давлатӣ ва ғайридавлатӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои миллии рушди устувор ва огоҳии ҷомеаи ҷаҳонӣ аз ислоҳоти конститутсионӣ дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ибрози назар намуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ