Иштироки вакилон дар ҷаласаи АБО

№134-135 (4874-4875) 08.11.2024

Фабрика форматовКАТАР~1Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммадулло Шерализода ва Азиз Гиёзода аз 4 то 7 ноябри соли ҷорӣ дар кори ҷаласаи комиссияи доимӣ оид ба буҷет ва банақшагирии Ассамблеяи байнипарламентии Осиё, ки дар Давлати Қатар баргузор гардид, иштирок намуданд.

Зимни ҷаласаи ассамблея вакилон лоиҳаи қарори банақшагирии буҷети ассамблея, инчунин, масъалаҳои баланд бардоштани самаранокӣ ва иқтидори ташкилии созмон ва ноил шудан ба ҳадафу вазифаҳои онро баррасӣ намуданд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ