Дар ҷаласаи комиссияи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (АП СААД), ки нуздаҳуми ноябри соли равон аз тариқи фосилавӣ доир гардид, масъалаҳои мубрами амнияти минтақавӣ ва байналмилалӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, вакилони Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода зимни иштирок дар он бобати масъалаҳои матраҳшаванда мубодилаи афкор намуда, инчунин, роҷеъ ба фаъолият гузориш доданд.
Таъкид гардид, ки алҳол хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар минтақаи масъулияти СААД, афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзоро тақозо менамояд.
Дар хотима аз рӯйи масъалаҳои баррасишуда қарорҳо қабул гардиданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон