Иштироки вакилон дар ҷаласаи АПО

№ 11.12.2024

Нуҳуми декабри соли 2024 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи Кумитаи доимии Ассамблеяи парламентии Осиё оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва рушди устувор, ки дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн баргузор гардид, иштирок  намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон Азиз Гиёзода, Муҳамадулло Шерализода ва  мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Комрон Ҷамшедзода дар шаҳри Манамаи Шоҳигарии Баҳрайн дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи парламентии Осиё, ҷаласаи Кумитаи Шурои тараққиёти иқтисодӣ, Шурои Олӣ оид ба корҳои занон ва дигар ҷаласаҳо иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласаи мазкур, ҳамчунин, қатънома дар бораи ташкили бозори энергияи Осиё қабул гардид.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ