Иштироки вакилон дар ҷаласаи парлумонии ИА

№148 (4888) 09.12.2024

IMG_79305-уми декабри соли 2024 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо роҳбарии муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  Мавсума Муинӣ дар кори ҷаласаи ҳамкориҳои парлумонии Иттиҳоди Аврупо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар  Шоҳигарии Белгия баргузор гардид, иштирок намуданд.

Дар доираи сафари корӣ ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо президенти Сенати Белгия Валерӣ Де Бю ва раиси Маҷлиси намояндагони Белгия Петер Де Рувер мулоқот намуданд.

Зимни мулоқотҳо дурнамои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ ва маҷмӯи масъалаҳои дуҷониба, фаъо­лияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Белгия, тавсеаи ҳамкории ҳар ду кишвар дар соҳаҳои мавриди эҳтимом матраҳ гардид.

Мавриди зикр аст, ки 2-юми декабри соли 2024 дар шаҳри Брюссел ҷаласаи XI Кумитаи ҳамкории байнипарлумонии Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо баргузор гардид. Дар ин нишаст ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Мавсума Муинӣ ва ҷониби Иттиҳоди Аврупоро Ҷузепина Принчӣ, Раиси ҳайати Парлумони Аврупо оид ба равобит бо Осиёи Марказӣ ва Муғулистон, роҳбарӣ карданд.

Дар рафти ҷаласа ҳамкории Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо дар доираи абзори байнипарлумонӣ баррасӣ гардида, ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба вазъи кунунӣ дар сиёсати ҷаҳонӣ,  тамоюли ҳамгироӣ, инчунин, мубориза бо таҳдид­ҳои амниятиро баррасӣ намуданд.

Инчунин, 3-юми декабри соли 2024 ҳайати парлумонии Тоҷикистон бо ноиби президенти Парлумони Аврупо Мартин Ҳойсик вохӯрӣ намуд. Зимни мулоқот ҷонибҳо густариши ҳамкории фарогир ва мутақобилан судмандро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар доираи сафари корӣ, ҳамчунин, дар сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Белгия бо намояндагони диаспораҳои тоҷикон дар Нидерланд ва Белгия мулоқот доир шуд, ки зимни он доираи васеи масъалаҳо, аз ҷумла дастовардҳо ва фаъолияти диаспораҳои тоҷикон, баррасӣ гардид. Мулоқоти мазкур шароити мусоидро барои мубодилаи андеша ва пешниҳодҳо фароҳам овард.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ