Иштироки вакилон дар ҷаласаи раисони кумитаҳои парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД

№21 (4604) 06.02.2023

IMG-20230201-WA0011Дуюми феврали соли 2023 дар Федератсияи Россия ҷаласаи дуюми раисони кумитаҳо (комиссияҳо)-и парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД, ки ба салоҳияти онҳо баррасии масъалаҳои муносибатҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният дохил мешаванд, баргузор гардид.

Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ, узви Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Фарҳод Раҳимӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Бахтовар Сафарзода иштирок намуданд.

Рӯзномаи иҷлосияро ба вакилон раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон, узви Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Леонид Калашников шарҳу тавзеҳ дод.

Дар ҷаласа масъалаҳо «Дар бораи ҳамоҳангсозии минбаъдаи фаъолияти ҳайатҳои парлумонии кишварҳои аъзои СААД дар созмонҳои байналмилалии парлумонӣ», «Дар бораи ҳамкориҳои Ассамблеяи парлумонии СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва дурнамои густариши шумораи нозирон ва шарикони Ассамблеяи парлумонии СААД», «Изҳороти Ассамблеяи парлумонии СААД, ки қабули онҳо дар соли 2023 имконпазир аст», «Оид ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Низомнома дар бораи иштироки Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ дар назорати байналмилалии интихобот ва раъйпурсӣ» ва «Дар бораи пешниҳодҳои эҳтимолии парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба талаботи умумии мониторинги парлумонии вазъи низомию сиёсӣ дар минтақаҳои амнияти дастаҷамъии созмон» мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Вобаста ба масъалаҳои ­зикршуда раиси Кумитаи доимии Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Беларус оид ба корҳои байналмилалӣ, амнияти миллӣ, узви Кумитаи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Сергей Рачков, котиби иҷроияи Ассамблеяи парлумонии СААД, намояндаи Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Сергей Поспелов, раиси Кумитаи Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия оид ба масъалаҳои ИДМ, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон, узви Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Леонид Калашников, муовини раиси Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон, раиси Кумитаи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Акоб Аршакян, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳамоҳангсозии фаъолияти Маҷлиси миллӣ бо Маҷлиси намояндагон, ҳокимияти иҷроия, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва робитаҳои байнипарлумонӣ, узви Комиссияи доимии АП СААД оид ба масъалаҳои сиёсӣ ва ҳамкории байналмилалӣ Фарҳод Раҳимӣ ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Равшан Раҷабзода баромад карданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон