3-юми октябри соли 2024 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Файзулло Қосимӣ дар ҷаласаи тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА, ки рӯзҳои 2-4 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Дублини Ирландия мегузарад, иштирок намуданд.
Иштирокчиёни ҷаласа масъалаҳои «Давраи низоъҳои САҲА: мусоидат ба муколама, ҳалли низоъ, дастгирии миёнаравӣ, созиш ва барқарорсозии пас аз низоъ», «Ҳалли буҳрони иқлимӣ: нақши вакилони парлумон дар иҷрои уҳдадориҳои глобалӣ дар пешорӯи COP 29» ва «Такмили идоракунии муҳоҷират дар минтақаи САҲА барои мусоидат ба рушди устувор»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ёдовар мешавем, ки 4 октябри соли равон ҷаласаи тирамоҳии Ассамблеяи парлумонии САҲА дар шаҳри Дублини Ирландия кори худро давом медиҳад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ