Иштироки вакилон дар чорабиниҳои сатҳи баланд

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

DSC_050521 майи соли 2021 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зоир Раҳмонзода дар Шӯрои коршиносони соҳаи тандурустии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва иҷлосияи шонздаҳуми Ассамблеяи байнипарлумонии ҷавонони давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз тариқи фосилавӣ дар қасри Тавричес­кийи шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд. 

Иштирокчиён масъалаҳои мубрами рӯзро, аз ҷумла, «Эволютсияи биоэтика. Тадқиқоти клиникӣ ва арзёбии технологияи саломатӣ, мушкилоти ҷорӣ», ­«Масъалаҳои ахлоқӣ дар тиҷорати дорусозии ҷаҳонӣ», «Низоми таснифоти байналмилалӣ ҳамчун заминаи ҳалли саривақтӣ ва муносиби масъалаҳои биоэтикӣ», «Таснифоти байналмилалии фаъолият, маъюбон ва саломатӣ асоси ташкили системаи барқарорсозии ҳамаҷонибаи маъюбон», «Ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон ва лоиҳаҳои давлатӣ дар соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зист», «Натиҷаҳои видеоконфронси байналмилалӣ «Ҷавонон — зидди ситоиши миллатгароӣ», «Тавсияҳо дар бораи чораҳо оид ба муайян ва дастгирии кӯдакон ва ҷавонони боистеъдод», «Ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар соҳаи ҳамкориҳои байналмилалии ҷавонон мутобиқи қарорҳои мақомоти ИДМ, ки солҳои 2020-2021 қабул шудаанд» мавриди баррасӣ қарор доданд.

DSC_0502Намояндагони парлумони кишвар таваҷҷуҳро ба мушкилоти экологии замони муосир ҷалб карда, таъкид намуданд, ки аз сабаби сарбории аз ҳад зиёди антропогенӣ, манзараҳои табиӣ тағйир меёбанд, мушкилоти ҳифзи гуногунии биологӣ меафзояд. Афзоиши офатҳои табиӣ, ки асосан бо мушкилоти тағйирёбии иқлим, буридани ҷангал ва ғайра алоқаманданд, боиси нигаронист.

Вакилон, ҳамчунин, дар бораи чораҳои аз ҷониби мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист амалигардида маълумот дода, иброз намуданд, ки бисёр қонунҳои қабулшуда, аз ҷумла, «Дар бораи ҳифзи муҳити зист», «Дар бораи минтақаҳои махсуси ҳифзшаванда», «Дар бораи аудити экологӣ», «Дар бораи иттилооти экологӣ» ва ғайра, бо дарназардошти ташаббусҳои қонунгузории ҷавонон, таҳия, қабул ва ҷонибдорӣ шуданд.

Дар фарҷом аз рӯи  масъалаҳои баррасигардида қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон