16-уми декабри соли 2024 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафар Ализода ва Сарвиноз Маҷидзода ҷиҳати иштирок дар Форуми 19-уми СММ оид ба идоракунии интернет дар мавзуи «Эҷоди ояндаи рақамии бисёрҷонибаи мо» ба шаҳри Риёзи Арабистони Саудӣ сафар намуданд.
Чорабинии мазкур бо ташаббуси Дерпартаменти масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид (UNDESA), Иттифоқи байнипарламентӣ (Inter- Parlamentary Union) баргузор гардида, зимни он масъалаҳои сиёсати рақамии давлатӣ, аз қабили зеҳни сунъӣ, киберамният, идоракунии маълумот ва ҳамкории рақамӣ баррасӣ мешавад.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ