Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии «Нақши ҳамкории фраксияҳои ҳизбҳои сиёсӣ ва блокҳо дар ҳамкории байнипарламентии давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил», ки аз 11 то 14-уми декабри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия баргузор гардид, иштирок намуданд.
Дар он намояндагони фраксияҳо ва блокҳои парлумонҳои Абхазистон, Озарбойҷон, Арманистон, Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Приднестров, Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Осетияи Ҷанубӣ, роҳбарон ва вакилони ҳамаи фраксияҳои Думаи давлатии Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Раиси Кумита оид ба корҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ҳамгироии АвруОсиё ва равобит бо ҳамватанон Леонид Калашников конференсияро ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки соли чорум аст чунин чорабинӣ баргузор мегардад.
- Конференсияи имсола ба соли «Ҳаракати волонтёрон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2024» бахшида шудааст, — зикр кард Леонид Калашников.
Раиси Ҳизби коммунистии Федератсияи Россия Геннадий Зюганов зимни суханрониаш иброз дошт, ки агар дар доираи ИДМ созиш ба вуҷуд ояд, на танҳо равобити сиёсӣ, балки иҷтимоию иқтисодӣ ҳам фаъол бошад, он гоҳ мо пеш меравем. Ҳамзамон намояндагони дигар фраксияҳо низ андешаҳояшонро баён намуданд.
Дар конференсияи байналмилалӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода, Рустам Раҳматзода, мушовири калони Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қадриддин Акрамов ва сармутахассиси Раёсати робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, ташрифотӣ ва ташкили кори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Каримҷон Содиқов иштирок ва маърӯза карданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон