Ҳамоише, ки 14 декабри соли равон дар шаҳри Доҳаи Давлати Қатар баргузор гардид, ба мавзӯи «Саҳми вакилон дар татбиқи нақшҳои миллии амал оид ба мубориза бо терроризм ва ифротгароии хушунатомези барои терроризм заминасоз» бахшида шуд.
Дар он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Баҳриддин Зиёӣ зимни баромад доир ба стратегияву барномаҳои кишвар вобаста ба мубориза бо терроризм ва ифтротгароӣ маълумот дода, аз ҷумла ёдовар шуданд:
- Тайи шаш соли охир ба қонунгузории мамлакат доир ба мубориза бо терроризм зиёда аз 50 маротиба, аз ҷумла 10 маротиба ба қонуни соҳавӣ, 47 маротиба ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироту иловаҳо ворид гардида, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» аввали соли 2020 дар таҳрири нав қабул карда шуд.
Ғайр аз ин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро дар сатҳи байналмилалӣ дар ин самт бо Ассамблеяи байнипарлумонӣ, Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ба роҳ монда, солҳои охир як қатор созишномаҳо ба имзо расонидааст, ки барои фаврӣ ба роҳ мондани муносибатҳои дутарафа ва бисёртарафаи мақомоти муборизабаранда ва муқовиматкунанда бо терроризму экстремизм мусоидат хоҳанд кард.
Инчунин, зикр гардид, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм», «Дар бораи муқовимат ба экстремизм», «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом», Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ дар сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ, амнияти миллӣ ва дигар субъектҳои муборизабаранда ва муқовиматкунанда амал мекунанд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон