Иштироки вакилон дар кори комиссияҳои АБ СААД

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

23-юми ноябри соли 2023 вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили мудофиа ва амният, ки дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт — Петербурги Федератсияи Россия дар реҷаи фосилавӣ (онлайн) баргузор гардид, фаъолона ширкат варзида, фикру андешаҳои хешро нисбат ба мавзӯъҳои дар ин чорабиниҳо баррасишуда иброз намуданд.

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи тавсияҳо оид ба ҷавобгарӣ барои кирдорҳои вобаста ба бо барқарор намудани натсизм ва таҳрифи ҳақиқати таърихӣ дар қонунгузории давлатҳои аъзои СААД», «Дар бораи лоиҳаи изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парламентии СААД»-ро баррасӣ намуданд.

Иштирокчиёни ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонии СААД дар идомаи суҳбат масъалаҳои мавриди баррасии ҷаласаи навбатиро дар шароити ихтилофоту муқовиматҳои ҷаҳони имрӯза хеле муҳим арзёбӣ намуда, иброз доштанд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои якҷоя, такмили механизми ин ҳамкориҳо дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи байнипарламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, эътибори ҷиддӣ медиҳад.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Н. АЛИЕВ