20 сентябри соли 2022 дар ҷаласаи мулоқоти намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ ва вакилони парлумонҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон вакилони Маҷлиси намояндагон, аъзои Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиззода Ғайрат ва Гиёзода Азиз Қодир иштирок ва суханронӣ намуданд.
Азиззода Ғайрат зимни баромадаш дар мавзӯи «Пешрафт дар самти такмили қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсати иқлимӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳои ба зимма гирифташуда оид ба иқлим» чунин иброз намуд:
- Ҳифзи муҳити зист ва экология, инчунин сиёсати мамлакатҳо оид ба иқлим дар ҷаҳон, хоса дар кишварҳои Осиёи Марказӣ масъалаи мубрам ба шумор рафта, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили заминаи қонунгузорӣ ва татбиқи сиёсат оид ба иқлим таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Зикр гардид, ки дар миёни кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон ба таъсири тағйири иқлим осебпазиртар аст, зеро 93 дарсади қаламрави он кӯҳистон буда, яке аз манбаъҳои асосии захираҳои оби Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Дар ҳамин ҳол, 60 дарсади манобеи оби минтақа аз пиряхҳои Тоҷикистон сарчашма мегирад. Раванди обшавии босуръати пиряхҳо бошад, дар натиҷаи баланд шудани ҳарорати ҳаво боиси афзоиши офатҳои табиӣ ва таназзули экосистемаи обӣ гардид. Ин падида ҳар сол боиси хароб шудани иншооти хоҷагии халқ ва расонидани хисороти зиёди молӣ ба аҳолии кишвар мегардад.
Узви Кумитаи иқтисод ва молияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви Комиссияи экологӣ Гиёзода Азиз Қодир дар мавзӯи «Тақвияти ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи тағйирёбии иқлим дар натиҷаи ҷаласаи чоруми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Чолпон-Ата» баромад намуда, диққати иштирокчиёнро ба саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тадбирҳои андешида дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ҷалб намуд.