22-23 октябри соли 2020 дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Санкт-Петербург, Қасри Таврический) чанд чорабинӣ баргузор гардид, ки дар онҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи видеоконфронс иштирок намуданд.
Аз ҷумла, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ дар ҷаласаи Форуми байналмилалии ҳизбӣ, ки таҳти унвони «ШОС+» дар мавзӯи «Иқтисодиёт барои инсонҳо» баргузор гардид, ширкат варзида, дар бораи «Самаранокии энергия ҳамчун омили муҳими таъмини «иқтисоди сабз» дар Тоҷикистон» маърӯза намуд. Ӯ иброз дошт, ки видеоконфронс равиши нави консептуалӣ оид ба таҷдиди саҳми ҷонибҳо дар индустрикунонии минтақа тавассути механизмҳои муаррифии иқтисод барои мардум ва гузариш ба тартиби нави технологӣ мебошад.
- Созмони ҳамкории Шанхай барои робитаҳои васеи байналмилалӣ кушода буд ва бояд боқӣ монад. Мо яке аз ҳадафҳои асосии СҲШ-ро дар пешбурди рушди устувори иқтисодӣ ва мунтазам баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум мебинем. Аз ин ҷиҳат, СҲШ афзалияти зиёд дорад, — гуфт номбурда.
Зикр гардид, ки аз фазои васеи иқтисодӣ, захираҳои бузурги табиӣ ва инсонӣ, сатҳи баланди маърифатӣ ва илмӣ — техникии аҳолӣ барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо истифода бояд бурд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ вобаста ба самти фаъолият раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода, оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода, оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов суханронӣ карданд.
Иштирокчиёни видеоконфронсҳо, тибқи рӯзномаҳои корӣ, якчанд масъалаи рӯзмарра, аз ҷумла, лоиҳаи Кодекси модели интихобот барои давлатҳои узви ИДМ, қонунҳои намунавӣ «Дар бораи лоиҳаҳои сармоягузории минтақавӣ», «Дар бораи мукофотҳои давлатӣ», лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҷуброни зиён ба шаҳрвандоне, ки аз ҷиноятҳо зарар дидаанд», «Дар бораи сармоягузорӣ ва бонкдории эътимоднок», «Дар бораи суғурта», «Дар бораи фаъолияти нархгузорӣ», «Дар бораи қонунҳои шартномавӣ (муқаррароти умумӣ)» ва ғайраро баррасӣ ва дар робита ба онҳо қарор қабул карданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон