25 ноябри соли равон муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода дар ҷаласаи Шӯрои Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (АБ ИДМ), ки таҳти раёсати Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, Раиси Шӯрои АБ ИДМ Валентина Матвиенко баргузор гардид, иштирок намуда, доир ба натиҷаи мониторинги маъракаҳои интихоботӣ дар фазои ИДМ ва интихоботи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 24 октябри соли 2021, фаъолияти гурӯҳҳои назоратӣ ва ҳамоҳангсозии онҳо гузориш дод.
Иштирокчиён, ҳамчунин, гузориши Раиси Кумитаи иҷроия, Котиби иҷроияи ИДМ Сергей Лебедевро дар бораи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ аз 15 октябри соли 2021 ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ аз 12 ноябри соли 2021 шуниданд.
Аъзои Шӯро, дар маҷмӯъ, 23 масъаларо мавриди баррасӣ қарор дода, вобаста ба ҳар яки он қарор қабул карданд. Дар интиҳо фаъолияти имсола натиҷагирӣ ва нақшаи кори АБ ИДМ барои соли 2022 қабул гардид.
Инчунин, раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Саидмурод Фаттоҳзода, Сумангул Тағойзода ва Машраб Файзулло дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок ва суханронӣ намуданд.
Зимни ифтитоҳи он, узви Кумитаи миллии парлумони Озарбойҷон оид ба муносибатҳои байналмилалӣ ва робитаҳои байнипарлумонӣ Расима Мусобекова, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва муовини раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Арманистон Рубен Рубинян муовинони раиси комиссияи зикршуда интихоб шуданд.
Ҳамчунин, лоиҳаи Изҳороти Шӯрои АБ ИДМ «Дар бораи 30 — солагии таъсисёбии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил» мавриди баррасӣ қарор гирифт. Қарор аст он дар ҷаласаи тантанавии АБ ИДМ, ки моҳи марти соли 2022 дар шаҳри Алмаатои Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор мегардад, қабул шавад.
Зимни ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба сиёсати иҷтимоӣ ва ҳуқуқи инсон, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон Сумангул Тағойзода иштирок дошт, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҳифзи саломатии рақамӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» ва «Дар бораи суғуртаи касбии кормандони соҳаи тиб» баррасӣ гардида, доир ба онҳо қарор қабул шуд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло дар кори ҷаласаи Комиссияи доимии АБ ИДМ оид ба иқтисодиёт ва молия иштирок намуд.
Дар он, аз ҷумла, зикр шуд, ки яке аз мушкилоте, ки бо дарназардошти воқеияти замон ба он диққати бештар дода шуд, раванди рақамикунонӣ дар иқтисодиёт мебошад. Айни ҳол комиссия дар ин самт лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи дороиҳои молиявии рақамӣ», «Дар бораи трансформатсияи рақамии соҳаҳои давлатҳои аъзои ИДМ», «Дар бораи трансформатсияи рақамии соҳаи хизматрасонӣ дар кишварҳои аъзои ИДМ» — ро омӯхта истодааст.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон