Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаҳои комиссияҳои АБ ИДМ

№135 (4397) 02.11.2021

29 октябри соли равон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (Санкт-Петербург, Қасри Таврический) чанд чорабинӣ баргузор гардид, ки дар онҳо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.

Аз ҷумла, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод дар ҷаласа оид ба мудофиа ва амният, инчунин оид ба ҳамоҳангсозии қонунгузорӣ дар соҳаи амният ва мубориза бо чолишҳо ва таҳдидҳои нав, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар ҷаласа оид ба илм ва маориф, вакилон Равшан Раҷабзода дар ҷаласа оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва Зоир Раҳмонзода дар ҷаласа оид ба фарҳанг, иттилоот, сайёҳӣ ва варзиш суханронӣ намуданд.

Иштирокчиён, тибқи рӯзномаҳои корӣ, якчанд масъалаи рӯзмарра, аз ҷумла, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти миллӣ», «Дар бораи низоми ягонаи даъвати ёрии таъҷилӣ», «Дар бораи амнияти ҷамъиятӣ», «Дар бораи тиҷоратӣ гардонидани натиҷаҳои фаъолияти зеҳнӣ дар соҳаи илм ва техника», «Дар бораи аттестатсияи (аккредитатсияи) давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи қонуни шартномавӣ (муқаррароти умумӣ)», «Дар бораи муомилоти молиявӣ», «Дар бораи роҳҳои таъмини иҷрои уҳдадориҳо», «Дар бораи фаъолияти суғурта», «Дар бораи маб­лағҳо», «Дар бораи маблағҳои пулӣ», «Дар бораи муомилоти молӣ», «Дар бораи қонунгузории шартномавӣ», «Дар бораи ҳифзи истеъмолкунандагон», «Дар бораи дастгирии давлатии кинематография», «Дар бораи фаъолияти театр», «Дар соҳаи рушди рақамӣ, фарҳанг, сайёҳӣ ва варзиш», «Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои давлатҳои аъзои ИДМ», лоиҳаи «Луғати истилоҳот ва мафҳумҳои марбут ба таъмини амнияти ҷамъиятӣ», инчунин, лоиҳаи тағйироту иловаҳо ба қонунҳои намунавӣ «Дар бораи амнияти сарҳадӣ», «Дар бораи сарҳади давлатӣ», «Дар бораи мақомоти (қувваҳои) сарҳадӣ»-ро баррасӣ ва дар робита ба онҳо қарор қабул карданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон