12 ноябри соли равон дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ҷаласаи Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ба таври фосилавӣ баргузор шуд, ки дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам, вакилон Сарвиноз Маҷидова, Мавлудахон Мирзозода ва Муҳаммадраҳим Юсуфӣ ширкат варзиданд.
Дар он, ки таҳти раёсати раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний доир гардид, вакилони парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ ва доир ба онҳо мубодилаи афкор намуданд.
Инчунин, масъалаҳо «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи ѓайринавбатии комиссияҳои Ассамблеяи парламентии СААД», «Дар бораи лоиҳаи барномаи фаъолияти Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба наздиксозӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзои он барои солҳои 2021-2025» ва «Дар бораи ворид намудани таѓйирот ба Низомномаи муваққатӣ оид ба Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (аз 30 марти соли 2007, бо иловаҳои минбаъда») мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният Анатолий Виборний, раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масъалаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва ҳуқуқӣ Игор Лавриненко ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Шоҳмурод Рустам суханронӣ намуда, иброз доштанд, ки баргузории ҷаласа далели равшани ҳамкориҳои байни давлатҳои аъзои СААД буда, ѓояи асосии он ҳамоҳангӣ ва якдилии давлатҳои аъзо мебошад.
Таъкид гардид, ки дар ҷаҳони муосир хатару таҳдидҳо ба амнияту суботи давлатҳо, аз ҷумла дар ҷуѓрофияи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ афзун гардида, тақвияти бештари ҳамгироии давлатҳои аъзои СААД-ро ҷиҳати мубориза ба онҳо тақозо менамояд.
Дар интиҳо нақшаи чорабиниҳо ва санадҳои нав ба имзо расида, барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Шӯрои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ пешниҳод гардиданд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон