18 марти соли равон дар қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия ҷаласаи комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) оид ба масоили сиёсӣ ва ҳамкориҳои байналмилалӣ, мудофиа ва амният, иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, сиёсати хориҷӣ баргузор гардид, ки дар он намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар АП СААД Бахтовар Сафарзода аз тариқи ҳузурӣ, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, вакилон Мавлудахон Мирзозода, Зайниддин Сафаров, Равшан Раҷабзода, Сарвиноз Маҷидова, Толибхон Азимзода аз тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон дар баррасии масъалаҳои ҷустуҷӯи роҳҳои вусъат бахшидан ба равандҳои ҳамгироии иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ иштирок намуда, бо дарназардошти авзои кунунии ҷаҳон ва тазодҳои он, таъмини амнияти минтақавиро муҳим арзёбӣ карданд.
Зикр гардид, ки маҳз фаъолияти дастаҷамъона ва мубодилаи таҷриба метавонад воситаи ягонаи таъмини амнияту оромӣ дар минтақа бошад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон