Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Шӯрои коршиносони иқтисодии АБ ИДМ

№53 (4315) 22.04.2021

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Машраб Файзулло ва вакили Маҷлиси намояндагон Рустам Раҳматзода, ки бевосита узви комиссияи Шӯрои экспертӣқтисодии Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои аъзои ИДМ мебошанд, 20 апрели соли равон дар ҷаласаи Шӯрои экспертӣ оид ба иқтисод аз тариқи фосилавӣ иштирок намуданд.

Зимни он қарорҳое, ки Шӯрои коршиносон аз 27 октябри соли 2020 қабул кардааст, аз ҷумла масъалаи татбиқи банақшагирӣ ва пешгӯии дарозмуддат, сармоягузории асосӣ, дастгирӣ ва рушди соҳаҳои технологияи баланд, сиёсати пулӣ ва фаъолияти савдои хориҷии давлатҳои аъзои ИДМ, инчунин, равишҳои асосии таҳиягарон ба таҳияи лоиҳаҳои Консепсияи рушди қувваҳои истеҳсолкунандаи ИДМ, тавсияҳои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ оид ба рушди ҳамкории давлатҳои аъзои он дар соҳаи амнияти иқтисодӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон