Зимни ҷаласаи вакилони парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳаждаҳуми марти соли равон аз тариқи фосилавӣ доир гардид, масъала «Дар бораи тағйирёбии иқлим» мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода, раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Маҳмадраҳим Юсуфӣ, инчунин, намояндагони вазоратҳои корҳои хориҷӣ, идораҳои ҳифзи муҳити зисти кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки масъули иҷрои Созишномаи Париж дар кишварҳояшон мебошанд, кормандони шуъбаҳои байналмилалӣ, сафоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ аз ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон ширкат варзиданд.
Вакилони парлумони кишвар зикр карданд, ки соли 2017 Тоҷикистон яке аз аввалинҳо шуда, ба Созишномаи Париж имзо гузошта, мунтазам барои такмили қонунгузорӣ ҷиҳати мусоидат ба татбиқи тадбирҳои тағйирёбии иқлим чораҳо меандешад.
Ҳамчунин, таъкид гардид, ки муколама байни парлумони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баррасии масъалаҳои мубрами идоракунии муҳити зист дар минтақа, мубодилаи дониш, таҷрибаи пешқадам бо ташаббуси Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ (CAREC) ва дастгирии Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад. Зимнан, шарикони миллӣ ва байналмилалии рушд ҳавасмандиро барои муколамаи мунтазам ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ ва таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ иброз доштанд.
Дар хотима аз рӯи масъалаи баррасигардида қарор қабул гардид.