Иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамоиши маҷозӣ

№55 (4475) 06.05.2022

IMG_5304Баргузории чунин ҳамоишҳоро омили муҳими тақвияти ҳамкории байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо арзёбӣ намуда, вакилон, ҳамчунин, иброз доштанд, ки ҳоло дар мақоми олии қонунгузори кишвар ҳабдаҳ нафар вакилзан фаъолият доранд.

Зикр гардид, яке аз муҳимтарин самтҳои сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста баланд бардоштани мақому манзалати зан дар ҷомеа ба шумор рафта, роҷеъ ба он чандин санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, стратегияву барномаҳои давлатӣ қабул ва амалӣ шуда истодаанд. Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробарҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амалигардонии онҳо», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадр­ҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2017 — 2022» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи нақшаи амали «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2020» баҳри таҳкиму самаранокии фаъолияти занон дар соҳаҳои гуногун равона гардидаанд.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон