Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода ва узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дар Иҷлосияи 29-уми солонаи Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, ки 2 июли соли равон дар шаҳри Бирмингеми Британияи Кабир оғоз гардид, иштирок доранд.
Дар он масъалаҳои сиёсӣ, башардӯстона, амниятӣ, барқарорсозии иқтисодиёт пас аз пандемияи COVID — 19, муҳоҷират, вазъияти башардӯстона дар Афғонистон, хариду фурӯши одамон, амният ва ҷиноятҳои киберӣ, бехатарии ядроӣ ва манъи яроқи ядроӣ, ифлосшавӣ ва тағйирёбии иқлим, истиқлолияти ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии ВАО ва мубориза бар зидди маълумоти бардурӯғ мавриди баррасӣ қарор хоҳанд гирифт.
Раиси Палатаи обшинаҳо Линдси Ҳойл дар оғози ҷаласа гуфт: «Парламенти Британияи Кабир аз мизбонии ҷаласаи солонаи Ассамблеяи парлумонии САҲА шарафманд аст. Мо шарикиро бо дигар вакилони парлумон қадр мекунем ва мехоҳем форуми мусоид барои мубоҳисаҳои муҳим эҷод гардад. Тавассути муколама ва ҳамкорӣ Аврупо ва ҷаҳонро бехатар мегардонем ва демократияро мустаҳкам мекунем».
Раиси Палатаи лордҳо Ҷон Макфолл иброз дошт: «Ҳоло беш аз пеш, аъзои парлумонҳо бояд дар ҳамкорӣ барои ҳалли мушкилоти зиёди амнияти миллӣ ва ҷаҳонӣ, ки ба ҳама дахл доранд, ҳамкорӣ кунанд. Хушҳолам, ки парлумони Британияи Кабир бори аввал дар ду даҳсолаи охир мизбонии ин нишасти муҳимро бар уҳда дорад ва умед дорам, ки имсол бо ҳамкасбон дар Бирмингем мулоқот кунам».
Ёдовар мешавем, ки дар сессияи солона, ки дар маркази конфронси байналхалқӣ ҷараён дорад, шахсони олирутбаи Британияи Кабир ва САҲА низ иштирок доранд. Ба ҷуз аз ҷаласаҳои пленарӣ ва умумии кумита дар иҷлосияи солона, ҳамчунин, баргузории ҷаласаи кумитаи доимии АП САҲА, вохӯриҳои сершумори дуҷониба ва чорабиниҳои иловагӣ дар назар дошта шудаанд.
Иҷлосия фардо корашро ба анҷом мерасонад.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон