Нуҳуми марти соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода ва вакилони Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода, Сайҷаъфар Усмонзода дар кори конференсияи байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсат, барномаҳо ва таҷрибаҳои бомуваффақият, аз нав дида баромадани қонунҳо, тавонмандсозии оилаҳо ва динамизми ҳаракатҳои иқтисодӣ», ки дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор гардид, аз тариқи фосилавӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.
Конференсия бо ташаббуси Парлумони Эрон ва Ассамблеяи парлумонии Осиё баргузор гардида, дар он намояндагони парлумонҳои кишварҳои Афғонистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Кипр, Амороти Муттаҳидаи Араб, Индонезия, Қазоқистон, Лубнон, Уммон, Покистон, Филиппин, Қатар, Россия, Таиланд, Туркманистон, Ветнам ва Яман низ ширкат варзиданд.
Зимни он зикр гардид, ки камбизоатӣ, бекорӣ, нобаробарии иҷтимоӣ, тақсимоти синфӣ ва шаклҳои тағйирёбандаи муносибатҳо ва ҳамкориҳо ва тағйирёбии шаклҳои истеъмол дар замони муосир маъмулӣ гардида, қабули ҳама гуна идоракунии фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, нақшаҳо ва сиёсатҳои стратегӣ метавонад ба тақсимоти дурусти захираҳо ва маблағҳо мусоидат ва мушкилоти иқтисодиро бартараф созад.
Дар фарҷом аз рӯи масъалаҳои баррасигардида қарорҳо қабул гардиданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ