13-уми октябри соли 2023 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва вакили Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода бо Раиси Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Валентина Матвиенко дар кори Форуми байналмилалии «Рушди устувори манотиқи кӯҳистон» ва ҷаласаҳои комиссияҳои доимии Ассамблеяи байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои мудофиа ва амният, оид ба иқтисод ва молия, оид ба сиёсати аграрӣ, захираҳои табиӣ ва экология, оид ба назорати буҷет дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия иштирок намуданд.
Дар ҷаласаҳои мазкур вакилони парлумон ва коршиносон аз ҷумҳуриҳои Озарбойҷон, Белорус, Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, Федератсияи Россия, намояндагони ҷомеаи коршиносӣ ва созмонҳои илмӣ, кормандони котиботи Шӯрои Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ширкат доштанд.
Дар ҷаласаҳо лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии маҳаллӣ, инчунин, масъалаҳои дастгирии молиявии нақшаи кории Ассамблеяи байнипарламентии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барои соли 2024 баррасӣ шуданд. Аъзои комиссия лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи истеҳсоли органикӣ»-ро баррасӣ ва тасдиқ намуданд.
Вакилони парлумон лоиҳаҳои қонунҳои намунавӣ «Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера», «Дар бораи ҳифзи хок» ва «Дар бораи мониторинги муҳити зист»-ро баррасӣ карданд. Аъзои комиссия пас аз муҳокима ба муаллифони лоиҳаҳо таклиф намуданд, ки коргузории ҳуҷҷатҳоро ба охир расонда, дар маҷлиси оянда пешниҳод кунанд.
Коршиносон дар бораи рафти кор оид ба лоиҳаи «Консепсияи намунавии таълими экологӣ барои кишварҳои ИДМ» маълумот шуниданд. Зикр гардид, ки экология дигар фанни байнисоҳавӣ набуда, балки як фанни таълимӣ мебошад. Тағйир додани таҳсилоти экологӣ одамонро масъулиятноктар намуда, ба рушди устувори иҷтимоию иқтисодии давлатҳо бо хароҷоти камтар мусоидат мекунад. Кор оид ба лоиҳаи «Консепсияи намунавии рушди устувори минтақаҳои кӯҳӣ барои кишварҳои узви ИДМ» идома дорад.
Аъзои парлумонҳо, ҳамчунин, масъалаҳои Конгресси X байналхалқии экологии Неваро, ки рӯзҳои 25 ва 26-уми майи соли ҷорӣ баргузор гардида буд, муҳокима намуданд. Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, об ва захираҳои замин Рустам Латифзода ба аъзои комиссия қарорҳоеро, ки дар ҷамъбасти чорабинии густурда қабул шудааст, пешниҳод намуд.
Ҳамчунин, дар ҷаласаи Комиссияи АБ ИДМ оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният таъкид карда шуд, ки бо мақсади татбиқи «Барномаи ҳамкории давлатҳои аъзои ИДМ дар мубориза бар зидди терроризм ва дигар зуҳуроти зӯроварии ифротгаройӣ барои солҳои 2020-2022» бо мақсади такмил ва ҳамоҳангсозии минбаъдаи қонунгузории миллии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соҳаи амният идома додани лоиҳаи Қонуни намунавӣ «Дар бораи амнияти ҷамъиятӣ», ки аз ҷониби Маркази зиддитеррористии маркази давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил таҳия шудааст, бо назардошт эродҳои ироагардида тадбирҳо роҳандозӣ мешаванд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон