Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияташро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба роҳ монда, дар соли 2023 дар самти таъминоти ҳуқуқӣ, ташкилӣ, иттилоотию таҳлилӣ, моддӣ ва хизматрасонии дигари фаъолияти Маҷлиси миллӣ, Шурои Маҷлиси миллӣ, кумитаҳо, комиссия ва аъзои Маҷлиси миллӣ корҳои муайянро анҷом дод.
Дар давраи ҳисоботӣ саъю талоши кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, пеш аз ҳама, ба амалигардонии тадбирҳо оид ба омодагӣ, баргузорӣ ва инъикоси чорабиниҳои Маҷлиси миллӣ, танзими мулоқоту сафарҳои Раиси Маҷлиси миллӣ, ташкили назорати иҷрои саривақтии қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон, Маҷлиси миллӣ ва шурои он, инчунин, қарору амрҳо ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллӣ равона карда шуд.
Дар давоми соли 2023, дар маҷмӯъ, 316 дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллӣ ба қайд гирифта шуданд, ки аз ин 191 супориш таҳти назорат қарор дода шуда, 125 ҳуҷҷат барои маълумоту корбарӣ қабул гардид. Баҳри таъмини иҷрои саривақтию самараноки супоришҳои мазкур бо мақомоти корӣ ва аъзои Маҷлиси миллӣ ҳамкорӣ ба роҳ монда шуда, дар давраи ҳисоботӣ иҷрои пурраи 186 супориш таъмин гардид. Бо назардошти муҳлати муайянгардида 5 супориши дигар таҳти назорат ва мавриди иҷро қарор дорад.
Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар ин давра дар таҳияву мувофиқасозии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ҳамчунин, амалӣ намудани дигар тадбирҳои омодагӣ ҷиҳати дар сатҳи баланд гузарондани 4 иҷлосияи Маҷлиси миллӣ, 4 ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ ва 18 ҷаласаи кумитаҳои Маҷлиси миллӣ ҳамаҷониба мусоидат намуда, аз натиҷаи баррасии масъалаҳо, дар маҷмӯъ, 86 қарори Шурои Маҷлиси миллӣ (аз ҷумла 32 қарор бо роҳи пурсиши аъзои Шурои Маҷлиси миллӣ) қабул гардида, бо тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ ҷиҳати таҳия ва ба тасвиб расондани амру қарорҳои Раиси Маҷлиси миллӣ таваҷҷуҳи зарурӣ равона гардид. Вобаста ба масъалаҳои дахлдор, аз ҷумла дар бораи даъвати ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллӣ 4 қарор, даъвати иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ 4 қарор, дар бораи сафарҳои хизматии аъзои Маҷлиси миллӣ 19 қарор, ҷамъ 27 қарори Раиси Маҷлиси миллӣ таҳия ва ба имзо расиданд.
Дар иҷлосияҳои сенздаҳум, чордаҳум, понздаҳум ва шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ, ки мувофиқан 15 март, 16 июн, 3 ноябр ва 27 декабри соли 2023 баргузор гардиданд, дар маҷмӯъ, 111 қарор ва доир ба дигар масъалаҳо 25 қарор қабул гардид.
Аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ 86 қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз он 13 қонуни мукаммал, 3 пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 5 пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба интихоб ва бозхонд намудани судяҳо баррасӣ гардида, ҷонибдорӣ карда шуданд.
Қарорҳои Маҷлиси миллӣ ва шурои он, инчунин, амру қарорҳои Раиси Маҷлиси миллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи Дастури Маҷлиси миллӣ ва дастурамали коргузорӣ дар Маҷлиси миллӣ ба расмият дароварда шуда, ба сохторҳои дахлдор дастрас гардидаанд.
Барои ҷойгир намудан ба сомонаи Маҷлиси миллӣ шакли электронии санадҳои мазкур ва барои интишор дар нашрияи Маҷлиси Олӣ — «Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарорҳои иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ ва Шурои Маҷлиси миллӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, тибқи муқаррарот, ирсол карда шуданд.
Рафти иҷлосияҳои Маҷлиси миллӣ стенограмма карда шуда, дар бойгонии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ маҳфуз мебошанд.
Бо мақсади такмили қонунгузории кишвар кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ дар самти фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ҳамкории самарабахш ба роҳ монда, дар ин самт ба онҳо ҳамаҷониба мусоидат намудаанд.
Дар соли 2023 бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ Раҷаббой Аҳмадзода, Алишер Мирзонабот, Дилшод Раҳмон, Фарҳод Раҳимӣ, Маҳмадшоҳ Гулзода, Шарифҷон Ҷумъазода, Мадина Набизода, Фирӯза Мӯъминзода, Фарзона Хоҷазода, Ҳусния Раҷабзода, Бозоралӣ Одиназода, Илҳом Амонзода, Мусо Мирзозода, Фаррух Додхудо, Раҳимҷон Муқимӣ, Фазлиддин Шоиддинов, Ҳасан Дӯстзода, Зарифхуҷа Шоҳиён ва Мақсудалӣ Умарализода 18 лоиҳаи қонунҳоро таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд.
Қонунҳои зикршуда дар доираи «Нақшаи амали Маҷлиси миллӣ барои солҳои 2020-2025» дар партави муроҷиат ва роҳнамоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум аз 17 апрели соли 2020, «Нақшаи чорабиниҳои Маҷлиси миллӣ оид ба тарғибу ташвиқ ва амалигардонии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дастуру супоришҳои Раиси Маҷлиси миллӣ дар бораи тақвият додани ҷавобгарӣ барои ҷиноятҳо ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсии хурдсолону ноболиғон, баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзандон таҳия ва пешниҳод гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» дар заминаи ташаббуси ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҳифзи пиряхҳо бо ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон дар шакли мукаммал таҳия ва қабул гардида, дар Иҷлосияи шонздаҳуми Маҷлиси миллӣ ҷонибдорӣ ёфта, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 3 январи соли 2024 ба имзо расид.
Дар ин давра Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ фаъолиятро дар самти таҳкими робитаҳои хориҷӣ, байнипарламентӣ, хизматрасонии иттилоотию таҳлилӣ ва ташкилию моддии чорабиниҳои байналмилалӣ дар сатҳи зарурӣ анҷом дод.
Маҷлиси миллӣ таҳкиму густариши муносибатҳоро, ки дар замони муосир василаи муҳим ва муассири тақвияти ҳамкориҳои байнидавлатӣ арзёбӣ мегардад, самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, ҳамкории байнипарламентиро бо парламентҳои кишварҳои дуру наздик тақвият дод.
Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ чун ҳарвақта ба раванди танзим ва инъикоси васеи чорабиниҳо, ки бо иштироки Раиси Маҷлиси миллӣ доир мегарданд, таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуд. Аз ҷумла, давоми соли 2023 ҷиҳати танзими сафарҳои расмию кории Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Қирғизистон, мулоқотҳо бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Россия Михаил Мишустин, Президенти Туркманистон Сардор Бердимуҳаммедов, Раиси Сенати Олий Мажлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева, муовини Сарвазири Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин, муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия Н.А. Журавлёв, сафири фавқулода ва мухтори Иёлоти Муттаҳидаи Америка дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Федеративии Германия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбари Фонди саудии рушд, инчунин, сафари расмии муовини раиси Кумитаи доимии Маҷлиси умумичинии намояндагони халқи Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Тсинвэй ба Тоҷикистон корҳои ташрифотию тадорукотӣ дар сатҳи зарурӣ роҳандозӣ гардида, ин чорабиниҳо тавассути сомонаи мақомот, воситаҳои ахбори оммаи ватанӣ ва шабакаҳои иҷтимоӣ инъикос карда шуданд.
Дар соли 2023 аъзои Маҷлиси миллӣ ва кормандони масъули Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ ва байнидавлатии дар Федератсияи Россия, ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузоршуда 19 сафар анҷом дода, Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари соҳибистиқлолу демократӣ, ҳуқуқбунёду арҷгузор ба арзишҳои умумибашарӣ ва узви ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд.
Барои ширкати фаъолона ва саҳмгузорӣ дар рушди парламентаризм дар асоси пешниҳоди Раиси Маҷлиси миллӣ муҳтарам Рустами Эмомалӣ, аъзои Маҷлиси миллӣ Шарифҷон Ҷумъазода, Мусо Мирзозода ва Фарзона Хоҷазода инчунин, хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ Искандаршоҳ Каримзода ва Мавлуда Шоева бо медали «30-солагии АБП ИДМ», Гулчин Ҳақназариён, Муҳаббати Камол, Алишер Назарзода ва Ойбек Зойиров бо нишони фахрии «30-солагии АБП ИДМ» сарфароз гардонда шуданд.
Инчунин, бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Раиси Маҷлиси миллӣ 13 хизматчии давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, ки маълумоти олии ҳуқуқшиносӣ доранд, бо рутбаҳои дараҷавӣ сарфароз гардонда шуданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар самти ба низом даровардани коргузорию ҳуҷҷатнигорӣ корҳои дахлдор анҷом дода шуда, ба Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ 1837 мавод ворид гардид, ки аз 86 қонуни барои ҷонибдорӣ воридшуда, 67 қонуни баимзорасида, 20 фармону амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 8 пешниҳоди Президент ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 494 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 10 барқияву телефонограммаи ҳукуматӣ ва хизматӣ, 100 номаи табрикотӣ унвонии роҳбарият ва аъзои Маҷлиси миллӣ, 384 маводи дохилӣ, 670 мукотибаи расмӣ аз мақомоти гуногуни давлатӣ ва ғайридавлатӣ, 1183 муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, аз ҷумла 911 муроҷиати шахсони воқеӣ, 12 муроҷиати шахсони ҳуқуқӣ, 11 муроҷиати электронӣ ва 249 муроҷиати шифоҳӣ, иборат мебошад.
Дар ин давра аз Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ 338 ҳуҷҷат ба мақомоти давлатӣ, шахсони воқеию ҳуқуқӣ ва созмонҳои хориҷӣ содирот карда шуд.
Яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ кор бо муроҷиати шаҳрвандон мебошад. Дар Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ қабули шаҳрвандон, тибқи ҷадвали тасдиқшуда, роҳандозӣ гардида, дар давоми сол 249 шаҳрванд қабул карда шуда, муроҷиатҳои онҳо дар асоси қонун баррасӣ ва ба онҳо аз ҷониби масъулон маслиҳатҳои ҳуқуқӣ дода шуд.
Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониш ва тахассуси кормандони Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ, таҳкими интизоми иҷро ва меҳнат, тибқи нақшаи бозомӯзии хизматчиёни давлатӣ, дар мавзӯъҳои гуногун семинару машваратҳои омӯзишӣ гузаронда шуданд.
Дар давоми соли 2023 тибқи даъвати Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматчиёни давлатии Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ дар курсҳои тахассусӣ дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили ихтисос фаро гирифта шуданд.
Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи донишу малакаи касбии кормандон ва таҳкими интизоми меҳнатӣ пайваста чораандешӣ намуда, минбаъд низ баҳри мусоидат ба рушди парламентаризм ва фаъолияти қонунэҷодкунӣ, густариши муносибатҳои байнипарламентӣ ва ба даст овардани натиҷаҳои назарраси хизматӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода хоҳад бурд.
www.majmilli.tj