Ҳисоботи «Қонунгузор» дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон

№23 (4443) 19.02.2022

DSC_233217 феврали соли 2022 дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раиси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Фозил Обидзода ва аъзои он, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим Мирзозода, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Ҷумъахон Ҷӯрахонзода ҷаласаи ҷамъбастӣҳисоботии ташкилоти ибтидоии Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон «Қонунгузор» доир шуд.

Зимни он масъалаҳо «Оид ба фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» дар соли 2021 ва тасдиқи нақшаи кории он барои соли 2022», «Дар бораи озод намудани котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор», «Дар бораи интихоби котиби ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор», «Дар бораи интихоби аъзои раёсати ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор», «Дар бораи андешидани тадбирҳои амалӣ ҷиҳати тарғибу ташвиқ ва дар амал татбиқ намудани Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021» мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Раиси ташкилоти ибтидоии ҲХДТ «Қонунгузор» дар Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Наҷибулло Оқилзода иброз дошт, ки фаъолияти ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ соли 2021 дар асоси дастуру супоришҳои Раиси ҲХДТ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нақшаи чорабиниҳои КИМ ҲХДТ ба роҳ монда шуда, чун ҳамеша ба масъалаҳои тарғиби дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, раванди сиёсати дохиливу хориҷӣ, татбиқи воқеии сиёсати бунёдкоронаю созандаи Президенти мамлакат равона гардид. Соли гузашта бандҳои нақшаи чорабиниҳо, Кумитаи иҷроияи марказӣ ва нақшаи дохилии ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» сари вақт ва пурра иҷро шуданд.

DSC_2318Узви Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон Саодатшо Мат­робиён ва раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе Иброҳим  Мирзозода низ доир ба ҷанбаъҳои алоҳидаи фаъолият ва идеяву барномаҳои ҳизб ибрози андеша намуданд.

Дар фарҷом ба аъзои нав шаҳодатномаҳои ҳизбӣ ва ба фаъолони аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Қонунгузор» Ифтихорнома ва Сипосномаҳои КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе тақдим гардиданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ