Мувофиқи маълумоти Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ омили аз рӯи аҳамият аввалине, ки ба саломатӣ ва некуаҳволии аҳолӣ таъсир мерасонад, ғизо мебошад. Ҳоло вайроншавии мубодилаи ғизо, аз ҷумла, норасоии ғизо, нокифоягии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан ва фарбеҳӣ, инчунин бемориҳои ғайрисироятии (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) бо ғизои носолим асоснокшуда боиси талафоти зиёди иҷтимоию иқтисодӣ барои одамон, оила, ҷамоат ва давлатҳои алоҳида мегардад.
Бо мушкилоти ғизои носолим дар ин ё он шакл – ғизои нокифоя, норасоии микронутриентҳо, вазни барзиёди бадан (фарбеҳӣ) амалан тамоми мамолики дунё рӯ ба рӯ мешаванд, гоҳо аломатҳои гуногуни он дар доираи як мамлакат, ҷамоат ва ҳатто дар як одам дучор мегардад. Нисбатан бештар аз норасоии ғизо духтарони синни наврасӣ, ҳомиладорон ва занони ширмакон, кӯдакони хурдсол, сокинони камбизоати деҳоту шаҳр ва дигар гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ранҷ мекашанд. Махсусан, дар оғози ҳаёт – дар давраи аз батни модар то дусолагӣ истеъмоли ғизои камсифат оқибатҳои амиқ, бозгаштнопазир ва якумраро доро мебошад. Истеъмоли ғизои камсифат дар ин давраи муҳимтарини ҳаёт боиси хатари баланди сироят, вайроншавии саломатӣ ва ниҳоят, боиси фавти кӯдакони хурдсол мегардад. Кӯдаконе, ки ғизои нокифоя истеъмол намудаанд, дар синни кӯдакӣ зинда мондаанд, пас дар синни наврасӣ ва калонсолӣ сифати ҳаёти онҳо паст мегардад — аз сабаби вайроншавии инкишофи мағзи сар ва инкишофи ҷисмонӣ.
Тасдиқ карда шудааст, ки ғизои солими модар, фақат синамаконӣ ва ғизодиҳии мувофиқи кӯдакони ширмак ва синни барвақтӣ барои таъмин намудани рушду инкишофи мувофиқ, инчунин паст шудани хатари инкишофи бемориҳои ғайрисироятии модару кӯдак дар марҳилаҳои баъдинаи ҳаёт аҳамияти ҳалкунанда дорад.
Меваю сабзавот асоси ғизои солим мебошанд. Алоқаи байни истеъмоли онҳо ва ҳолати хуби саломатӣ, некуаҳволӣ исбот карда шудааст. Инчунин, ғизои хуб дар кам намудани бемориҳои ғайрисироятӣ (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) нақши ҳаётан муҳим мебозад. Дар бисёре аз мамлакатҳо бозор ва нуқтаҳои савдои кӯчагӣ сарчашмаи асосии маҳсулоти ғизоии аз тарафи аҳолӣ истеъмолшаванда мебошанд, вале маълумоти воқеӣ дар бораи ғизонокии ин маҳсулот нокифоя аст (бисёре аз онҳо миқдори барзиёди энергия, трансчарбҳо, қанд ва намак доранд).
Далелҳои муътамаде мавҷуданд, ки алоқаи байни ратсионҳои ғизои калориянокиаш баланд, аз ҳад зиёд истеъмол намудани равғанҳои сершуда, трансчарбҳо, қанду намаки озод, дараҷаи пасти истеъмоли меваю сабзавот ва душвориҳои зиёди фарбеҳӣ, бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, баъзе намудҳои саратонро нишон медиҳанд. Қандҳои озод бояд камтар аз 10%-и энергияи умумии истифодашавандаро ташкил диҳанд, ки ба 50 г ба як одами вазнаш муътадил баробар аст. Қандҳои озод қандҳое мебошанд, ки ба маҳсулоти ғизоӣ ё нӯшокиҳо истеҳсолкунанда, ошпаз ё истеъмолкунанда илова менамояд, инчунин қандҳое, ки ба таври табиӣ дар асал, шарбат, нӯшобаҳои мевагӣ ва консентрати онҳо вуҷуд доранд.
Истеъмоли қандҳои озод хатари инкишофи кариеси дандонҳоро зиёд мекунад. Калорияи барзиёд, ки якҷоя бо хӯрок ва нӯшокӣ ворид гашта, қандҳои озод дорад, ҳамчунин ба афзоиши носолими вазн мусоидат мекунад, ки метавонад боиси вазни барзиёд, фарбеҳӣ ва диабети қанд гардад. Чанде пеш маълумоти воқеие пайдо гаштанд ва дар бораи он шаҳодат медиҳанд, ки қандҳои озод ба фишори хун ва липидҳои зардоби хун таъсир мерасонанд. Ин барои тахмин кардани он имконият медиҳад, ки кам намудани истеъмоли қандҳои озод барои паст намудани хатари инкишофи бемориҳои дилу рагҳо мусоидат менамояд.
Ба чарбҳои сернашуда (дар моҳӣ, авокадо ва чормағзҳо, инчунин дар равғани офтобпараст, соя, маъсар ва зайтун мавҷуд аст) баръакси чарбҳои сершуда (дар гӯшти серравған, равғани маска, равғани нахл ва норҷил, қаймоқ, панир) ва трансчарбҳои ҳама намуд, аз ҷумла, трансчарбҳои истеҳсоли саноатӣ (дар маҳсулоти пухташуда ва бирёнкардашуда, маҳсулоти пешакӣ басташудаи хӯришӣ ва дигар маҳсулот, ба мисли питсаи яхкунондашуда, санбӯсаҳо, кулчақанд, вафли, чарбҳои кулинарӣ ва омехтаҳои бутербродӣ мавҷуданд), ҳамчунин трансчарбҳои пайдоишашон табиӣ (дар маҳсулоти гӯштию ширӣ, ки аз ҳайвоноти хоянда, ба мисли гов, гӯсфанд, буз ва шутур гирифта мешаванд) бартарӣ додан лозим аст. Кам кардани истеъмоли чарбҳои сершуда то 10% тавсия дода мешавад. Махсусан, аз трансчарбҳои истеҳсоли саноатӣ, ки ба таркиби ғизои солим дохил намешаванд, дурӣ ҷустан лозим аст.
Истеъмоли чарбҳо, махсусан чарбҳои сершуда ва трансчарбҳои истеҳсоли саноатиро бо роҳҳои зерин кам намудан мумкин аст:
- хӯрокро дар буғ пухтан ё ҷӯшондан лозим, вале бирён кардан ё пухтан мумкин нест;
- равғани маскаро ба равғани набототӣ, ки аз чарбҳои сернашуда бой аст, ба мисли равғани соя, пахта, зайтун, офтобпараст иваз кардан лозим аст;
- маҳсулоти ширии дорои миқдори ками чарбҳо ва гӯшти камравғанро истеъмол намудан ё равғани намоёнро аз гӯшт бурида гирифтан ва маҳдуд намудани истеъмоли маҳсулоти пухташуда ва бирёнкардашуда, инчунин маҳсулоти пешакӣ тайёркардашудаи хӯришӣ ва дигар маҳсулот (масалан, кулчаи ширини дар равған пухташуда, кекс, пирог, кулчақандҳо ва вафли), ки трансчарбҳои истеҳсоли саноатӣ доранд.
Дар як рӯз истеъмол намудани камтар аз 5 г намак (тақрибан ба як қошуқча баробар). Намак бояд йоднок бошад. Одамон аксаран намедонанд, ки чанд миқдор намакро истеъмол мекунанд. Дар бисёре аз мамлакатҳо миқдори асосии намак ба организм аз маҳсулоти коркардшуда (таомҳои тайёр, маҳсулоти гӯштӣ, ба мисли бекон, ветчина ва салями, панир ва хӯришҳои намакин) ё аз маҳсулоти хӯрокворӣ ворид мегарданд, ки аксаран ба миқдори зиёд истеъмол мешаванд. Намак, ҳамчунин ба хӯрок ҳангоми тайёр намудани он (масалан, бо роҳи илова намудани пиёба, кубикҳои пиёбагӣ, соуси соя ва соуси моҳигӣ) ё ҳангоми хӯрокхурӣ (бо роҳи илова намудани қошуқи намак) илова карда мешавад.
Одатҳои хӯрокхӯрии калонсолон ҳанӯз дар синни кӯдакӣ шакл мегиранд. Бояд дар синни кӯдакӣ ба кӯдакон истеъмоли ғизои дурустро омӯзонанд, фаҳмондани он ки кадом маҳсулот фоидаовар аст, зарур мебошад.
Барои кӯдакони хурдсол модаркалон, бобо ва волидон ширинии гуногун харида (вафли, кулчақанд, пирог, конфетҳо, поп-корн, чипс, нӯшокиҳои ширини кока – кола, арси-кола, творогҳои гуногуни ширинкардашуда, йогуртҳо), дар оянда организми кӯдаконро ба хатари инкишофи бемориҳои ғайрисироятӣ дучор мекунанд. Қариб 90% кӯдакон бе қанд чой наменӯшанд, ин бошад боиси инкишофи диабети қанд дар кӯдакон мегардад. 3,2 миллион кӯдак дар Осиёи Марказӣ аз сабаби ғизои нодуруст гирифтори фарбеҳӣ мебошанд ва минбаъд ин боиси бемориҳои ғайрисироятӣ (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) мегардад.
Барои кӯдакони ширмак ва хурдсол ғизои мувофиқ дар ду соли аввали ҳаёт ба рушду инкишофашон мусоидат мекунад ва инкишофи ҷисмонӣ ва равонии онро беҳтар менамояд. Ҳамчунин хатари вазни барзиёду фарбеҳшавӣ ва баъдтар инкишофи бемориҳои ғайрисироятиро (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) дар ҳаёт кам менамояд.
Тавсияҳо оид ба ғизои солим барои кӯдакони ширмак ва кӯдакони синну соли дигар бо тавсияҳо барои калонсолон монанданд, вале ҷузъҳои зерин хеле муҳиманд:
- Дар давоми 6 моҳи аввал кӯдакон бояд дар синамаконии комил қарор дошта бошанд. Ҳатто додани об ба кӯдак дар ин давра зарурият надорад.
- Синамаконии кӯдаконро дар ду соли аввали ҳаёт ва баъдтар низ давом додан лозим аст.
- Аз синни шашмоҳагӣ ба шири сина маҳсулоти гуногуни бехатар ва ғизонокро илова кардан лозим аст. Ба ғизои иловагӣ намак ва қанд илова кардан лозим нест.
Дар ҷаҳони муосир сарф намудани неру (энергия) аз ҳисоби фаъолнокии ҷисмонӣ хеле кам шудааст, асосан тарзи ҳаёти нишаста бартарӣ дорад. Одамон дар ҳаёти ҳаррӯза қариб 60 фоизи вақти бедориро дар ҳолати нишаста мегузаронанд. Умуман, фаъолнокии ҷисмонӣ байни аҳолӣ хеле кам аст, дар духтарон бошад, хеле камтар. Фаъолнокии ҷисмонӣ омили асосии муайянкунандаи сарфшавии энергия мебошад, зеро вай таъсири асосии мусбат ба тавозуни энергетикӣ ва назорати вазн мерасонад.
Фаъолнокии мунтазами ҷисмонӣ барои пешгирии фарбеҳӣ ва бемориҳои ғайрисироятӣ (бемориҳои дил, диабети қанд, бемории саратон) зарур аст. Ба фаъолнокии ҷисмонӣ бозиҳо, варзиш, ҳаракат дар нақлиёти ҷамъиятӣ, кумак дар хона, истироҳати фаъол, тарбияи ҷисмонӣ ва танзимҳои мунтазами ҷисмонӣ дохил мешавад.
Хулласи калон, интиқол ва таъмин намудани дастрасии ратсиони солим ва гуногунранги ғизо барои баланд бардоштани дараҷаи саломатӣ, некуаҳволӣ ва сифати ҳаёти аҳолӣ, мусоидат намудан ба пиршавии солим ва кам кардани нобаробарӣ нисбати саломатӣ аҳамияти асосӣ дорад. Барои ин ба кор бурдани саъю кӯшиши иловагӣ ва захираҳо ва баҳри баланд бардоштани саводнокии аҳолӣ, донишу малака нисбат ба ғизо талаб карда мешавад. Ғайр аз ин, чорабиниҳои беҳтар намудани муҳити фаъолияти ҳаёти аҳолӣ ба тарзе бояд талаб карда шавад, ки фаъолнокии ҷисмонӣ қисми ҷудонашавандаи ҳаёти ҳаррӯза гардад.
Биноан, аз таҷрибаи ҷаҳонии давлатҳои пешрафта истифода бурда, барои баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ таъсис додани шабакаи телевизионии «Саломатӣ» мувофиқи мақсад буда, бо ҷалби мутахассисони пуртаҷриба барномаҳои гуногун бахшида ба масъалаҳои ғизои солим, солимии аҳолӣ, тарзи ҳаёти солим таҳия ва пахш кардан аз аҳамият холӣ нест.
Гулбаҳор Ашурзода, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон