Воқеан, Истиқлолияти давлатие, ки бо талошу ҷонфидоии миллати тоҷик, пеш аз ҳама, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омад, дар таърихи на танҳо халқи тоҷик, балки таърихи инсоният падидаи нодир, бесобиқа ва фавқулода арзёбӣ мегардад. Он мардуми тоҷик ва давлати Тоҷикистонро ба ҷаҳониён бо дигар арзишу афзалиятҳои миллӣ муаррифӣ намуда, мужда аз ояндаи нек дод. Натиҷаи ҳамин буд, ки дар як муддати кӯтоҳ кишварҳои зиёди минтақа ва ҷаҳон бо Тоҷикистони ҷавони навтаъсис равобити сиёсиву фарҳангӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ ба роҳ монда, дар симои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дӯсти боэътимод ва дипломати сатҳи баландро ёфтанд.
Инак, 31 сол аст, ки мо бо сиёсати ҷаҳони имрӯза ҳамраъй буда, мавқеи устувори хешро соҳибем. Чунин пойдорӣ аз устувории андешаву тафаккури миллии мо оғоз меёбад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба таври мусбат такмил ёфт. Тафаккури миллӣ, ба андешаи инҷониб, шакли умумишуда ва суфташудаи андешаи созандаи халқу давлат мебошад, ки зери шиори ягона шакл мегирад ва мақсади муайянро ҷиҳати рушди давлат дар пай дорад. Он метавонад дар худ арзишҳои миллиро фаро гирифта, чиҳати боз ҳам бештару хубтар муаррифӣ намудани онҳо имконият фароҳам орад. Ба таври дигар, тафаккури миллӣ дараҷаи баланди зоҳиршавии орзуву ормонҳои миллат буда, ҳадафи он сарҷамъ намудан ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардумро дорад.
Агар аз даричаи даврони соҳибистиқлолӣ ба умқи начандон дури таърих назар афканем, маълум мегардад, ки мо дар муддати 100 соли охир зери таъсири сиёсати давр аз муҳимтарин унсурҳое, ки ягонагии тафаккури миллиро таъмин менамояд, ба таври фоҷиавӣ ҷудо будем ва солиёни зиёд натавонистем аз мавҷудияти онҳо садо баланд кунем. Чунин унсурҳои тафаккурсоз, пеш аз ҳама, таъриху тамаддун, забон, фарҳанг, иқтисодиёт ва иҷтимоиёти миллӣ буданд, ки замони ҳокимияти шӯравӣ ба таври сунъӣ аз мадди назар дур монда буданд.
Истиқлолияти давлатиро метавон нуқтаи ниҳоии зуҳури омилҳои мазкур ва тантанаи адолати иҷтимоиву ташаккули тафаккури миллӣ ҳисобид. Аз ҳамон рӯз то инҷониб тафаккури миллӣ дар сурати ягона ва созандаву некбинона такмил ёфта истодааст, ки тасдиқи он амалҳои зиёди бунёдкоронаи давлату миллат мебошад. Имрӯз сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои маҳбуби тоҷикони ҷаҳон рамзи гӯёи тафаккури миллати тоҷик аст, ки беҳтарин арзишҳои мардуми моро инъикос менамояд. Ба таври дигар, мо ҳамон миллатем, ки дар тӯли таърих аз дигар қавму миллатҳо фақат ҷабр дидаву мукофоти амали онҳоро тавассути муносибати хайрхоҳона ва ҳамзистии неки ҳамсоягӣ қадр намудаем.
Таърихи ташаккули тафаккури миллии мо садсолаҳоро дар бар мегирад ва решаҳои он ба қаъри таърих, аниқтараш ба замони салтанати муваффақонаи сулолаҳои тоҷик, рафта мерасад. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамон забони нобу шево ва гӯшнавозест, ки бо он Рӯдакиву Фирдавсӣ, Саъдиву Ҳофиз, Ҷомиву Бедил ва Донишу Айнӣ васфи зебоиҳои Ватан намудаанд. Аз ин рӯ, месазад, ки забонро ҳамчун унсури муҳими ташаккулдиҳандаи тафаккури миллӣ унвон дод ва нисбат ба он беш аз ҳарвақта арҷу эҳтиром гузошт:
Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,
Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.
То забон дорад, ватандор аст ӯ,
То забондор аст, бисёр аст ӯ.
Дар баробари забон таъриху фарҳанги тоҷикӣ, ки зарфи садсолаҳо ба таври аёну пинҳон аз худ дарак медоданд, тавонистанд мавҷудияти миллати тоҷик ва минбаъд ташаккули тафаккури миллии онро таъмин созанд. Маҳз таърихи бой ва фарҳанги ғаниву фарогирандаи беҳтарин ҷашну маросимҳои миллӣ буданд, ки имрӯз мо боифтихор аз онҳо ёдоварӣ менамоем ва баҳри ташвиқу тарғиби онҳо аз ҳама имконият истифода менамоем. Арзишҳои мазкур низ дар баробари дигар унсурҳо омилҳои такмилдиҳандаи тафаккури миллӣ маҳсуб меёбанд.
Ба таври умум, метавон гуфт, ки имрӯз тафаккури миллии мардуми тоҷик дар ҳоли такмилёбист ва умед аст, ки бо чунин ҷараён ва дар партави сиёсати некбинонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик ба авҷи инкишофи таърихӣ хоҳад расид. Инро мо дар сарҷамъиву якдилии миллат, суботи сартосарӣ, рушди устувори иқтисодӣ, вусъати ҳамкориҳои дуҷониба бо дигар кишварҳо ва дигар омилҳои ёрирасон мушоҳида карда метавонем. Зеро ба қавли Муҳаммад Иқбол:
Худо он миллатеро сарварӣ дод,
Ки тақдираш ба дасти хеш бинвишт.
Ба он миллат сарукоре надорад,
Ки деҳқонаш барои дигарон кишт.
ГУЛАҲМАДЗОДА Зулфиқор Аҳмад,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон