Мусоҳиба бо раиси вилояти Хатлон, раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, шуғли аҳолӣ ва экология Қурбон Ҳакимзода
- Муҳтарам Қурбон Ҳакимзода, Шумо аз расидани Тоҷикистон ба Истиқлолияти давлатӣ чӣ бардошт доред?
- Ташаккури зиёд. Бо камоли ифтихору самимият дар остонаи 31-солагии Истиқлолияти давлатӣ, ки муқаддастарин ва бузургтарин ҷашни мардуми тамаддунсози тоҷик мебошад, мардуми сарбаланду меҳнатқарини Тоҷикистони азизро табрику муборакбод намуда, ба ҳар фарди худогоҳу худшиноси Ватани азизамон бахту саодат ва дастовардҳои нав орзу менамоям.
Дар ҳақиқат, 31 сол муқаддам халқи куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик ба дастоварди муқаддасу таърихӣ — Истиқлолияти давлатӣ ноил гардид, ки ҳоло ин падидаи бузурги таърихи навини халқамонро бо эҳсоси гарми ватандорӣ ва ифтихору сарафрозӣ таҷлил менамоем.
Мардуми тоҷик, хусусан сокинони вилояти Хатлон, хуб дар ёд доранд, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ кишвари азизи мо бар асари фитнаву дасисаи душманони миллат ва хоҷагони хориҷии онҳо ба зарбаи даҳшатноку ҳалокатбор гирифтор шуда, дар он айёми фоҷиабор аз харитаи сиёсии ҷаҳон нест шудани давлати ҷавони тоҷикон ва пароканда гардидани миллати тоҷик ба воқеияти талх табдил ёфта буд. Вале, хушбахтона, мардуми кишвар дар атрофи Ҳукумати қонунӣ ва фарзандони бонангу номуси Тоҷикистон муттаҳид шуда, ягона роҳи дурусти таърихӣ, яъне эъмори давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявиро пеш гирифтанд.
Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки мушкилоти ҷойдоштаро тадриҷан бартараф намуда, имконият ва шароити мувофиқ барои рушд фароҳам оварда шавад. Натиҷаи ҳамин аст, ки ҳоло дастовардҳои вилояти Хатлон назаррас буда, сатҳи зиндагии мардум сол аз сол баланд шуда истодааст.
- Агар гӯем, ки тамоми фаъолияти кориатон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон сипарӣ гардидааст, хато нахоҳем кард. Оид ба бунёдкориҳои даврони истиқлолият чӣ андеша доред?
- Албатта, фаъолияти кории ман ба давраи истиқлолияти давлатӣ рост омада, бештар дар самти комплекси агросаноатӣ сипарӣ гардидааст. Аз ин рӯ, мехостам, доир ба хизматҳои беназири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар ин давра ҷиҳати таъмини амнияти озуқавории мамлакат амалӣ гардиданд, ёдовар шавам.
Таъмини амнияти озуқаворӣ аз ҷумлаи ҳадафҳои афзалиятдори стратегии Тоҷикистон маҳсуб гардида, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз оғози соҳибистиқлолии мамлакат масъалаи таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти сифатан баланди ғизоӣ ва бехатарии озуқавориро вазифаи муҳими Ҳукумат муқаррар карданд.
Сарвари давлат пайваста таъкид мекарданд, ки соҳаи кишоварзӣ яке аз соҳаҳои муҳими иқтисоди миллӣ ба ҳисоб рафта, яке аз ҳадафҳои стратегии кишвар – таъмини амнияти озуқаворӣ маҳз ба пешрафти он вобастагӣ дорад. Барои ба ин ҳадаф расидан аҳли заҳмат бояд даст ба кор шаванд. Бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 октябри соли 1995 ва 1 декабри соли 1997 аввал 50 ҳазор гектар ва пасон 25 ҳазор гектар, ҷамъ 75 ҳазор гектар замин барои истифода ба аҳолии деҳот тақсим карда шуд, ки ин заминҳоро мардум «замини президентӣ» ном мебаранд. Ин иқдоми Пешвои миллат барои таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти озуқаворӣ махсусан нақши калидӣ ва таърихӣ бозидааст.
Танҳо дар вилояти Хатлон дар зарфи 31 соли охир ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ аз 3,7 миллиард сомонии соли 1991 то ба 20,7 миллиард сомонӣ дар соли 2021 афзоиш ёфтааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли ғалладонагиҳо аз 131 ҳазору 44 тонна то ба 1 миллиону 32 ҳазору 680 тонна расидааст. Аз он ҷумла дар вилоят соли 1991 агар 238 ҳазору 61 тонна гандум истеҳсол шуда бошад, соли 2021-ум ин нишондиҳанда ба 610 ҳазору 569 тонна баробар шудааст. Ҳосилнокии миёнаи ғалладона аз 15 сентнери соли 1991 ба 38,4 сентнер дар соли 2021 расонида шуд.
Ҳамин тавр, дар 31 соли охир ба ҳисоби миёна ба ҳар сари аҳолӣ истеҳсоли мевагӣ 13,9 маротиба, сабзавот -12,7, картошка -12,2, ғалладонагиҳо 4,3 маротиба, полезӣ 9,4 баробар, аз ҷумла гандум 139 фоиз, шолӣ -133, лӯбиёгиҳо -181,6, ангур -148,9 фоиз, гӯшт -180,2 фоиз, тухм 183,8 фоиз, асал 3,3 баробар афзун гардидааст.
- Тавре маълум аст, вилояти Хатлон ҳамчун минтақаи аграрӣ шинохта шуда, мардум бештар ба истифодаи замин ва истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ машғуланд. Аҳли заҳмати вилояти Хатлон дар солҳои соҳибистиқлолӣ дар мавриди истифодаи заминҳои бекорхобида, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, таъмиру таҷдид ва бунёди иншооти ирригатсионӣ, ҳамчунин ташкили хоҷагиҳои деҳқониву инфиродӣ ба чӣ пешравиҳо ноил гардиданд?
- Дарвоқеъ, дар давраи солҳои 1991-2021 бо дастгирӣ ва роҳнамоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Хатлон истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ ва гирифтани се-чор ҳосил аз як замин таъмин гардида, майдони кишти гандум 2,1 маротиба, шолӣ -1,9, ҷуворимакка барои дон -2,7, картошка -3,7, сабзавот- 3,5 ва полезӣ 2,1 маротиба зиёд гардида, истеҳсоли ғалладона 7,9 маротиба, аз ҷумла гандум -2,6, шолӣ -15,8, картошка -22,6, сабзавот -23,4, полезӣ -17,4, мева -25,6, ангур 2,8 маротиба ва ҳосилнокии онҳо аз 23,3 фоиз то 4,3 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар доираи барномаҳои қабулгардидаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ майдони боғу токзор ба 60 ҳазор гектар расонида шудааст, ки аз он 366 гектарашро боғҳои интенсивӣ ташкил медиҳад.
Ҷиҳати нигоҳдории маҳсулоти кишоварзӣ, захира намудани маҳсулот ва таъмини бозори истеъмолӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 46 адад анбор бо иқтидори 5547 тонна ва 55 адад сардхона бо иқтидори 20 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ барои захираи маҳсулоти аввалияи ғизоӣ омода мебошанд.
Дар соҳаи чорводорӣ низ дар 31 соли истиқлолияти давлатӣ нишондиҳандаҳо назаррас арзёбӣ гардиданд. Дар натиҷаи меҳнати самарабахши чорводорон саршумори чорвои калону майда, паранда, асп ва оилаи занбӯри асал аз 1,7 то 2,5 маротиба ва истеҳсоли маҳсулоти соҳа, аз қабили гӯшт, шир, тухм, пашм ва асал аз 2 то 6 маротиба афзоиш ёфтааст.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба рушди соҳаи моҳипарварӣ диққати махсус зоҳир гардида, теъдоди хоҷагиҳои моҳипарварӣ аз 3 адад ба 261 адад расонида шуда, масоҳати кӯлу ҳавзҳо аз 1415 ба 2563 гектар ва истеҳсоли моҳӣ аз 462 ба 3303 тонна расонида шуд, ки 7,1 маротиба зиёд мебошад.
Ба рушди соҳаи парандапарварӣ низ таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардида, теъдоди фабрикаҳои парандапарварӣ аз 7 адад то ба 24 адад, саршумори паранда аз 896,3 ҳазор сар ба 2,3 млн. сар, истеҳсоли тухм аз 32 ҳазор дона ба 108,6 млн. дона ва истеҳсоли гӯшти паранда дар ҳамаи шакли хоҷагидорӣ ба 13,3 ҳазор тонна расонида шуд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҳар сол хоҷагиҳои кишоварзии вилоят аз 12 ҳазор гектар то 18 ҳазор гектар замини байни боғу токзорҳо, партов, чарогоҳҳое, ки имконияти кишт намуданро доштанд, заминҳое, ки зери корҳои мелиоративӣ қарор доранд, самаранок истифода бурда, фаровонии бозори истеъмолиро таъмин намуда, ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани нарх дар бозорҳои вилоят ва ҷумҳурӣ саҳм гузошта истодаанд.
- Яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои амалӣ гардидани он кӯшиш намуда истодаанд, аз ҷумҳурии аграрӣ ба саноатӣ-аграрӣ табдил додани Тоҷикистон аст. Дар ин хусус дар вилояти Хатлон чӣ чораҳо андешида мешавад?
- Дар давоми 31 соли соҳибистиқлолии кишвар соҳаи саноати вилояти Хатлон босуръат рушд ёфта, дар шаҳру ноҳияҳо корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд ва номгӯи маҳсулоти саноатӣ сол ба сол зиёд шуда истодаанд.
Тавре аз таҳлилҳо бармеояд, соли 1991 дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 75 адад корхонаи саноатӣ фаъолият менамуданд, ки ин шумора соли 2021 ба 641 адад расонида шуда, дар ин давра беш аз 566 адад коргоҳу корхонаи нави саноатӣ мавриди истифода қарор гирифта, ҳазорҳо ҷои кори доимӣ таъсис ёфт.
Ҳамчунин, бунёди се минтақаҳои озоди иқтисодӣ, аз ҷумла МОИ-и «Панҷи поён», «Данғара» ва «Кӯлоб» дар самти рушди соҳаи саноати ҷумҳурӣ ва вилоят мусоидат намуда, истеҳсоли аксар маҳсулоти саноатии онҳо ба маҳсулоти ивазкунандаи воридот нигаронида шуда, имкон пайдо гашт, ки содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар ба роҳ монда шавад.
- Муҳтарам раис, албатта, рушди саноату кишоварзӣ барои муҳайё сохтани шароити арзанда ба мардум мусоидат менамояд. Вале таълиму тарбия ва ба воя расонидани насли бунёдкору созанда ва фарогир ба донишҳои мукаммали замон бояд дар авлавият қарор дошта бошад. Дар вилояти Хатлон дар мавриди бунёду сохтмони мактабҳо, аз ҷумла муассисаҳои типи нав – литсейи давлатӣ, гимназияҳо, чӣ тадбирҳо андешида мешаванд?
- Дар зарфи 31 соли истиқлолияти давлатӣ, дар соҳаи маорифи вилоят дигаргуниҳои назаррас ба амал омада, теъдоди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ аз 1002 адади соли 1991 ба 1362 адад дар соли 2021 расонида шуд.
Дар самти бунёди мактабҳои замонавӣ низ пешравии зиёд рӯи кор омаданд. Аз соли 1991 то ба ҳол 688 адад бинову муассисаи нави таълимӣ барои 150 ҳазору 889 ҷои нишаст, илова бар ин дар муассисаҳои таълимии вилоят барқарорсозӣ ва таъмири капиталии биноҳои таълимӣ ва ёрирасон гузаронида шуда, 25 муассисаи томактабӣ барои 2311 ҷой сохта, ба истифода дода шуд.
Дар ин муддат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят шумораи муассисаҳои томактабӣ аз 57 ба 160 адад расида, дар онҳо 17 ҳазору 379 кӯдак ба таълиму тарбия фаро гирифта шуданд.
Дар даврони истиқлолият бо ташаббуси Ҳукумати мамлакат дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ маркази инкишофи кӯдакон, синф ва гурӯҳҳои тайёрӣ ба мактаб таъсис ёфтанд. Айни замон теъдоди марказҳо 850 ададро ташкил медиҳад ва дар онҳо 24 ҳазору 388 кӯдак фаро гирифта шудаанд.
Ҳамзамон, дар шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб, Бохтар, Қубодиён, Ҷалолиддини Балхӣ ва Шаҳритус аввалин боғчаҳои хусусӣ ва ғайридавлатӣ ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки айни ҳол зиёда аз 440 кӯдак дар онҳо тарбия меёбанд.
Бо истифода аз дастгирию ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таи солҳои истиқлолият дар вилоят 18 муассисаҳои интернатӣ ба фаъолият шурӯъ намуд, ки дар онҳо 3150 нафар тарбиягирандагони ятиму бепарастор ва аз оилаҳои камбизоат фаро гирифта шудааст.
Ёдовар бояд шуд, ки яке аз самарҳои истиқлолияти давлатии мамлакат ташкили муассисаи типи нав, аз ҷумла мактаби президентӣ, гимназия ва литсейҳо, мебошанд. Айни ҳол дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон 49 мактаби типи нав (3 мактаби президентӣ, 23 гимназия, 22 литсей), аз ҷумла 23 гимназияи давлатӣ, 2 гимназияи ғайридавлатӣ, 1 муассисаи таълимии хусусӣ, 22 литсеи давлатӣ фаъолият доранд. Дар 46 гимназия ва литсеи дар вилоят фаъолиятдошта, ҷамъ 19370 нафар хонанда, дар 831 синф аз рӯи 2 равия: ҷамъиятӣ-гуманитарӣ (24 гимназия), табиӣ-математикӣ (22 литсей) фаъолият дошта, ба таълими шогирдони ин муассисаҳо 1310 омӯзгор фаро гирифта шудаанд.
- Дар оянда, ҳамчун раиси вилояти Хатлон, чӣ нақшаву ниятҳо доред, то ки бо амалӣ гардидани иқдому ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сокинони вилояти Хатлон ба пешравиҳои боз ҳам арзандаву шоиста ноил гарданд?
- Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафарҳои кориашон ба вилоят, инчунин ҳангоми мулоқоташон бо фаъолон, ки санаҳои 24 феврал ва 18 июни соли ҷорӣ доир гардиданд, бо назардошти вазъи кунунии ҷаҳон ва дигаргуниву таҳаввулоти вақтҳои охир дар сайёра бамиёномада доир ба вазифаҳои аввалиндараҷаи дарпешистода, ҷиҳати пешгирии хавфу хатарҳои ҷойдошта, афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ, таъмини фаровонии бозорҳои истеъмолӣ, истифодаи самараноку оқилонаи заминҳо, вусъати ҷамъоварии ҳосили зироатҳои кишоварзӣ, захиракунии маҳсулоти озуқаворӣ ва дар ин замина таъмини амнияти озуқаворӣ, инчунин амалигардонии рушди устувори соҳаи саноат, аз ҷумла бунёд ва мавриди истифода қарор додани корхонаю коргоҳҳо, таъсиси корхонаҳои нав, баланд бардоштани нишондиҳандаҳои иҷтимоию иқтисодӣ, иҷрои барномаҳо, ҷалби сармояи хориҷию дохилӣ, махсусан сармояи мустақим ва дигар масъалаҳои муҳиму афзалиятнок дар назди ҳар яки мо роҳбарону фаъолони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дастуру супориш ва вазифаҳои мушаххас гузоштанд, ки сокинони вилояти Хатлон баҳри амалӣ гардидани онҳо бо дасту дили гарм кор карда истодаанд.
Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бунёду навсозӣ ва мавриди истифода қарор додани зиёда аз 6,2 ҳазор иншооти гуногун пешбинӣ гардида, боварии комил дорам, мо дар ҳамбастагию якҷоягӣ бо тамоми фаъолон, масъулон, соҳибкорон ва кулли сокинони шарафманди вилоят аз уҳдаи нақшаҳои пешбинишуда ба сари баланд мебароем ва ин ҷашни муқаддаси миллиро бо шукӯҳу шаҳомати хос ва дастовардҳои арзанда, сазовор истиқбол мегирем.
Суҳбаторо АМИНИЁН Хӯҷаназар Файзулло,
сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»