Истиқлолияти давлатӣ ва рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон

№111-112 (4531-4532) 07.09.2022

13.Бунёди давлати навин талошу заҳмати зиёдро тақозо мекунад ва барои амалӣ сохтани раванди ислоҳоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар ба вуҷуд овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқӣ зарур аст. Воқеан, танҳо бо роҳи танзими қонунии равандҳои гуногуни ҳаёт ва муносибатҳои ташаккулёбандаи ҷомеа, ки дар давраи гузариш қарор дошт, амалигардонии ҳадафҳои стратегии давлат ва баланд бардоштани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ имконпазир буд.

Яке аз бузургтарин дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ дар тӯли сию як сол ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул намудани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Дар ин ҷода Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин қайд намуданд: «Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад».

Дар асоси Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 таҳти № 1098 «Дар бораи чораҳои таъхирнопазири татбиқи амалии Конс­титутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз 11 банд иборат мебошад, дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кумитаҳои Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунбарорӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва ҳуқуқи инсон, оид ба сохтмони давлатӣ вазифа гузошта шуда буд, ки то 6 январи соли 1995 нақшаи ба Конститутсияи нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ гардонидани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб дода, ба муҳокимаи Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Дастоварди дигари истиқлолияти давлатӣ ва омили рушди қонунгузорӣ Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон ба шумор меравад. Созишномаи мазкур 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия ба имзо расида, аз 4 бахши асосӣ иборат мебошад: бахши ҳуқуқӣ – (самти қонунгузории мамлакат); бахши низомӣ – (масъалаҳои низомӣ); бахши муҳоҷирин – (масъалаҳои гурезаҳо) ва бахши сиёсӣ – (парламенти касбӣ).

Истиқлолияти давлатӣ ба ваҳдати миллӣ вобастагии қавӣ дорад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми шодбошиашон ба муносибати Рӯзи ваҳдати миллӣ иброз доштаанд: «Таъмин намудани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ки аз Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии мамлакат сарчашма мегирад, барои қатъи мухолифати мусаллаҳона ва ҷангу хунрезӣ, сарҷамъии миллати тоҷик, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёду дунявӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии адолатпеша асоси мустаҳкам гузошт».

Дар ин росто, ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, инчунин, ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ аз соли 2000 парламенти касбӣ таъсис дода шуда, фаъолияти босамар дорад.

Дар сию як соли Истиқлолияти давлатӣ дар роҳи амалишавии мақсаду мароми ҷомеаи навин, яъне бунёди давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дун­явию иҷтимоӣ вакилони даъватҳои якум – панҷум тавонистанд қадамҳои устувор гузошта, сиёсати давлатро барои боз ҳам васеътар ворид намудани меъёрҳои аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфташуда ба низоми қонунгузории миллӣ равона намуда, зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул намоянд, ки аз инҳо: 17 қонуни конститутсионӣ, 23 кодекс ва зиёда аз 380 қонун мебошанд. Ҳамзамон зиёда аз 700 санади ҳуқуқии байналмилалӣ ба тасвиб расонида шуданд.

Дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо мақсади рушди давлатдории миллӣ, мусоидат ба инкишофи демократикунонии минбаъдаи ҳаёти ҷомеа, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва кафолати онҳо, ҷалби ҷавонон ба ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ 22 июни соли 2003 аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Тағйиру иловаҳои воридгардида меъёрҳои Конститутсияро такмил дода, тибқи он, ҷомеа ба марҳилаи нав­батии инкишоф ворид гардид.

22 майи соли 2016, тибқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Тағйи­ру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд. Субъе­ктони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ дар таҳия ва пешниҳоди тағйиру иловаҳои мазкур аз назария ва амалияи пешқадамтарин кишварҳои ҷаҳон дар самти қонунгузорӣ истифода бурдаанд.

Бояд қайд намоем, ки дар асоси тағйи­роту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 сентябри соли 1999, 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон давра ба давра ба талаботи тағйироту иловаҳо мувофиқ гардонида шуд.

Барои рушди минбаъдаи қонунгузории Тоҷикистон аз ҷумлаи санадҳои муҳим, воқеан ҳам, тасдиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба шумор меравад.

Стратегияи навбатӣ чор ҳадафи стратегиро барои давлати мо бо фарогирии 15 сол дар бар мегирад: расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши неруи барқ, баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан; таъмини амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии босуръати мамлакат.

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025»-ро, ки марҳилаҳои якум ва дуюми татбиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои давраи то соли 2030» маҳсуб мешаванд, тасдиқ намуд.

Қабули «Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 феврали соли 2011 таҳти 1021 тасдиқ шудааст, дар рушди қонунгузории мамлакат мавқеи хосса дорад.

Барои амалӣ намудани консепсияи зикршуда ва танзими муносибатҳои гуногуни ҷамъиятӣ барномаҳои давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои зерин қабул ва амалӣ карда шудааст: «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии рушди қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикис­тон дар соҳаи молия, андозу гумрук ва фаъолияти бонкӣ барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва маориф барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи аграрӣ ва ҳифзи муҳити зист барои солҳои 2012-2015» «Барномаи давлатии тат­биқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъминоти ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалӣ барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи қонунгузории гражданӣ ва соҳибкорӣ барои солҳои 2012-2015», «Барномаи давлатии татбиқи Консепсияи пешгӯии инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи сохтори давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқ, мудофиа ва амният барои солҳои 2012-2015».

Вобаста ба рушди қонунгузории мамлакат қабули «Консепсияи сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2028», ки бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 феврали соли 2018 тасдиқ шудааст, хеле саривақтӣ буда, инкишофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси ин ҳуҷҷати муҳими ҳуқуқӣ амалӣ мегардад.

Қайд кардан зарур аст, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар масъалаи қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамқадами замон буда, дар асоси «Стратегияи миллии рушд барои давраи то соли 2030» бояд ба самтҳои зерин таваҷҷуҳи бештар зоҳир намоянд:

- таҳияи заминаҳои ҳуқуқии рушди устувори иқтисодӣ ҳамчун авлавияти раванди қонунэҷодкунӣ;

- қабули меъёрҳои нави қонунгузорӣ, ки ба табдилсозии Тоҷикистон аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ мусоидат менамоянд;

- мукаммал намудани қонунҳои вобаста ба низоми иҷозатдиҳӣ, коҳиш додани сарбории маъмурии соҳибкорон, сода намудани тартиби иҷозатдиҳӣ, аз ҷумла додани литсензия, сертификат ва аккредитатсия;

- таҳким бахшидани манбаи қонунгузорӣ оид ба фаъолияти хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);

- истифода намудани тамоми имконияти қонунгузорӣ ҷиҳати пешгирӣ ва муборизаи беамон ба муқобили коррупсия.

Мутмаинем, ки онҳо дар ин самт низ комёб хоҳанд буд.

РАҶАБЗОДА Равшан Муҳитдин,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ