Минбари вакил

Истиқлолияти энергетикӣ — кафолати рушди дигар соҳаҳо

№58 (4641) 01.05.2023

DSC_5182Расидан ба истиқлолияти энергетикӣ яке аз ҳадафҳои стратегии давлати Тоҷикистон аст, ки барои татбиқи он корҳои зиёде анҷом дода шуданд. Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 қайд карданд: «Бо мақсади расидан ба истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ дар идомаи корҳои дар солҳои соҳибистиқлолӣ баанҷомрасида ҳоло татбиқи боз 20 лоиҳа ба ­маблағи 17 миллиард сомонӣ идома дорад».

Далелҳо гувоҳи онанд, ки давлати мо дар роҳи татбиқи нақшаю барномаҳои бузурги созанда устувор аст ва комёбиҳо сол ба сол афзун мешаванд. Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи энергетика ва татбиқи яке аз ҳадафҳои стратегӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ соли 2022 иқдомҳои зиёд амалӣ гардиданд. Чунончи, соли гузаш­та Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири рушди соҳаи муҳими энергетика дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон агрегати рақами 3-юми Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» ва дар шаҳри Норак агрегати рақами 1-и НБО «Норак» ба номи Турсун Ӯлҷабоевро баъд аз таҷдиду навсозӣ ба истифода доданд.

Агрегати 3-юми Неругоҳи барқи обии «Сарбанд», ки баъд аз таҷдиду навсозӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, 49 мегаватт тавоноӣ дорад. Неругоҳи барқи обии «Сарбанд» бо иқтидори лоиҳавии 240 мегаватт аз ҷумлаи шашумин неругоҳи барқи обии амалкунандаи маҷрои дарёи Вахш ба ҳисоб меравад.

Дар даврони соҳибистиқлолӣ баъд аз 50 соли фаъолият агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Норак» пас аз таҷдид бо харҷи беш аз 800 миллион сомонӣ бо тавоноии 375 мегаватт моҳи октябри соли 2022 мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Баъд аз пурра ба анҷом расидани таҷдиду азнавсозӣ ва муҷаҳҳазгардонӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ба Неругоҳи барқи обии «Норак» умри дубора бахшида мешавад ва иқтидори кории он 775 мегаватт зиёд мегардад.

Ба истифода додани агрегатҳои неругоҳҳои барқи обии «Сарбанд» ва «Норак» баъди таъмиру барқарорсозӣ дар боло бурдани иқтидори истеҳсоли неруи барқи мамлакат саҳм мегузорад.

Корҳои сохтмонӣ дар иншооти муҳими аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун» бомаром пеш рафта истодаанд. Бо ин мақсад соли 2022-юм 3,2 миллиард сомонӣ равона карда шуд. 12-уми июли соли 2022 Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар шаҳри Роғун бо Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд. Муҳайё будани имконияти созгор барои кормандон ва дастгирию таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имкон фароҳам овард, ки корҳои сохтмон тибқи нақша бомаром идома ёбанд. Президенти мамлакат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносоӣ ба масъулон ва сохтмончиёни Неругоҳи барқи обии «Роғун» дастур доданд, ки корҳоро мутобиқ ба талабот анҷом диҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз давлатҳои дорои захираҳои бузурги истеҳсоли неруи барқи аз лиҳози экологӣ тоза мебошад. Тавре медонем, ҳоло 98 фоизи барқ дар неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол мешавад ва аз рӯи ин нишондиҳанда, яъне фоизи истеҳсоли «энергияи сабз», кишвари мо дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд. Аз лиҳози кам будани ҳаҷми партови газҳои гулхонаӣ низ Тоҷикистон дар яке аз ҷойҳои баландтарин қарор дорад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ роҷеъ ба ин масъала таъкид карданд, ки дар сурати истифодаи неруи барқи аз лиҳози экологӣ «тоза»-и дар кишвар истеҳсолшаванда дар воситаҳои нақлиёти барқӣ метавон талаботи мамлакатро аз маҳсулоти нефтӣ коҳиш дода, ба ин васила ба ҳифзи муҳити зист ва беҳтар намудани вазъи экологии кишвар мусоидат намуд.

Дар баробари рушди соҳа ва тадбирҳои муҳими таҳрикдиҳандаи он масъалаи талафоти техникии барқ ҳалталаб мебошад. Ин ҳолат ба вазъи молиявии ширкату корхонаҳои соҳа таъсири манфӣ расонида истодааст. Дар Паём қайд шуд: «Барои таъмиру таҷдиди шабакаҳои барқии кишвар дар солҳои соҳиб­истиқлолӣ беш аз 10,7 миллиард сомонӣ хароҷот шудааст. Вале талафоти барқ то ба ҳол нигаронкунанда буда, дар даҳ моҳи соли ҷорӣ он 20,4 фоизро ташкил додааст. Аз ин лиҳоз, Вазорати энергетика ва захираҳои об ва Ҷамъияти саҳомии «Ширкати тақсимоти барқ»-ро зарур аст, ки татбиқи босифату саривақтии лоиҳаҳои кам намудани талафоти неруи барқро ба маблағи 2,4 миллиард сомонӣ ва насби беш аз 800 ҳазор ҳисобкунаки барқӣ дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар муҳлатҳои муқарраршуда ва бо сифати баланд таъмин намоянд».

Бо назардошти ин вазъият барои паст намудани талафот ва ҷамъоварии пурраи маблағи барқи истифодашуда, инчунин, истифодаи самараноки захираҳои мавҷудаи соҳа бо дастуру супоришҳои Сарвари давлат чораҳои фаврӣ андешида мешаванд. Вазорату идора ва сохторҳои марбутаи соҳа ва тамоми сокинони кишварро зарур аст, ки дар рушди соҳа ва ҳалли масъалаҳои мавҷуда саҳм гузоранд, зеро неруи барқ дар зиндагии имрӯза аз эҳтиёҷоти асосӣ ба ҳисоб рафта, рушди он ба пешрафти соҳаҳои дигар мусоидат мекунад.

Неъматулло ХОЛБОЙЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон