15 августи соли 2022 таҳти роҳбарии Раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Бахтиёр Худоёрзода ҷаласаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар он тасдиқи натиҷаҳои интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Рӯдакӣ №9 ва Данғара №36, ки 14 августи соли 2022 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳавзаҳои интихоботии зикршуда ба таври алтернативӣ аз ҳисоби пешниҳодҳои ташкилотҳои ибтидоии ҳизбҳои сиёсии дар ҳудуди ҳавзаҳои интихоботии зикршуда амалкунанда ва шаҳрвандон ба таври худпешбарӣ дувоздаҳ номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.
Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, овоздиҳӣ 14 августи соли ҷорӣ аз соати 6 — и субҳ то соати 20:00 давом карда, дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботӣ дар ҳавзаҳои якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1-ум 74,6 дарсад, Рӯдакӣ №9 — 80,6 ва Данғара №36-ум 86 дарсад интихобкунандагони ба рӯйхат воридкардашуда дар интихобот иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 18 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида баргузоршуда ҳисобида шуд.
Дар асоси моддаи 48 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар интихоботи 14 августи соли 2022 номзадҳо Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат бо гирифтани 35 ҳазору 247 (60,51 дарсад) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Фирдавсӣ №1, Шерализода Муҳамадулло Умар бо гирифтани 77 ҳазору 655 (54,7 дарсад) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Рӯдакӣ №9 ва Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад бо гирифтани 78 ҳазору 865 (75,0 дарсад) овози интихобкунандагон дар ҳавзаи ҳудудии якмандатии интихоботии Данғара №36 вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ шуд.
Ҳамин тавр, интихоботи вакилон ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази вакилони хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии зикргардида дар шароити осоишта ба таври ошкоро, шаффоф, озод ва дар асоси алтернативӣ бо иштироки фаъоли интихобкунандагон баргузор гардид.