26 августи соли 2022 таҳти роҳбарии раиси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон Худоёрзода Бахтиёр Тавар ҷаласаи Комиссияи марказӣ баргузор гардид. Дар он масъалаи тасдиқи натиҷаҳои интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатӣ аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5, ки 26 августи соли 2022 баргузор гардид, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Бо риояи талаботи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар асоси пешниҳодҳои Маҷлисҳои вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикршуда ду номзад ба аъзогии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шуда буд.
Мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи интихобот, овоздиҳӣ 26 августи соли ҷорӣ дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳри Душанбе гузаронида шуд. Дар асоси протоколҳои комиссияҳои ҳавзавии интихоботии бисёрмандатӣ дар интихоботи миёнадаврӣ 97,5 фоизи вакилони интихобкунанда аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва шаҳру ноҳияҳои он ва 83,45 фоизи вакилони интихобкунанда аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ иштирок намуданд. Тибқи талаботи моддаи 43 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷаласаҳои якҷояи Маҷлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳру ноҳияҳои он ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид ба интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикршуда салоҳиятнок ҳисобида шуд.
Дар асоси моддаҳои 51 ва 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар интихоботи 26 августи соли 2022 номзадҳо Мирзонабот Алишер Худобердӣ бо гирифтани 315 (100%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон №1 ва Исматзода Азизулло Убайдулло бо гирифтани 339 (97,41%) овози вакилони интихобкунанда дар ҳавзаи интихоботии бисёрмандатӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ №5 аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида, ба қайд гирифта, ваколатҳояшон тасдиқ карда шуданд.
Ҳамин тавр, интихоботи аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ивази аъзои хориҷшуда дар ҳавзаҳои интихоботии бисёрмандатии зикргардида ба таври ошкоро, шаффоф ва озод бо иштироки фаъоли вакилони интихобкунанда баргузор гардид.