Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум

Иттилоия

№79 (4029) 02.07.2019

Бисту ҳаштуми июни соли 2019 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум баргузор гардид.

DSC_7201РАИС: — Вакилони муҳтарам!

Хоҳиш мекунам аз қайд гузаред.

Ҳоло дар толор 62 нафар вакил ҳузур доранд.

Мутобиқи моддаи 34 — уми Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро кушода эълон менамоям.

Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи хотимавии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:

1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019»

2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон»

3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»

4. Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум».

РАИС: — Ба баррасии масъалаҳо шурӯъ менамоем. «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» сухан ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.

 ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июли соли 2018, № 41398 (27-8), дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор, таҳия гардидааст.

Боиси қайд аст, ки шартномаи ҳамкорӣ байни Ширкати «Пойри Енерҷи ЛТД Щвейтсария» ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо мақсади вусъат бахшидан ба раванди корҳои лоиҳакашии сатҳи 1 ва сатҳи 2-юми сохтмони иншооти соҳили рост (Лоти 3) ва соҳили чап (Лоти 4) –и Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба имзо расонида шудааст.

Тибқи шартнома, арзиши умумии иҷрои кор ва хизматрасониҳое, ки Ширкати «Пойри Енерҷи ЛТД Швейтсария» ҳангоми лоиҳакашӣ дар сохтмони иншооти НБО «Роғун» амалӣ менамояд, 9,4 миллион доллари амрикоиро дар бар гирифта, он ба 88,7 миллион сомонӣ баробар мебошад.

Қобили қайд аст, ки тибқи муқаррароти банди 8 шартномаи ҳамкорӣ, ҷуброни пардохти андозҳои ширкат дар раванди иҷрои корҳои лоиҳакашӣ бояд аз ҷониби Фармоишгар таъмин карда шавад. Бинобар ин, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади таъмини уҳдадориҳои Фармоишгар дар назди пудратчӣ дар шакли озод намудан аз пардохтҳои гумрукӣ ва андозҳои дахлдор таҳия шудааст. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Ҷобирзода Тоҳир Гул дода мешавад.

ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он ба рушди иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, тибқи шартномаи ҳамкорӣ байни Ширкати «Пойри Енерҷи ЛТД Швейтсария» ва Неругоҳи барқи обии «Роғун» 5 июли соли 2018 ба имзо расида, барои вусъат бахшидан ба раванди корҳои лоиҳакашии сатҳи 1 ва сатҳи 2-юми сохтмони иншооти соҳили рост (Лоти 3) ва соҳили чап (Лоти 4)-и Неругоҳи барқи обии «Роғун» мусоидат менамояд.

Инчунин, лоиҳаи қонун барои амалӣ гардидани яке аз ҳадафҳои миллӣ — расидан ба истиқлолияти энергетикӣ равона мегардад. Дар ин замина, имтиёзҳои пешбинишуда барои рушди соҳаи энергетика дар назар дошта шудааст.

Дар лоиҳаи қонун пешниҳод мегардад, ки ба моддаи 15 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» яъне, «Имтиёзҳои андозӣ барои корхонаю ташкилотҳои алоҳида барои соли 2019» илова ворид мегардад, аз ҷумла, қисми 13 бо мазмуни зерин илова карда мешавад:

13. Дар соли 2019 арзиши умумии кор ва хизматрасониҳои аз ҷониби ширкати «Пойри Энерҷи ЛТД Швейтсария» («Poyry Energy LTD Switzerland») оид ба сохтмони иншооти Неругоҳи барқи обии «Роғун» дар асоси шартномаи тарафайн амалишаванда, воридоти муваққатии молу таҷҳизот бо мақсади амалисозии лоиҳа, инчунин воридоти муваққатии молу мулки ширкат ё ҳайати кории он аз пардохти ҳама намуди андозу боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хароҷоти вобаста ба ҷалби зерпуд­ратчиён ва филиали ширкат, ки ба арзиши қарордод дохил карда шудааст, озод карда мешаванд.

Барои амалишавии корҳои сохт­монӣ аз ҷониби пудратчии асосӣ ҳангоми иҷрои арзиши умумии кор ва хизматрасониҳо аз пардохти ҳама намуди андозу боҷҳои гумрукӣ, ба истиснои андоз аз даромад ва андози иҷтимоии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, озод карда мешавад.

Воридоти муваққатии молу таҷҳизот бо мақсади амалисозии лоиҳа, инчунин воридоти муваққатии молу мулки ширкат ё ҳайати кории он аз ҷониби ширкати «Пойри Энерҷи ЛТД Швейтсария» барои сохтмони иншооти мазкур аз пардохти ҳама намуди андозу боҷҳои гумрукӣ озод карда мешаванд.

Дар хулосаҳои пешниҳодгардидаи кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонуни зикргардида ҷонибдорӣ карда шуд. Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Ба ҷаласа директори генералии Ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии «Роғун», узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Сафарзода Хайрулло Амиралӣ даъват шудаанд. Ҳоло суханро ба муҳтарам Хайрулло Сафарзода медиҳем ва хоҳиш менамоем дар хусуси ҷараёни бунёди иншооти муҳими аср маълумот пешниҳод намоянд.

САФАРЗОДА Хайрулло Амиралӣ:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!

Бунёди НБО-и «Роғун» дар асос ва тибқи нақшаи тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Сарфи назар аз он ки масъалаҳои молиявӣ ва як қатор масъалаҳои муҳими дигари вобаста ба сохтмон ҳалли таъхирнопазирро тақозо менамояд, бунёди неругоҳ, тибқи нақша, ҷараён дошта, ақибмонии зиёд дар анҷоми корҳо ба мушоҳида намерасад.

Дар ҳоли ҳозир аз як қатор ширкатҳои ватанӣ ва хориҷӣ барои анҷоми як қатор корҳо, аз ҷумла корҳои анҷомдодаи тошартномавӣ ва ҳамчунин, барои анҷом додани як силсила корҳои дигар қарздории ҶСК НБО-и «Роғун» андаке зиёдтар аз як миллиард сомониро ташкил намояд ҳам, корҳо дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудаанд. Қарзҳо низ дар муҳлати наздик пардохт гардида, ба нақшаи тасдиқшудаи сохтмон халали ҷиддӣ ворид нахоҳанд кард.

Шумо воқиф ҳастед, ки агрегати якуми неругоҳ дар муҳлати муқарраргардида ба истифода супорида шуд ва ҳоло омодагӣ барои ба истифода супоридани агрегати дуюм ҷараён дорад. Мавриди истифода қарор ёфтани он моҳи сентябр ба вуқӯъ хоҳад пайваст. Агрегати дуюм омодаи кор буда, мушкилии фаннӣ ё молиявӣ дар ин самт мавҷуд нест. Андаке қафомонӣ дар масъалаи бардоштани сарбанди неругоҳ ба мушоҳида расида, ҳоло масъалаҳои вобаста ба он ҳал шуда истодаанд. Бовар дорам, ки супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати муайяншуда ба иҷро мерасад.

Чанде пеш ҷаласаи солонаи саҳмдорон баргузор гардида, натиҷаи ҷараёни бунёди неругоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифта, натиҷаҳои санҷиши комиссияи дохилӣ ва аудити байналмилалӣ ба маълумот гирифта шуд. Кор бе камбудӣ намешавад, вале он дар самтҳои муайяншуда қаноатбахш ҷараён дорад.

РАИС: — Ман пешниҳод менамоям, ки моҳҳои октябр – ноябри соли ҷорӣ масъалаи ҷараёни бунёди НБО-и «Роғун» бо даъвати шумо, муҳтарам Сафарзода, дар Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор дода шавад. Ба шумо ва кормандони НБО-и «Роғун» барор мехоҳем.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2019» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» шурӯъ менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Машрабзода Ҳамидулло Маҳмадулло дода мешавад.

МАШРАБЗОДА Ҳамидулло Маҳмадулло:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» дар робита ба тавсияҳои Дастгоҳи ­иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо мақсади такмили низоми идоракунӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон, таҳия гардидааст.

Ворид намудани тағйири дахлдор ба моддаи 76 қонун пешбинӣ шудааст, ки тибқи он, минбаъд уҳдадориҳои мансабӣ дар байни раиси Бонки миллии Тоҷикистон, муовини якум ва муовинон, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқ карда мешаванд. Қабули қонун низоми идоракунии Бонки миллии Тоҷикистонро тақвият дода, боз ҳам пурзӯр менамояд.

Хоҳишмандам, лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: — Сухан аз рӯи ин масъала ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Азимзода Толибхон Ситамурод дода мешавад.

АЗИМЗОДА Толибхон Ситамурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.

Он бо мақсади баланд бардош­тани самаранокии фаъолияти Бонки миллии Тоҷикистон, масъулияти роҳбарияти он ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва дақиқ намудани уҳдадориҳои мансабии раиси Бонки миллии Тоҷикистон ва муовинони ӯ, таъмини назорати фаъолияти роҳбарияти бонк таҳия шудааст.

Мувофиқи талаботи сархати ҳафтуми қисми 1 моддаи 76 қонуни амалкунанда, раиси Бонки миллии Тоҷикистон дар доираи ваколат вазифаҳоро дар байни муовинон барои фаъолият тақсим мекард. Дар доираи тағйири пешниҳодгардида, минбаъд раиси Бонки миллии Тоҷикистон барои таъмини фаъолият ва ба амал баровардани иҷрои вазифаҳои хизматӣ уҳдадориҳои мансабиро дар байни муовини якум ва муовинон, дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тақсим менамояд.

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ намуданд ва он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқ мебошад. Аз шумо — вакилони муҳтарам, хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Сухан аз рӯи ин масъала ба муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулмуродзода Карим Гулмурод дода мешавад.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои банди 3 Протоколи ҷаласаи 19 Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз 20 феврали соли 2019 таҳия гардидааст.

Ҳадаф аз ворид намудани тағйир ба Кодекси андоз таҳким бахшидани иқтидори илмии кишвар, устувор намудани заминаи моддиву техникии муассисаҳои таълимӣ ва баланд бардоштани сифати таълим дар ҳама зинаи таҳсилот бо роҳи тамдид намудани меъёри 5 — фоизаи андоз аз арзиши иловашуда барои муассисаҳои таълимӣ, маҳсуб меёбад. Инчунин, бо мақсади аз байн бурдани пинҳонкунии манбаъҳои андозбандӣ ва саҳеҳ ба роҳ мондани ҳисобу пардохти маблағҳои буҷетӣ, дар лоиҳа нисбат ба иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии соҳаи хӯроки умумӣ меъёри 7- фоизаи андоз аз арзиши иловашуда пешбинӣ шудааст. Онҳо ба соҳибкорон ҳамчун имтиёз пешбинӣ шуда, ба пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби андозсупорандагон ғайриқонунӣ ба расмият даровардани амалиётҳои моҳияти иқтисодинадошта, ки пешпардохти беасоси андоз аз арзиши иловашударо ба вуҷуд меорад, нигаронида шудааст.

Тибқи маълумоти мавҷуда, айни ҳол 4 640 субъекти соҳибкорӣ ҳамчун супорандаи андоз аз арзиши иловашуда фаъолият менамоянд, ки аз ин шумора 420 субъект ё 9,0 фоизи онҳо қаблан супорандагони меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб мерафтанд.

Андозбандии фаъолияти субъектҳои соҳибкории самти сохтмон ва хӯроки умумӣ (5 фоизаи ААИ) нишон дод, ки даромад ва манбаи андоз аз арзиши иловашудаи онҳо сол аз сол тамоюли зиёдшавиро касб намудааст. Агар даромади умумии корхонаҳои мазкур соли 2017-ум 4,2 млрд. сомонӣ ва маблағи андоз аз арзиши иловашудаи он 192,8 млн. сомониро ташкил дода бошад, пас соли 2018 даромади умумии онҳо ба 5,0 млрд.сомонӣ ва маблағи андоз аз арзиши иловашуда ба 225,0 млн. сомонӣ баробар гардид, ки фарқияти он мутаносибан 716,3 млн.сомонӣ ва 32,2 млн. сомониро ташкил медиҳад. Аммо пас аз бекор гардидани меъёри пасткардашудаи андоз аз арзиши иловашуда (аз 1 январи соли 2019), андозбандии фаъолияти субъектҳои соҳибкории болозикр нишон дод, ки онҳо дар давоми 5 моҳи соли 2019 маблағи умумии хариди молҳоро нисбат ба ҳамин давраи соли 2018 330 млн.сомонӣ зиёд нишон дода, бо ҳамин роҳ маблағи андоз аз арзиши иловашударо 16,0 млн.сомонӣ ҳисоб намудаанд, ки нисбат ба панҷ моҳи соли 2018-ум 36,8 млн.сомонӣ кам мебошад.

Қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои аз байн бурдани барасмиятдарории ҳуҷҷатҳои қалбакӣ, таъмини баҳисобгирии шаффофи даромад ва хароҷот, инчунин ба афзоиши ҳаҷми воридоти андоз аз арзиши иловашуда мусоидат менамояд. Аз ин лиҳоз, аз шумо вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро ҷонибдорӣ намоед.

РАИС: - Барои ширкат дар баррасии масъала муовини раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Маликзода Нарзулло Саймидин даъват шудаанд.

Муҳтарам Маликзода, кам кардани меъёри андозро дар соҳаҳои зикршуда чӣ гуна шарҳ медиҳед?

 МАЛИКЗОДА Нарзулло Саймидин:

- Муҳтарам Раис, вакилони гиромӣ! Ҳамон тавре муовини вазири молия иброз доштанд, қаблан меъёри андози зикргардида дар соҳаи сохтмон 18 фоиз муқаррар шуда буд ва ҳоло он ба 7 фоиз кам карда мешавад. Ин иқдом аз як тараф манфиат низ дорад, зеро корхонаҳое, ки масъулияти баланд доранд, онҳо эъломияи андозиашонро пинҳон надошта, маблағҳои андозҳояшонро пурра пардохт мекунанд ва ин тағйири ҷоришаванда барои онҳо имтиёзнок хоҳад буд. Мутаассифона, корҳонаҳое ҳастанд, ки ҳисобнома – фактураҳои қалбакӣ тартиб дода, ҳисоботҳояшонро нодуруст пешниҳод мекунанд. Аз ин ҷо, тағйироти ба Кодекс воридшаванда садди роҳи чунин амалҳо хоҳад шуд.

РАИС: — Муовини вазири молия чизе илова кардан мехоҳад?

Гулмуродзода Карим Гулмурод:

- Дар мавриди қимат шудани арзиши хизматрасонӣ дар соҳаҳои хӯроки умумӣ ва сохтмон ҳаминро низ бояд гуфт, ки аксарияти масолеҳи ин соҳаҳо аз бозор харидорӣ мешавад. аз ҷумла гӯшт, картошка, пиёз ва монанди ин. Дар бозор ҳама соҳибкорон бо низоми патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд. Онҳо ҳисобнома – фактура надоранд ва ба ошхона ё дигар марказҳои хизматрасонӣ чунин ҳуҷҷатро дода наметавонанд. Дар ин маврид муассисаи хӯроки умумӣ маҷбур мешавад, ки ҳангоми омода намудани хӯрок ба он 18 фоиз андози арзиши иловашударо ҳамроҳ намояд. Дар натиҷа, нархи хӯрок гарон мешавад. Агар роҳбари ошхона хоҳад, ки он қимат нашавад, маҷбур мешавад барои сохтакорӣ ҳуҷҷат тартиб диҳад. Ин муассисаҳо  аз бозор, ширкатҳои ба ном якрӯза маҳсулот мехаранд, ки дар натиҷа, ҳуҷҷатгузорӣ қалбакӣ мешавад.

Дар мавриди ширкатҳои сохтмонӣ, ки масолеҳи сохтмонӣ, аз қабили арматура, тахта харидорӣ мекунанд ё ширкатҳое, ки дар дохили ҷумҳурӣ ба фурӯши сангу шағал машғуланд, бояд гуфт онҳо низ дар асоси патент ё шаҳодатнома фаъолият менамоянд ва ҳисобнома –фактура пешниҳод карда наметавонанд. Онҳо низ маҷбуранд дар ин маврид нархи маҳсулоташонро баланд бардоранд, вале барои ҳисоботи пардохти андозҳо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ тартиб дода, ба буҷет зиён меоранд.

Оид ба ин масъала бо Кумитаи андоз омӯзишу ҷаласаҳо гузаронидем. Аён шуд, ки қисмати бештари андозсупорандагоне, ки шаффоф фаъолият менамоянд, зидди ҳамин меъёр мебошанд.

Дар сурати қабул шудани тағйир ба Кодекси андоз, ҳаҷми воридоти маблағи андози зикргардида зиёд хоҳад шуд.

РАИС: — Яъне, ин ҷо сухан дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва муассисаҳои хӯроки умумӣ меравад.

Оид ба ин масъала касе савол дорад? Сухан ба вакил Оқилзода Нурулло дода мешавад.

Нурулло ОҚИЛЗОДА: — Иқдоми навбатӣ боиси дастгирист. Танҳо мехоҳам ба як масъала равшанӣ андозем. Ин ҷо зикр шуд, ки то 1 январи соли 2019 меъёри панҷфоиза мавҷуд буд ва ҳоло ин муҳлат ба санаи дигар муқаррар гардид. Ин ҷо муқаррар кардани муҳлат магар зарурат дорад? Дар ин ҳолат муассисаҳои таълимӣ маҷбуранд аз нав бозҳисобӣ намоянд. Мутаассифона, аз 1 январ ҳаққи хизматрасонии таълимӣ дар муассисаҳои ғайридавлатӣ боло бардошта шуд ва норозигии падару модарони хонандагонро ба миён овард.

ГУЛМУРОДЗОДА Карим Гулмурод:

- Вақте ки аз аввал муҳлат муқаррар шуда буд, бо ворид кардани тағйир низ он нигоҳ дошта шуд.

Дар мавриди муассисаҳои таълимӣ, ки бо ин меъёри андозсупорӣ фаъолият менамоянд, бояд гуфт, ки онҳо ангуштшуморанд. Он муассисаҳои таълимие, ки меъёри андози панҷфоизаро тағйир додаанд, бояд бо мизоҷонашон амали ҳисоббаробаркуниро анҷом диҳанд.

РАИС: - Муҳтарам Маликзода, шумо илова кардан мехоҳед?

МАЛИКЗОДА Нарзулло Саймидин:

- Ман шарҳ доданиям, ки чаро муҳлат муқаррар шудааст?

Муқарраран, вақте имтиёзи андозӣ ҷорӣ ва пешбинӣ мешавад, муайян карда мешавад, ки он барои кадом муҳлат пешниҳод мегардад. Биноан, муқаррар кардани муҳлат зарур аст. Баъди анҷом ёфтани муҳлат масъалаи давом додани он ё барҳам доданаш дигарбора баррасӣ ва дар ин хусус қарор қабул карда мешавад.

Андози ҳисобшуда андози ғайримустақим буда, дар ҳолати зиёд ё кам пардохт шудан он ба соли оянда ё фарқияти он ба муштарӣ баргардонида мешавад.

РАИС: - Сухан аз рӯи ин масъа­ла ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Акрамзода Баҳодур Исмоил дода мешавад.

АКРАМЗОДА Баҳодур Исмоил:

- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шуда, ба рушди соҳаи маориф, аз ҷумла самти таълиму тарбияи насли нав­рас ва дастгирии аҳолии кишвар вобаста ба пардохтпазирии ҳаққи хизматрасонӣ дар ташкилоту муассисаҳои таълимӣ, инчунин бо мақсади рушд ёфтани соҳаҳои сохтмон ва хизматрасонии хӯроки умумӣ, нигаронида шудааст. Бо дарназардошти ин, қисми 2 моддаи 181 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он) дар таҳрири зерин ифода карда мешавад:

«2. То 31 декабри соли 2023 амалиёти андозбандишавандаи андоз аз арзиши иловашуда барои иҷрои корҳои сохтмонӣ ва хизматрасонии хӯроки умумӣ бо меъёри 7 фоиз ва барои хизматрасонии таълимӣ бо меъёри 5 фоиз (минбаъд — меъёри пасткардашуда), ба истиснои воридоти андозбандишаванда ва таҳвили минбаъдаи моли воридшуда, инчунин содироти андозбандишаванда, бе баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи пардохтшуда, андозбандӣ карда мешаванд».

Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳои пешниҳоднамуда ҷонибдорӣ намуданд.

Аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.

Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шуд.

Ҷаласаро муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор идома медиҳад.

Азизӣ Абдуҷаббор Абдуқаҳҳор:

- Вакилони муҳтарам! Ба таваҷҷуҳи шумо гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» пешниҳод карда мешавад. Сухан оид ба ин масъала бо камоли эҳтиром ба Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дода мешавад. Марҳамат.

(Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» дар ҳамин шумораи рӯзнома нашр шуд.)

Абдуҷаббор Азизӣ:

- Вакилони гиромӣ, гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ба охир расид. Ба мо лозим аст, ки оид ба ин масъала Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул намоем.

 ЛОИҲАИ ҚАРОРИ

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ

МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Оид ба гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон даъвати панҷум»

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷамъбасти фаъолияти Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум» ба маълумот гирифта шавад.

Вакилони муҳтарам, хоҳиш мекунам нисбати лоиҳаи қарори мазкур мавқеи худро муайян намоед.

Қарор қабул шуд.

РАИС: — Вакилони муҳтарам, масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид шуда буданд, баррасӣ гардиданд.

Доир ба рафти ҷаласа ягон эроду пешниҳод ҳаст? Нест?

Ҷаласаи хотимавӣ ва Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷумро пӯшида эълон менамоям.

(Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо медиҳад).

 Самариддин АСОЕВ, Абдумаҷид МУРОДОВ, «Садои мардум».

Суратгир Неъматулло Алиев