Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баррасии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тайёр намудани мутахассисон бо назардошти талаботи бозори меҳнат», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру илова ба Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маводи доруворӣ ва фаъолияти фармасевтӣ», инчунин ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» ва як қатор қонунҳои дигар дар назар дошта шудааст.
Воситаҳои ахбори оммаи имрӯза ба минбари таҳлилу баррасии фарогири мушкилоти рӯз табдил ёфтаанд. Онҳо ба масъалаву мавзӯъҳое даст мезананд, ки бояд аз ҷониби сохтору мақомоти гуногуни давлатӣ дар доираи ваколатҳояшон ҳал карда шаванд.
Эмомалӣ Раҳмон