26 январи соли ҷорӣ раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олимҷон Салимзода кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Ковертро ба ҳузур пазируфт.
Олимҷон Салимзода зимни суҳбат зикр кард, ки дар муносибатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ИМА ҷойи хосаро ишғол мекунад, Амрико яке аз аввалин кишварҳоест, ки Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр ва мустақил эътироф намудааст. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ муносибатҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ИМА хеле рушд намуданд. Имрӯз беш аз 30 санади байниҳукуматӣ ва байнисоҳавӣ, аз ҷумла дар самти иқтисодию тиҷоратӣ, ҳарбӣ — техникӣ, маориф , мубориза бо терроризму қочоқи маводи мухаддир ҳамкориҳои ду кишварро ба танзим медароранд. Қисми зиёди кумакҳои Амрико ба Тоҷикистон ба воситаи Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) пешниҳод мешавад. Агентии мазкур аз соли 1993 дар Тоҷикистон фаъолият менамояд ва дар рушди соҳаи иқтисодиёт, воситаҳои ахбори омма, ислоҳоти соҳаҳои тандурустӣ, маориф ва ғайра саҳми калон мегузорад.
Кордори муваққатии Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кевин Коверт иброз дошт, ки ИМА дар оянда низ баҳри рушди ҳамкориҳои дуҷониба кӯшиш менамояд.
Б.КАРИМЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев